Парвандаи сиррии Зайд Саидов: Муроҷиъат ба мудофеъони ҳуқуқи башар

  • 18 Июн, 2013
Саидов
Image caption Парвандаи Зайд Саидов сиррӣ будааст.

Гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” гуфтанд, ки бозрасон аз сиррӣ будани парвандаи Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва раҳбари ин гурӯҳ хабар додаанд.

Фахриддин Зокиров, вакили мудофеъи Зайд Саидов, рӯзи сешанбеи 18 июн, дар нишасти нахустини Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов гуфт, ки вукалои мудофеъ танҳо дирӯз (17 июн) дар ин бора муталеъ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Зокиров аз рӯзи боздошти Зайд Саидов дар фурӯдгоҳи Душанбе дар 19 майи соли ҷорӣ, ин парванда мӯҳри сиррӣ доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, сиррӣ эълом шудани парвандаи оқои Саидовро як амали ғайриқонунӣ хонда ва гуфт, бар асоси қавонини Тоҷикистон танҳо парвандаҳои марбут ба асрори давлатӣ метавонанд сиррӣ бошанд.

Вай афзуд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи Зайд Саидов сирф иқтисодӣ маҳсуб шуда ва ба асрори давлатӣ рабте надорад.

Муроҷиъат ба созмонҳои хориҷӣ

Баргузоркунандагони нишасти хабарӣ ҳамчунин, аз тасвиби муроҷиъатнома хитоб ба мардуми Тоҷикистон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз сӯйи Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов хабар доданд.

Дар номае ба Созмони Милали Муттаҳид, Идораи ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо, созмонҳои “Human rights watch”, “Freedom House” ва созмонҳои дигари дифоъ аз ҳуқуқи башар ва сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе ба "мавориди фаровони нақзи ҳуқуқи Зайд Саидов аз замони боздошт ва нигаҳдории ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон" таъкид шудааст.

Дар ин нома аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, дар чорчӯби тааҳҳудоти Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба қазияи Зайд Саидов таваҷҷӯҳ кунанд, то ин парванда бар пояи қонунҳои ин кишвар ва мунсифона бозрасӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов дар ҳамоиши Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов гуфт, ки падараш аз маризии захми меъда ранҷ бурда ва ба кумаки оҷили пизишкӣ дастрасӣ надорад.

Вукалои мудофеъи Зайд Саидов гуфтанд, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ танҳо як пизишкёр (фелдшер) фаъолият дошта ва ӯ имкони ироъаи кумаки тахассусӣ ба муваккили онҳоро надоштааст.

Тибқи ваъдаи Умед Раҳмонов, бозрасони қазияи Зайд Саидов, қарор буд дирӯз (17 июн) пизишк вазъи саломатии оқои Саидовро муъоина кунад, аммо ин ваъда иҷро нашудааст.

Пештар дар Тоҷикистон ба манзури дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов аз ҷумлаи рӯшанфикрон ва фаъъолони ҷомеъаи мадании кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ Кумитаи вижае таъсис шуд, ки чеҳраҳои саршиносе чун Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруф, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони саршинос ва Барзу Абдураззоқов, коргардони муваффақ дар ин кумита узвият доранд.

Ба гуфтаи Маҳмудҷон Қосимов, муъовини Зайд Саидов дар гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби ҷадиди “Тоҷикистони нав” гуфт, ахиран тоҷикони муқими Омрико, Конодо, Норвеж ва шаш созмони тоҷикони Русия ба Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов пайвастаанд.

Оқои Қосимов гуфт, тақозои аслии ин ниҳод риъояти қавонини Тоҷикистон ба ҳангоми бозрасии қазияи Зайд Саидов, ҷилавгирӣ аз фишор болои хонавода ва пайвандони оқои Саидов ва баррасии шаффофу мунсифонаи ин парванда маҳсуб мешавад.

Коршиносон мегӯянд, кашмакашҳои Зайд Саидов, соҳибкори маъруф бо ниҳодҳои давлати Тоҷикистон пас аз эъломи тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди “Тоҷикистони нав” дар шашуми апрели соли ҷорӣ маншаъ мегирад.

Ӯ рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ ба ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд. Дертар эълом шуд, ки оқои Саидов расман ба ришвахорӣ муттаҳам шудааст.

Зайд Саидов ин ва иттиҳомоти дигареро мабнӣ бар чандзанӣ ва суистифода аз мақом дар замони вазораташ дар бахши саноеъи кишварро бепоя хонда ва гуфт, ки ба хотири собит кардани бегуноҳиаш аз Фаронса ба ватан баргаштааст.

Раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, қазияи боздошти Зайд Саидовро “сиёсӣ” хонда ва ин иттифоқро ба тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди сиёсӣ марбут хондааст.

Матолиби муртабит