Маҳкумияти Зайд Саидов, тоҷири саршинос, ба 26 сол зиндон

Додгоҳи олии Тоҷикистон Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва мубтакири таъсиси ҳизбе ба номи "Тоҷикистони нав"-ро барои 26 сол ба зиндон маҳкум кард.
Бар асоси мусаввабаи додгоҳ, ки баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 25 декабр содир шуд, ҳамчунин амвол ва дороиҳои оқои Саидов мусодира хоҳад шуд.
Додгоҳ ӯро бар асоси чаҳор парванда дар таҷовузи ҷинсӣ, чандҳамсарӣ, кулоҳбардорӣ ё қаллобӣ, ришваситонӣ ва маҳрум кардани худсаронаи инсон аз озодӣ мурҷим шинохт.
Вукалои мудофеъи оқои Саидов мегӯянд, ки бо ҳукми қозии парванда розӣ нестанд ва дар фурсати муносиб ба додгоҳи истинофӣ аз он шикоят хоҳанд бурд.
Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов, мегӯяд, ки имрӯз қозии парванда бо эъломи ин ҳукм системи қазоиеро, ки даҳ-понздаҳ соли ахир "мурда буд, гӯрондааст."
Вай афзуд: "Мо бо таваҷҷуҳ ба ин ҳукм гуфта наметавонем, ки системи қазоӣ дар Тоҷикистон имрӯз мустақил аст. Зеро Шавкат Абдулхайров, қозии парванда, аз тамоми дархостҳое, ки додситонӣ барои зиндонӣ кардани муваккили мо карда буд, ҷонибдорӣ кард. Шаш парвандаи дигари муваккили моро қозӣ барои баррасии дубора равон кард."
'Муҳокимаи пушти дарҳои баста'
Шавкат Абдулхайров оқои Саидовро тибқи иттиҳоми ворида, аз ҷумла бар асоси моддаҳои 138 (тавоҷузи ҷинсӣ) 131 (маҳрум кардани шахс аз озодӣ), 247 (тақаллуб) 219 (ришваситонӣ) ва 170 (чандҳамсарӣ) муҷрим шинохт ва ӯро барои 26 сол равонаи зиндон бо мусодира амвол кард.
Оқои Қудратов мегӯяд, ки онҳо комилан бо ин ҳукм розӣ нестанд: "Ҳеҷ як аз далелҳое, ки аз ҷониби вукалои мудофеъ дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ ба қозӣ пешниҳод шуда буданд, аз сӯйи вай пазируфта нашудаанд."
Ин дар ҳолест, ки қозии парванда иттиҳоми ворида алайҳи Зайд Саидов дар мавриди таҷовузи ҷинсӣ ва падарии ӯ ба фарзанди занеро, ки ба гуфтаи бозрасҳо, “қурбонии таҷовуз” шудааст, барои баррасии дубора бозпас фиристодааст.
Ҳамчунин, парвандаи ҷиноии дигаре, ки дар он қазияи хариду фурӯши корхонаи “Тоҷикатлас” матраҳ шудааст, низ аз сӯйи қозӣ барои таҳқиқи нокомил дар ин замина пазируфта нашудааст.
Эъломи ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар бинои боздоштгоҳи муваққатии вобаста ба Кумитаи амнияти миллии ин кишвар пушти дарҳои баста сурат гирифт. Дар ин бино дар гузашта Ёқуб Салимов, яке аз ҷонибдорони собиқи раисҷумҳур Раҳмон, низ муҳокима ва муҷозот шуда буд.
Ҳамакнун коршиносон мегӯянд, ки бо зиндонӣ шудани ин тоҷири саршинос, ки қазияи боздошти ӯ аз сӯйи бисёре аз созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он сиёсӣ унвон шуда буд, бар шумори зиндониёни сиёсӣ дар ин кишвар меафзояд.
Таҷаммуъи ҳомиёни Зайд Саидов
Ҳангоме, ки бародар ва як фарзанди Зайд Саидов, ки дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур доштанд, хабари эъломи ҳукми қозиро ба пайвандони дигараш расонданд, аксари онҳо гиря карданд ва ҳукми додгоҳро дар қиболи оқои Саидов ноъодилона хонданд.
Беш аз панҷоҳ нафар аз пайвандон ва тарафдорони Зайд Саидов, ки аз соли 1999 то 2006 вазири саноеъи Тоҷикистон буд, рӯзи чаҳоршанбе барои ҳимоят аз ӯ дар беруни боздоштгоҳи шумораи яки шаҳри Душанбе, дар наздикии хонаи раисҷумҳур, таҷаммуъ карданд.
