Кунферонси ҳимоят аз ҳуқуқи ширкаткунандагони парвандаҳои кайфарӣ

  • 14 Март, 2014
кунфаронсImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар ин ҳамоиш масъулони ниҳодҳои интизомӣ ширкат карданд (акс аз сойти вазорат)

Дар Тоҷикистон як кунферонси илмӣ зери унвони “Ҳимояти давлат аз ҳуқуқи ширкаткунандагони мурофеъаҳои додгоҳӣ" оғоз ба кор кард.

Ин ҳамоиш рӯзи ҷумаъи 14 март дар Китобхонаи миллиии Тоҷикистон бо суханронии ифтитоҳии Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи ин кишвар, шурӯъ шуд.

Дар ин нишаст масъулони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, намояндагони порлумон ва созмонҳои байналмилалии мутсақар дар ин кишвар ширкат доранд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш муъайян кардани истротежии давлат дар заминаи ҳимоят аз афроде аст, ки дар ҷараёни мурофеъаҳои додгоҳӣ ба унвони шоҳид, муттаҳам ва маҳкум ширкат мекунанд.

Қонун дар мавриди ҳимояти давлат аз ширкаткунандагон дар парвандаҳои кайфарӣ дар Тоҷикистон дар соли 2012 ба тасвиб расида буд.

Суханронон дар ин ҳамоиш дар мавриди иҷрои мунсифонаи ин қонун ва таҷрубаи бархе аз кишварҳои хориҷӣ дар ин заминаро матраҳ карданд. Ин нишаст то охири имрӯз дар шаҳри Душанбе идома дошт.

Кунферонси илмии ҳимоят аз ширкаткунундагони парвандаҳои кайфарӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле доир мешавад, ки намояндагони бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора аз мавориди зиёди нақзи ҳуқуқи шоҳидони парвандаҳои ҷиноӣ ва дигар ширкаткунандагони парвандаҳои ҷиноӣ ва мурофеъаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ба гуфтаи иддае аз ҳуқуқдонҳо, давлати Тоҷикистон бештар аз манофеъи кормандони ниҳодҳои интизомии дахил дар парвандаҳои ҷиноӣ ва мурофеъаҳои додгоҳӣ ҳимоят мекунад, вале ширкаткунандагони дигар, аз ҷумла муттаҳамон ва шоҳидон ва ҳатто вукалои мудофеъи онҳо, дар бисёрое авқот дар баробари хатароти ношӣ аз таҳдид ва таъқиб шудан осебпазиранд.

Иддае аз ҳуқуқдонҳо баъид медонанд, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон замина барои ҳимоят аз афроди муттаҳам ва ширкаткунандагони дигари парвандаҳои кайфарӣ фароҳам шавад.

Бархе аз онҳо номукаммал будани бархе аз қонунҳо, мавҷудияти фасоди молӣ ва ришваситонӣ, қавмпарастӣ ва озод набудани қозиҳо ба ҳангоми эъломи ҳукмҳо дар муҳокимаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистонро аз авомиле медонанд, ки аз иҷрои қонуни ҳимояти давлат аз манофеъи ширкаткунандагони парвандаҳои кайфарӣ дар инк ишвар монеъ мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони саршинос, низ аз чанд омил ёдовар шуд, ки ҳимояти ширкаткунандагони мурофеъаҳои додгоҳиро халалдор месозанд.

Оқои Ҳакимов гуфт, ки нахуст ширкаткунандагони парвандаҳои ҷиноӣ дар мурофеъаҳо озод ва баробар набуда ва авлавият дар муроҷеъаҳо ба додситон ироа шуда ва қозӣ низ зимни эъломи ҳукм бештар натиҷагирии додситонро ба назар мегирад.

Ҳамчунин, ба ақидаи ӯ, паст будани сатҳи таълим дар донишгоҳҳо ва паст будани сатҳи баррасии парвандаҳо аз авомили дигарест, ки ҳимояти ҳуқуқи ширкаткунандагони парвандаҳои кайфарӣ дар ин кишварро мухтал месозад.

Вай афзуд: “Тазмини амнияти шоҳидон низ дар Тоҷикистон камтар ба назар мерасад. Аз сӯйи дигар, чун аксари мардум эътиқод ва эҳтиром ба мақомоти ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ надоранд, гумон мекунанд, ки бешар ҷиноятро мардуми наздик ба кормандони мухталифи ҳокимияти давлатӣ ё вакилон ва ё ҷинояткорони аршаде, ки таҳти назорати давлат нестанд, муртакиб мешаванд, ки эҳтимоли иҷрои қонун нисбат ба онҳо камтар аст. Ва аз ин хотир шоҳидон аз амнияти шахсӣ нигарон буда ва аз додани шавоҳид худдорӣ мекунанд.”

Аммо оқои Ҳакимов мегӯяд, ки амнияти кормандони додситонӣ ва ниҳодҳои дигари интизомӣ дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ таъмин аст.

Аз сӯйи дигар, мавҷудияти мавориди истифода аз шиканҷа алайҳи боздоштшудагон ва зиндониён аз сӯйи иддае аз кормандони интизомӣ мунҷар ба он шудааст, ки шоҳидон аз додани шавоҳиди ҳақиқӣ даст мекашанд.

Матолиби муртабит