Додгоҳ нашрияи 'AsiaPlus' ва сардабири онро ҷарима кард
Image copyrightBBC World ServiceДодгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душане нашрияи русизабони “AsiaPlus” ва сардабири он Олга Тутубалинаро, ба иттиҳоми тавҳин ба зиёиён 30 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.
Қозии додгоҳ ҳамчунин нашрияи "AsiaPlus"-ро муваззаф карда, ки дар зарфи ду ҳафта дар мавриди мақолаи хонум Тутубалина, ки "шаъни зиёиёнро паст зада буд", раддияе мунташир кунад.
Тибқи ҳукми додгоҳ, нашрияи "AsiaPlus" бояд ба ҳар кадоме аз муддаъиёни қазия, Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева, даҳ ҳазор сомонӣ пардохт кунанд.
Аммо Иноят Иноятов, вакили мудофеъи хонум Тутубалина, дар мавриди ҳукми додгоҳ ибрози норизоятӣ карда ва гуфтааст, ки аз мароҷеъи болоӣ дархости истиноф ё таҷдиди назар дар ин ҳукмро хоҳад кард.
Дар тобистони соли гузашта хонум Тутубалина дар нашрияи “AsiaPlus” зери унвони "Тасвире бефарҳангона аз фарҳангиён" (Неинтеллигентно об интеллигенции) матлаберо чоп кард, ки иддае аз рӯшанфикрони тоҷик онро тавҳиномез арзёбӣ карданд.
Дар ин матлаб хонум Тутубалина ақоиди худро дар бораи бозгашти Бозор Собир, шоъири саршиносон, ба ватан иброз дошта ва ҳамзамон назари худро дар бораи сиёсатҳои феълии давлат ва мавзеъгирии фарҳангиён мунташир карда буд.
Ӯ дар навиштаҳои худ нақли қавлеро аз Влодимир Ленин, пешвои инқилоби булшевикӣ, оварда ва гуфта буд: "Равшанфикрон мағзи миллат нестанд, онҳо наҷис ҳастанд.”
Ӯ менависад: "Замоне пешвои инқилоби октябр чунин гуфта буд ва ман низ замоне ки дар мавриди бозгашти шоъир Бозор Собир ба ватан (ахбореро) мехонам, мехоҳам ҳамин ҳарфро бигӯям......"
Ин навиштаҳо боъиси ранҷиш ва хашми бархе аз намояндагони ҷомеъаи равшанфикри кишвар шуд ва онҳо вокунишҳои шадидуллаҳне ба ин матлаби хонум Тутубалина дар расонаҳо мунташир карданд.
Панҷ муассиса ва иттиҳодияи ҳунарӣ - Фарҳангистони улум, Иттиҳодияи нависандагон, Иттиҳодияи наққошон, Иттиҳодияи оҳангсозон ва Иттиҳодияи меъморон - ва се нафари дигар, оқоён Раҷабов ва Раҳматов ва хонум Абдиева аз ин нашрия ба додгоҳ шикоят бурда буданд.
Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, ин матлабро тавҳин ба Бозор Собир ва ҳазорон зиёии дигари тоҷик хонда буд.
Масъулони Шӯрои матбӯъот ва расонаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки баъд аз таҳлили ин матлаб ба ин натиҷа расидаанд, ки Олга Тутубалина дар навиштани ин матлаб ахлоқи рӯзноманигориро нақз накардааст.
Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои матбӯъот, гуфта буд, ки дар ин матлаб хонуми Тутубалина ба зиёиёни тоҷик таҳқир накардааст, балки муаллиф зимни ибрози назароти шахсӣ, аз номи нафаре дигар нақли қавл овардааст, ки бархеҳо онро таҳқири зиёиёни тоҷик пиндоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, Сафорати Омрико дар Тоҷикистон зимни як баёния гуфтааст, тасмими додгоҳ алайҳи нашрияи "AsiaPlus" ва Олга Тутубалина, сардабири он ба "озодии матбуъоти Тоҷикистон таъсири манфӣ" мерасонад.
Дар ин баёния омадааст: "Мо боварӣ дорем, ки рӯзноманигорон, ки вазифаи худро бо истифода аз озодии сухан ва баён иҷро мекунанд, шоистаи баландтарин дараҷаи ҳифз бошанд. Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро бо мақсади фаъолияти бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ, дастгирӣ менамоянд."
Зимнан, дар авоили соли гузашта додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе низ муҳокимаи шикояти Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукматулло, раиси пешини ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” алайҳи нашрияи "ИмрӯзNews"-ро ба суди шокӣ ҳал карда ва нашрияро муваззаф карда буд, ки ба оқои Ҳукумов барои “расондани зарари маънавӣ” 50 ҳазор сомонӣ ё муъодили 10 ҳазор дулори омрикоӣ ғаромат пардохт кунад.
Рустам Ҳукумов интишори мақолаи мавсум ба “Боқиев ва Ҳукумов - дарди сари падарҳо шудаанд”-и "ИмрӯзNews"-ро тавҳин ба шахси худ донист ва нашрияро ба додгоҳ кашид.
Бар мабнои гузоришҳо, Рустам Ҳукумов дар баҳори соли 2008 дар вилояти Маскави Русия, ҳамроҳ бо се сокини дигари Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир боздошт шуда ва додгоҳ ӯро дар соли 2010 барои 9,5 сол равонаи зиндоне дар Русия кард.
Аммо дар моҳи декабри соли 2011 додгоҳи истинофии вилояти Маскав ба ин натиҷа расид, ки Рустам Ҳукумов бидуни далоили ҷиддие ба зиндон маҳкум шуда ва ӯро аз зиндон озод кард.
Ин ҳодиса пас аз қазияи зиндонӣ шудани ду халабони русу эстуниёӣ дар Тоҷикистон дар авоили моҳи ноябри соли 2011 ба мавзӯъи доғе табдил шуд.
Он замон бархе аз нашрияҳои Русия навишта буданд, ки маҳкумияти халабонҳои русу эстуниёӣ як иқдоми талофиҷӯёнаи мақомоти тоҷик дар баробари маҳкумияти Рустам Ҳукумов дар Русия аст.
