Зайд Саидов ба пизишк дастрасӣ надорад

Бо вуҷуди ваъдаи бозрасон то ҳол ба Зайд Саидов, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад, кумаки пизишкӣ ироъа нашудааст.
Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, асри душанбеи 17 июн ба Би-би-сӣ гуфт, тибқи ваъдаи бозрасон қарор буд имрӯз падараш ба кумаки тиббӣ дастрасӣ пайдо кунад, аммо то ин соъат ин кор анҷом нашудааст.
Оқои Саидов ба ҳангоми аёдати писараш аз зиндон дар рӯзи ҷумъаи 14 июн дар бораи бад шудани вазъи саломатии худ шикоят карда буд.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Зайд Саидов гуфт, дар ҳоле ки аз рӯзи боздошташ дар рӯзи 19 майи соли ҷорӣ муваккили ӯ аз бемории захми меъда ранҷ бурда ва ба кумаки пизишкӣ ниёз дошт, аммо то ба ҳол оқои Саидов мавриди муоинаи пизишкӣ қарор нагирифтааст.
Гуфта мешавад, дар муддати ҳудуди як моҳи боздошт вазъи саломатии Зайд Саидов бад шудааст. Ин дар ҳолест, ки ӯ маълул буда ва як даст надорад.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе аз рӯшанфикрон ва фаъъолони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоъии "Facebook" навиштаанд, ки қасд доранд аз мавориди нақзи қавонин дар Тоҷикистон дар қиболи Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ, вазири пешини саноеъ ва раҳбари гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиаъа кунанд.
Қаблан рӯшанфикрону фаъъолони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон зимни як номаи саргушода аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар хостори бозрасии қазияи Зайд Саидов дар чорчӯби қонун шуда буданд, аммо ба ин нома посухе дарёфт накарданд.
Ҳамакнун ин гурӯҳ тасмим гирифтааст, дар ин замина ба Созмони Милали Муттаҳид, Идораи ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо, созмонҳои "Human rights watch" ва "Freedom House" шикоят бибаранд.
Дар пайи эъломи тасмим дар бораи таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" дар 6 апрели соли ҷорӣ Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ба фишори густардаи ниҳодҳои давлати Тоҷикистон мувоҷеҳ шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо нақши созандаи ӯро дар иқтисоди кишвар мавриди ситоиш қарор дода буданд
Дар рӯзи 19 майи соли ҷорӣ ба ҳангоми бозгашт аз шаҳри Пориси Фаронса Зайд Саидов дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми фасод боздошт шуд.
Ҳамчунин, додситонӣ оқои Саидовро дар чандзанӣ муҷрим шинохта буд. Аммо ҳамаи ин иттиҳомотро ӯ такзиб карда ва гуфта буд, ки ба хотири собит кардани бегуноҳии худ аз Фаронса ба ватан баргаштааст.
Раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, қазияи боздошти Зайд Саидовро “сиёсӣ” хонда ва ин иттифоқро ба тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди сиёсӣ марбут хондааст, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин қазия ангезаи сиёсӣ надорад.
Феълан куллия амволи Зайд Саидов ва наздикони ӯ ҳабс шуда ва додгоҳ муддати боздошти ӯро то ду моҳи оянда тамдид кардааст.
Давлати Тоҷикистон ба далели саркӯби мухолифон ва руқабои худ борҳо мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ қарор гирифтааст.
