Додгоҳи олии Тоҷикистон: "Ҳукмномаи Зайд Саидов махфӣ аст"

  • 21 Январ, 2014
Нусратулло АбдуллоевImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Абдуллоев гуфт ки вакилони мудофеъи оқои Саидов намехоҳанд, васиқаи махфӣ нигоҳ доштани муҳтавои онро имзо кунанд

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ки вукалои мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири саршиноси маҳкумшуда аз дарёфти ҳукмномаи додгоҳ дар мавриди муваккилашонро худдорӣ кардаанд.

Зеро Нусратулло Абдуллоев мегӯяд, ки вакилони мудофеъи оқои Саидов намехоҳанд, тасдиқномаи махфӣ нигоҳ доштани муҳтавои онро имзо кунанд.

“Сирри хона пинҳон”

Оқои Абдуллоев, рӯзи сешанбеи 21 январ дар нишасти матбӯъотии додгоҳи олӣ гуфт: “То ҷое, ки ман медонам, тибқи қонун дар рӯзи панҷуми баъд аз эъломи ҳукм, онҳо (вукалои мудофеъ) бояд нусхаи ин қатномаъро дарёфт мекарданд.”

Аммо вай афзуд, ки вукалои мудофеъ аз гирифтани нусхаи ҳукмнома даст кашиданд ва ӯ гуфт: “Бар асоси қонун, онҳо барои дарёфти ин ҳукмнома бояд онҳо тасдиқномаро барои ифшо накардани муҳтавои муҳоқимаи ин додгоҳиро имзо мекарданд. Зеро шумо медонед, ки ба ин парванда бо кадоме аз моддаҳои қонун расидагӣ шудааст. Ва мо фармудем, ки ин ҳукмномаро ба онҳо бо дарёфти тасдиқнома диҳанд.”

Ин дар ҳоле, ки вукалои мудофеъи Зайд Саидов мегӯянд, ки аз замони эълом шудани ҳукми муваккилашон муҳри махфӣ будани муҳокимаи додгоҳӣ худбахуд аз ин парванда, ба истиснои бархе аз маводди матраҳшуда дар он бардошта мешавад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Абдулхайров: "Суол дар мавриди иҷозаи ширкати хабарнигорон дар додгоҳ ба ман дахл надорад"

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов мегӯяд, ки аз ин амри додгоҳи олӣ ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз нақзи ҳуқуқи муваккилашон шикоят хоҳанд бурд.

Оқои Қудратов афзуд: “Мо ҳоло машғули омода кардани номаи шикоятӣ ба СММ ва созмонҳои дигари мудофеъи ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ дар мавирди он ҳастем, ки давлат, яъне Додгоҳии Олии Тоҷикистон барои барқарор шудани адолати додгоҳӣ мавонеъ эҷод мекунад. Аз ҷумла иҷозаи дастрасии мо вакилони мудофеъро ба нусхаи ҳукмномаро намедиҳанд, то мо тавонем аз ин ҳукми додгоҳи олӣ ба додгоҳи истинофӣ шикоят бибарем.”

Пой гузоштан ба Паймони байналмилалии ҳуқуқ

Оқои Қудратов таъйид кард, ки масъулони додгоҳи олӣ онҳоро ҳушдор додаанд, ки дар сурате, ки онҳо муҳтавои ҳукмномаро махфӣ нигаҳ доранд, онро дар ихтиёри вукалои мудофеъ хоҳанд гузошт.

Аммо вай афзуд: “Вале бо таваҷҷуҳ ба он ки тибқи қонун ҳукмномаҳо махфӣ нестанд, масъулони додгоҳ ҳаққи гирифтани тасидиқномаи сиррӣ нигаҳ доштани он аз моро надоранд.”

