Захмӣ шудани як ҷавон ба зарби корд
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки як сокини 22- сола дар воқеъаи кордзанӣ ё чоқукашӣ миёни ҷавонон шадидан ҷароҳат бардоштааст.
Тибқи хабари сойти расмии ин вазорат, ки рӯзи душанбеи 10 март пахш шудааст, воқеъаи чоқукашӣ миёни ин ҷавонон дар ноҳияи Шаҳринав, рӯзи 9 март рух додааст.
Бар асоси ин хабар, Некрӯз Каримов, сокини 15 солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо Ҳасан Обидов задухӯрд карда ва бо чоқу ба бадани Обидов зарба зада ва ӯро шадидан захмӣ кардааст.
Пулиси тоҷик дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқоти онро анҷом медиҳад. Дар ҳамин ҳол кормандони пулис ҳамчунин аз боздошти ду ноболиғ дар водии Рашт ба занни дуздӣ иттилоъ додаанд.
Тибқи ин хабар ин ду сокини ноболиғ барои дуздии беш аз 10 телефуни ҳамроҳ аз мағозае дар ин ноҳия муттаҳам шудаанд.
Коршиносони умури иҷтимоъӣ мегӯянд, ки ахиран сатҳи ҷароим дар миёни кӯдакон ва ҷавонон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш будааст.