Иддае аз ин афрод аз ноҳияи Навобод, макони таваллуди оқои Саидов, ба шаҳри Душанбе омада буданд. Ҳоҷи Идибек, аз ҳамдеҳони оқои Саидов, мегӯяд: "Иттиҳомоти ворида алайҳи ӯ маснӯъӣ буда ва инро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон низ хуб медонанд, ки ин қазия сохтагӣ аст."
Ҳоҷӣ Идибек мегӯяд, ки ҳамроҳ бо вай бисёре аз ҳамдеҳони ӯ аз рустои Шодмонӣ низ барои ҳимоят аз Зайд Саидов ба шаҳр омадаанд.
Ҳамчунин, хабарнигорони зиёде барои бозтоби ин рӯйдод дар наздикии боздоштгоҳи амниятӣ ҷамъ шуда буданд, аммо ба гуфтаи онҳо, маъмурон иҷозаи вуруд ба толори муҳокимаро надоданд. Ҷаласоти муҳокимаи оқои Саидов ҳамвора дар дохили боздоштгоҳ ва пушти дарҳои баста доир шудааст.
Шумори қобили мулоҳизае аз маъмурони амниятӣ ва пулис дар перомуни сохтмони боздоштгоҳи кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қарор доштанд ва афроди таҷаммуъкардаро аз наздикии сохтмон ронданд.
Бархе аз хабарнигорон мегӯянд, ки маъмурони пулис бо афроди таҷаммуъкарда рафтори хашин кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, маъмурони пулис аз ҷумла Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории "Озодагон"-ро ба иттиҳоми "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" боздошт карда ва бо худ бурдаанд.
'Такондиҳанда'
Дар миёни тарафдорони Зайд Саидов, ки дар наздикии боздоштгоҳ ҷамъ шудаанд, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва номзади мухолифон ба интихоботи риёсати ҷумҳурии 6 ноябр, Барзу Абдурраззоқов, коргардони маъруфи теотр, ва Ҳоҷимаҳмад Умаров, иқтисоддони маъруф, ҳам ҳузур доштанд.
Маҳмудҷон Қосимов, яке аз мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", пештар ба Би-би-сӣ гуфт, ки ӯ ба "ҳокимияти қонун" эътимод дорад ва умедвор аст, ки додгоҳ оқои Саидовро табраа кунад.
Аммо вай баъд аз эъломи ҳукми додгоҳ гуфт, ки барои ӯ ин хабар, "такондиҳанда" будааст.
Оқои Қосимов мегӯяд: "Аз чанд моҳ пеш ба ин сӯ таваҷҷуҳи аксари мардум дар Тоҷикистон ва берун аз он ба ин қазия буд. Ман фикр намекунам, ки ин таваҷҷуҳи мардум танҳо ба хотири ҳисси куҷковӣ буд. Бисёриҳо аз бегуноҳ будани оқои Саидов огоҳанд ва умед доштанд, ки қозии парванда низ бо таваҷҷуҳ ба ин нукта адолатро барқарор мекунад. Аммо мутаассифона ин тавр нашуд."
Оқои Қосимов ҳукми додгоҳро мӯҷиби "ноумедии бузурге" барои садҳо нафар хонд. Ӯ ба ин бовар аст, ки ин қазия ба тафаккури ҷомеъа дар Тоҷикистон оддӣ таъсири амиқе хоҳад гузошт ва ба эътибори Тоҷикистон ба увнони як кишвари демукротик латма хоҳад зад.
Боздошти Зайд Саидов тобистони гузашта ва дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, баъд аз эъломи тасмимаш ба таъсиси ҳизби сиёсии ҷадиде бо номи “Тоҷикистони нав” сурат гирифт. Мақомот ӯро ба иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла ришваситонӣ, таҷовуз ба номус ва чандзанӣ мутаҳҳам карда буданд.
Намояндаи додситонӣ дар яке аз ҷаласоти ахири додгоҳ аз қозии парвандаи оқои Саидов маҳкумият ба 28 сол зиндонро барои ӯ тақозо карда буд. Мунтақидон судури чунин ҳукмеро ғайримунсифона медонанд.
Аммо таҳлилгарон боздошти оқои Саидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва мегӯянд сабаби аслии боздошти вай ба эъломи тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" рабт доштааст.