Оқои Қудратов мегӯяд, ки ин аъмоли масъулони Додгоҳи Олии Тоҷикистон муғойир ба моддаи 14 Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва шаҳрвандии Созмони Милалаи Муттаҳид будааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Нишасти матбӯъотии масъулони додгоҳ рӯзи сешанбеи 21 январ баргузор шуд

Ин моддаи Паймони байналмилалӣ, ки дар моҳи марти соли 1976 ба ҳукми иҷро даромад, баробарии ҳамагон дар додогоҳҳо ва ҳуқуқ барои бознигарӣ ба ҳукми додгоҳҳоро ба сокинони кишварҳое медиҳад, ки ин паймонро тасвиб кардаанд.

Тоҷикистон низ яке аз ҳудуди 180 кишвари ҷаҳон аст, ки бо имзои ин санад таъаҳҳудоти таъмини адолати додгоҳӣ ва риъояти ҳуқуқи башар дар ин кишварро бар уҳда гирифтааст.

Аммо вукалои мудофеъи Зайд Саидов мегӯянд, ки Шавкат Абдулхайров, қозии парвандаи муваккилашон бо худдорӣ аз додани нусхаи ҳукмнома ба онҳо “по ба ин моддаи Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва шаҳрвандии Созмони Милалаи Муттаҳид гузоштааст.”

"Махфӣ" на барои ҳама

Нусратулло Абдуллоев , раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон мукарраран ба махфӣ будани баррасии парвандаи ҷиноии Зайд Саидов ва ҳукмномаи он таъкид мекард ва мегуфт, ки ин амр бо дархости иддае аз шоҳидон анҷом гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди эҷоди мавонеъ барои ворид шудани хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ва мустақил ба макони муҳокима дар рӯзи эъломи ҳукм, хабарнигорони ширкатҳои телевизюнии давлатӣ шоми рӯзи 25 декабр, аз толори муҳокимаи додгоҳӣ барномаи муфассалеро пахш карданд.

Шавкат Абдулхайров, қозии парванда дар посух ба ин суол, ки чаро вай ба унвони қозӣ, ки иҷозаи ворид шудани хабарнигорони расонаҳоро надодааст, “муҳрӣ махфии додгоҳӣ барои расонаҳои давлатиро” шикастааст, гуфт, ки наметавонад ба ин суол посух диҳад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Қудратов мегӯяд, ки ин бархурди масъулони Додгоҳи Олии Тоҷикистон муғойир ба моддаи 14 Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва шаҳрвандии СММ аст

Абдулхайров гуфт: “Ин суол ба ман дахл надорад.Мутаассифона ин суолҳо ба ман дахл надорад.”

Аммо оқои Абдулхайров гуфт, ки баррасии парвандаи Зайд Саидов одилона анҷом гирифта ва вай бархе аз иттиҳомоти ворида алайҳи Зайд Саидовро, аз ҷумла дар мавриди таҷовузи ҷинсӣ ва падарии ӯ ба фарзанди занеро, ки ба гуфтаи бозрасҳо, “қурбонии таҷовуз” шудааст, барои баррасии дубора бозпас фиристодааст.

Шавкат Абдулайров, Зайд Саидов, тоҷири саршиноси тоҷик ва ва мубтакири таъсиси ҳизбе ба номи "Тоҷикистони нав"-ро рӯзи 25 декабри соли 2013 барои 26 сол бо мусодира амвол ба зиндон маҳкум кард.

Муҳокимаи додгоҳии оқои Саидов, ки дар моҳи майи соли гузашта дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд, дар моҳи сентябр оғоз шуд ва додгоҳ ӯро бар асоси чаҳор парванда дар таҷовузи ҷинсӣ, чандҳамсарӣ, кулоҳбардорӣ ё қаллобӣ, ришваситонӣ ва маҳрум кардани худсаронаи инсон аз озодӣ мурҷим шинохт.

Аммо вукалои мудофеъи ин тоҷир тамоми иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилашонро ҷаълӣ медонанд ва рӯзи 30 декабри соли гузашта аз ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикояти муққадамотӣ бурданд.

Бисёриҳо қзияи Зайд Саидов, вазири пешини саноеъи Тоҷикистонро қазия сиёсӣ медонанд.

Матолиби муртабит