Зайд Саидов иттиҳомоти ворида алайҳи худро радд кардааст

Вакили мудофеъи Зайд Саидов вазири пешини саноеъ мегӯяд, ки муваккилаш дар нахустин ҷаласаи додгоҳӣ, иттиҳомоти ворида алайҳи худро радд кардааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 12 сентябр дар рӯзи аввали муҳокимаи Зайд Саидов, тоҷири муваффақ ва мусамам ба таъсиси ҳизби сиёсӣ, ӯро дар бинои боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ бо ҳашт иттиҳоме, ки алайҳаш ворид шуда, ошно сохтааст.
Тавре, ки Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов дар суҳбат ба Би-би-сӣ, баъд аз ба поён расидани ин ҷаласа гуфт, имрӯз ҳамчунин ду дархости вакилони мудофеъ дар робита ба гузаронидини муҳокимаи додгоҳӣ ба сурати кушод ва тағйири қозии парванда, аз сӯйи Шавкат Абдулхайров радд шудааст.
Аммо оқои Қудратов афзуд: "Вале яке аз дархостҳо мо барои ширкати ҳадди ақал ду нафар аз пайвандони оқои Саидов дар муҳокима ба эҳтимоли зиёд пазируфта хоҳад шуд ва дар инсурат бародару писари Зайд Саидов дар идомаи муҳокима ширкат хоҳанд кард."
Тадобири шадиди амниятӣ
Шавкат Абдулхайров, қозии ин парванда имрӯз зимни қироъати айбнома, оқои Саидовро бо ҳашт иттиҳоме, ки алайҳи ӯ ворид шудааст, аз ҷумла моддаҳои 319 ва 170-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне ришваситонӣ ва чандҳамсарӣ, ҳамчунин моддаҳои 314 (сӯиистифода аз мақом), 247 (тақаллуб), 138 (таҷовуз ба номус), 141 (алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ), 124 (водор кардан ба сиқти ҷанин) ва 250 (ахозӣ ё тамаъҷуӣ)-и ошно сохт.
Аммо ба гуфтаи вакили мудофеъ, оқои Саидов тамоми иттиҳомоти ворида алайҳи ӯро радд карда ва онҳоро тӯҳмат хонд.
Субҳи панҷшанбе кормандони пулис, маъмурони амниятӣ ва гурӯҳҳои вокуниши сареъи вазорати кишвар вурудии ин биноро таҳти муроқибати шадид қарор доданд.
Аз онҷо, ки вурудии боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ҳамчунин даромадгоҳи зиндон низ ҳаст, маъмулан дар инҷо аёдаткунандагони зиёди зиндониён таҷаммуъ мекарданд, аммо имрӯз на хабарнигорон, на аёдаткунандагон иҷозаи ҳузур дар ин маконро надоштанд.
Шуморе аз пайвандони Зайд Саидов, аз ҷумла фарзандон ва бародари бузурги ӯ, ки дар рӯ ба рӯи бинои боздоштгоҳ интизори вукалои мудофеъи Зайд Саидов буданд низ, иҷозаи ворид шудан ба бинои боздоштгоҳро надоштанд.
Чанд нафар аз кормандони амниятӣ бо либосҳои ғайринизомӣ аз ду сӯйи макони таҷаммуъи пайвандони оқои Саидов ва иддае хабарнигорон меистоданд. Маъмурони амниятӣ ва пулис аз наздик шудани афроди ғайринизомӣ ба бинои боздоштгоҳ ҷилавгирӣ мекарданд.
Гуфта мешавад, бархе аз кормандони интизомӣ пайвандони оқои Саидовро таҳдид кардаанд, ки дар сурати таҷаммуъи зиёди одамон дар назди бинои боздоштгоҳ дар замони баргузории муҳокимаи додгоҳӣ, онҳоро ба ҷавобгарии маъмурӣ хоҳанд кашид.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи қабл додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе чаҳор нафар аз фарзандони Саидов ба иттифоқи Маҳмудҷон Қосимов, яке аз мубтакирони гурӯҳи таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав"-ро барои он чи авбошӣ хонда шуд, маҳкум ба панҷ рӯз ҳабси маъмурӣ кард.
Бо ин вуҷуд Исҳоқ Табаров, яке аз се нафар аз вакилони мудофеъи Зайд Саидов, гуфтааст, ки дар ҷараёни расидагӣ ба парвандаи оқои Саидов мавориди зиёди нақзи қонун мушоҳида шудааст.
Аммо оқои Табаров мегӯяд: "Мо умед дорем, ки қозии додгоҳ муҳокимаро мунсифона ва тибқи қонунҳои мавҷуд дар кишвар анҷом хоҳад дод."
'Афзоиши парвандаҳои сиёсӣ'
Ин дар ҳолест, ки ахиран бисёре аз муҳокимаҳои додгоҳӣ, ки ҳуқуқдонҳо парвандаи онҳоро "сиёсӣ" унвон кардаанд, пушти дарҳои баста сурат гирифтаанд.
Аммо мақомоти давлатӣ мегӯянд, ки сабаби аслӣ аз баргузориии бисёре аз муҳокимҳои додгоҳии пӯшида "дархости шоҳидон аз сиррӣ нигаҳ доштани шавоҳиди онҳо будааст."
Соҳибназарон бар ин назаранд, ки сабаби аслии боздошти Зайд Саидов, тоҷири маъруф ва вазири пешини саноеъ, ба эъломи тасмимаш барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" рабт дорад.
Дар авосити моҳи майи соли ҷорӣ оқои Саидов ба ҳангоми бозгашт аз шаҳри Пориси Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва чандзанӣ боздошт шуд.
Раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон қазияи боздошти Зайд Саидовро "сиёсӣ" хонда ва тақозои озодии ӯро кардаанд.
