Нома ба Раҳмон: Оё роҳҳали "баобрӯи" қазияи Зайд Саидов вуҷуд дорад?

  • 17 Июл, 2013
Зайд Саидов
Image caption Зайд Саидов: "Мурофиаи судӣ ба обрӯи давлатамон латма ворид мекунад"

Барои бори нахуст нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели шубҳаву тардид ба масъулиятшиносӣ ва шоистагии атрофиёни президент Раҳмон ба ӯ номаҳои саргушода менависанд ва аз ӯ дархост мекунанд, барои ҳалли одилонаи мушкилоташон ба қазоёи онҳо дахолат кунад.

Аммо аз онҷо ки Зайд Саидов, раҳбари боздоштии гурӯҳи "Тоҷикистони нав", дар гузаштаи начандон дур аз атрофиёни мавриди таваҷҷӯҳи Президент Раҳмон маҳсуб мешуд, номаи саргушодаи ӯ, ки ахиран ба манзури мушобеҳ иншо шуда, тардидҳоро дар мавриди огоҳии оқои Раҳмон аз ончи дар атрофи ӯ мегузарад, дучанд мекунад.

Ин ки раиси ҷумҳурӣ ба оқои Саидов дар ҷаласоти умумӣ ба кори ӯ баҳои мусбат медод ва ҳатто аз фаъъолияташ бо ордени "Шараф" тақдир кард, аз ёдҳо фаромӯш нашуда. Зайд Саидов низ аз "арзёбии мусбати" кораш тавассути раиси ҷумҳур ёдовар шудааст.

Зайд Саидов дар номаи саргушодаи худ унвонии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон иддаъо кард, ки "қурбони шахсони манфиатҷӯ, дурӯя ва хушомадгӯ" шудааст.

Агар ҳарфҳои оқои Саидов дар номааш ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон инъикоси воқеъият бошад ва тавтеъа ё иштибоҳе боиси қазияи мухолифатзои ӯ шуда бошад, ки ба бовари зиёде ба обрӯи ҳукумат латма ворида карда, ба назар мерасад, ки оқои Раҳмон бояд аз коршоямии дастгоҳҳои иттилоъотии худ ва кишвар нигарон бошад.

Image caption Муллоҷонов: "Нофаҳми замоне пайдо шуд, ки овозаҳо дар бораи 20 милюн пул ва ҳимояти Русия аз Зайд Саидов паҳн шуд"

Тайи беш аз 50 рӯз пас он, ки оқои Саидов дар фурӯдгоҳи Душанбе ба ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуд, таҳлилгарон борҳо таъкид кардаанд, ки агар ӯ ба аҳдофи худ барои рушди кишвар дар паҳлӯи ҳукумати феълӣ содиқ намебуд, метавонист, аз хориҷа барнагардад.

Худи Зайд Саидов дар номаи саргушодааш бо таъкид навишта, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ҳадафи мухолифат бо ҳукуматро надошт ва дар мавриди таъсиси Тоҷикистони нав аз кумитаи амнияти кишвар "чароғи сабз" гирифта буд.

Пас чӣ чизе, ё чӣ касе мунҷар ба нигаронӣ ва адами эътимоди мақомот ба Зайд Саидов, яке аз маъдуд афроде шудааст, ки аз як сӯ раиси ҷумҳурӣ ба ӯ ҳусни таваҷҷӯҳ дошту аз сӯйи дигар мавриди эътимоди табақаи мутавассити кишвар буд ва метавонист, пули созандае миёни давлат ва ҷомеъаи маданӣ бошад?

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси мустақил, ки муътақид аст, Зайд Саидов як соҳибкори кордон ва бидуни таъассубҳои сиёсист, мегӯяд ӯ қурбони овозаҳои ноҷо дар вазъияти ҳассоси сиёсӣ шудааст.

Оқои Муллоҷонов мегӯяд, "адами тафоҳум" боиси сар задани ин қазия шудааст: "Вокуниши ҳукумат ба таъсиси ҳизб дар аввал ҳамоҳангшуда ва мусбат буд, нофаҳмӣ замоне пайдо шуд, ки овозаҳо дар бораи 20 милюн пул ва ҳимояти Русия аз Зайд Саидов паҳн шуд. Ин замон буд, ки мақомот дар нисбати ӯ шубҳа пайдо кард."

Инҷост, ки ниҳодҳои иттилоъотии Тоҷикистон мебоист нақши калидиро барои тафовути овоза аз ҳақиқат ва рафъи шубҳаҳо ифо кунад.

