Қотилони духтари 18-сола боздошт шуданд
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти афроди муттаҳам дар қатли як духтари 18-сола дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ин ҷурм, ки дар Рӯзи модарон, яъне 8-марти соли ҷорӣ рух дода буд ва дар миёни сокинони пойтахти Тоҷикистон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.
Тибқи хабаре, ки дар сойти расмии ин ниҳод, рӯзи панҷшанбеи 13 пахш шудааст, кормандони пулис барои боздошти афроди муттаҳам дар ин ҷурм амалиёти вижаеро анҷом дода ва ахиран ду ҷавон, аз ҷумлаи сокинони ноҳияи Рӯдакиро дар даст доштан дар ин қатл боздошт кардаанд.
Кормандони пулис ҳуввияти ин афродро низ мушаххас карда ва навиштаанд, ки ҳамакнун алайҳи Самандар Амиршоеви 25-сола ва Саъдӣ Абдуғаффорови 24-сола тибқи моддаи 104 қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне қатл парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Пулис мегӯяд, ки таҳқиқоти муҳаддамотӣ муъайян кардааст, ки ин ду фарди муттаҳам, Умеда Раҳимова, шогирди клоси 11-умро бо 17 зарби корд ва бераҳмии хос ба қатл расонидаанд.
Аммо кормандони пулис дар мавриди ангезаҳои ин ҷурм иттилоъ пахш накардаанд, ҳарчанд ба гуфтаи иддае аз афроди огоҳ аз ин воқеъ, ин ду фарди муттаҳам қасди ғорати манзили маскунии волидони ин духтарро доштаанд.
