Як муҳоҷири тоҷик ба занни қатл дар Русия боздошт шудааст
Идораи бозҷӯии Русия аз боздошти як табаъаи Тоҷикистон ба занни қатл дар он кишвар хабар додааст.
Дар сойти расмии ин ниҳод омадааст, ки ин сокини 27-солаи Тоҷикистон як фарди 47-соларо, ки бо ӯ ошно будааст, бо истифода аз чӯб ба қатл расонидаст.
Пулиси рус гуфтааст, ки дар робита ба ин воқеъа парвандаи ҷиноиро табқи моддаи 111 қонуни ҷазои Русия, яъне расонидани осебӣ ҷиддӣ ба саломат, ки мунҷар ба марг шудааст, боз кардааст.
Ҳамчунин дар хабари дигаре, масъулони Идораи бозҷӯии Русия мегӯянд, ки таҳқиқоти парвандаи ҷиноии як шаҳрвандаи Тоҷикистонро, ки муттаҳам ба сӯйиқасд ба қатл шудааст, анҷом доданд ва онро барои баррасӣ ба додгоҳ ироа кардаанд.
Бар асоси ин хабар ин муҳоҷири тоҷик дар ҳолати мастӣ қарор дошта ва ба фарзанди ноболиғи як сокини шаҳри Сургути вилояти Ханти-Мансийскии Русия ҳамла карда ва ӯро бо зарби чоқу захмӣ кардааст.
Таҳқиқот мушаххас кардааст, ки муҳоҷири тоҷик дар манзили волидони ин писари 17-солаи захмишуда ба сар мебурдааст.