Аммо ба бовари Саймуддин Дӯстов, раиси маркази таҳлилии "Индем" ва муассиси хабаргузории "ТоҷНюз" ниҳодҳои зирабт натавонистаанд "кори худро дуруст анҷом бидиҳанд."

Ӯ мегӯяд: "Дар остонаи интихобот ҳар ҳукумате мебуд, мехост бидонад, ки пушти тарҳи сиёсии таъсиси ҳизб чӣ меистад? Ин тарҳ аз куҷо пайдо шуд ва чӣ ҳадафҳо дорад ва чӣ маблағҳое барои он сарф мешавад? Ин иттилоъ бояд ба ҳукумат фароҳам мешуд. Аммо нашуд. Дар натиҷа қароре қабул шуд, ки берун аз доираи қонун ҳам буд."

Image caption Дӯстов: "Дар остонаи интихобот ҳар ҳукумате мебуд, мехост бидонад, ки пушти тарҳи сиёсии таъсиси ҳизб чӣ меистад? Ин тарҳ аз куҷо пайдо шуд ва чӣ ҳадафҳо дорад ва чӣ маблағҳое барои он сарф мешавад? Ин иттилоъ бояд ба ҳукумат фароҳам мешуд. Аммо нашуд. Дар натиҷа қароре қабул шуд, ки ҳам берун аз доираи қонун ҳам буд"

Дар ҳар сурат оқои Дӯстов муътақид аст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар қазияи Зайд Саидов набояд ба ҳар манбаъе, ки дорад боварии комил дошта бошад, зеро ҳар манбаъи ӯ дар ин қазия манфиъати худро дорад.

Ба бовари ӯ қазияи Низомхон Ҷӯраев исботи ин ҳарфҳост, зеро ба гуфтаи оқои Дӯстов, ки қаблан дар иртикоби ҷароими сангин, назири қатл, сирқати маболиғ ва таъсиси гӯрӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ ва созмондеҳии терури Толиб Бобоев, муъовини вақти додситони кулли Тоҷикистон муттаҳам шуда буд, "танҳо ба дунболи иртиботи мустақими бо раиси ҷумҳурӣ" тавонист дубора мавриди эътимоди мақомот қарор бигирад.

Ӯ ки аз соли 2007 аз Тоҷикистон фарорӣ шуда буд, дар соли 2012 батаври ғайримунтазира ба Тоҷикистон баргашт ва тавассути телевизиюни давлатӣ эътимоди худро ба ҳукумати кишвар иброз дошт ва акнун дар ҳоле, ки таҳқиқи парвандааш ҳанӯз идома дорад, дар озодӣ ба сар мебарад.

Бархеҳо ҳадс мезананд, ки ҳар сабабе, ки боиси нигаронӣ ва ё нофаҳмӣ миёни мақомоти давлатӣ ва Зайд Саидов шуда бошад, бо наздик расидани интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бояд рафъ шавад.

Соҳибназарон мегӯяд, раиси ҷумҳурӣ метавонад ҳатто барои намоиши "олиҳимматӣ" аз худ, Зайд Саидовро дар моҳи Рамазон озод кунад. Ҳадди ақал бо дарназардошти он, ки ба гуфтаи онҳо Зайд Саидов ҳатто дар боздошт ба фикри ҳифзи обрӯи натанҳо худ, балки давлат низ ҳаст.

Зеро ӯ дар номааш ба Эмомалӣ Раҳмон навишта: "Бо баргузории мурофиаи судӣ ва ошкор шудани ҳамаи паҳлӯҳои ин иттиҳомот бевосита ба обрӯи давлатамон, ки даъвои ҳуқуқбунёдӣ мекунад, латма ворид мекунад."

Ҳарчанд гуфта мешавад раиси ҷумҳурӣ ҳақ надорад ба раванди таҳқиқи парвандаҳо дахолат кунад, воқеъият ин аст, ки дар Тоҷикистон кучактарин тасмимҳо бо дарназардошти ризояти он иттихоз шудаанд ва камтарин чизе, ки оқои Раҳмон метавонад барои ҳалли "баобрӯи" қазияи Саидов анҷом бидиҳад, ин таҷдиди назар дар будубоши ӯ дар ҷараёни таҳқиқи парванда аст, ки метавонад, дар манзилаш таҳти шароити тарк накардани кишвар ё ҳабси хонагӣ ба сар бибарад.

Матолиби муртабит