Нигаронии Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз боздошти Зайд Саидов

  • 26 Июл, 2013
Саидов
Image caption Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз боздошти Зайд Саидов ибрози нигаронӣ кардааст

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз "боздошти худсаронаи" Зайд Саидов, мубтакири таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" ва сиррӣ будани парвандаи ӯ ибрози нигаронӣ кардааст.

Дар баёнияи ин кумита, ки рӯзи панҷшанбеи 25 июл дар шаҳри Женев мунташир шудааст, таъқиби мухолифон дар Тоҷикистон ва Укройн дорои "ангезаҳои сиёсӣ" арзёбӣ шудааст.

Дар ин баёния омадааст: "Дар Тоҷикистон, кишвари фақири Осиёи Марказӣ, ки муддати 20 сол Эмомалӣ Раҳмон бар он ҳукумат мекунад, кумитаи СММ дар бораи раҳбарони мухолифе, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ва ба хотири ҷилавгирӣ аз ширкати онҳо дар интихоботи оянда озору азият шудаанд, гузоришҳое дарёфт кардааст."

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки Зайд Саидов қабл аз боздошт дар моҳи майи соли ҷорӣ қасд дошт дар Тоҷикистон ҳизби сиёсии ҷадидеро таъсис диҳад ва ин амр боъиси боздошти ӯ шудааст.

Дар авохири моҳи майи соли ҷорӣ, билофосила пас аз боздошти Зайд Саидов, созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башари мавсум ба "Хонаи Озодӣ" (Freedom House) зимни интишори як баёния ин боздоштро "сиёсӣ" хонда ва гуфта буд, ки давлати Тоҷикистон талош дорад дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мухолифонашро саркӯб кунад.

Ин созмон гуфта буд, дар ҳоле ки ҳизби "Тоҷикистони нав" ҳанӯз таъсис ва сабти ном нашуда ва ҳадафаш низ "ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоъӣ" унвон шудааст, Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ин ҳизб, бо иттиҳомоти мухталиф дастгир шудааст.

Дар баёнияи созмони "Хонаи Озодӣ" таъкид шуда буд, ки давлати Тоҷикистон дар канори Зайд Саидов бар мухолифони дигари худ, аз ҷумла масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ, низ фишор овардааст.

Ҳамчунин, Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешин ва рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1994 ва Умаралӣ Қувватов, раҳбари ташаккули мухолифони мавсум ба "Гурӯҳи 24", низ тайи як соли ахир таъқибу боздошт шудаанд.

Зимнан, ба манзури дифоъ аз ҳуқуқи Зайд Саидов, аз ҷумлаи рӯшанфикрон ва фаъъолони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ кумитае таъсис шудааст, ки чеҳраҳои саршиносе чун Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруф, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони саршинос ва Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи теотр, дар он узвият доранд.

Дар номаи ин кумита ба Созмони Милали Муттаҳид, Идораи ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо, Дидабони Ҳуқуқи Башар, Хонаи Озодӣ ва созмонҳои дигари мудофеъи ҳуқуқи башар ва сафоратҳои хориҷӣ дар Душанбе ба мавориди фаровони нақзи ҳуқуқи Зайд Саидов аз замони боздошт ва нигаҳдории ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон таъкид шудааст.

Дар ин нома аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, ки дар чорчӯби таъаҳҳудоти Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба қазияи Зайд Саидов таваҷҷуҳ кунанд, то ба ин парванда бар пояи қонун ва мунсифона расидагӣ шавад.

Зайд Саидов, тоҷири маъруф ва раҳбари гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав", рӯзи 19 майи соли ҷорӣ ба ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Мақомот ӯро ба ришвахорӣ ва фасод, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, чандзанӣ ва таҷовуз ба як духтари зери синни булуғ муттаҳам кардаанд, аммо худи ӯ ин иттиҳомотро рад кардааст.

Раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот, ҳам бо интишори баёнияҳое боздошти Зайд Саидовро "дорои ангезаҳои сиёсӣ" хонда ва ин иқдоми мақомотро ба тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадид муртабит хондаанд.

Матолиби муртабит