Эъломи иттиҳомоти ҷадид дар парвандаи Зайд Саидов

Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар қиболи Зайд Саидов, вазири пешини саноеъ ва соҳибкори муваффақ, ки дар боздошт аст, ду иттиҳоми ҷадид эълом кардааст.
Бино ба иттилоъи сойти интернетии ин ожонс, дар моҳи октябри соли 2005 оқои Саидов аз Серикбол Окушев, табаъаи қазоқ, барои мусоъидат дар даёфти муҷаввиз барои истихроҷи маъдани тилои "Чоре"- и ноҳияи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1,5 милюн дулор ришва гирифтааст.
Ин манбаъ гуфтааст, Зайд Саидов ба ҳайси гарав асноди корхонаи "Тоҷикатлас"-ро, ки қаблан аз Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини корхонаи шимиёӣ ("Химзавод") -и шаҳри Исфара ба унвони ришва дарёфт карда буд, ба Серикбол Окушев пешниҳод кардааст.
Ҳамчунин, ин ниҳод Зайд Саидовро дар гирифтани вом аз Иван Коретский, шаҳрванди Укройн ба миқдори 1 милюну 70 ҳазор дулор дар моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Маскав ва аз ин миқдор пардохт накардани 770 ҳазор дулор ба оқои Коретский муттаҳам кардааст.
Ба ин далел, Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар қиболи Зайд Саидов тибқи моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷинойии ин кишвар, яъне, "қаллобӣ ба миқдори бузург" парвандаи ҷинойӣ боз кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Зайд Саидов гуфт, то ҳол ин ожонс ба муваккили ӯ дар ин замина расман иттиҳомоте ворид накардааст.
Оқои Қудратов гуфт, бозрасони Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон Серикбол Окушев, соҳибкори қазоқ ва Иван Коретский, шаҳрванди Укройнро бо Зайд Саидов "рӯбарӯ карда, аммо оқои Саидов айбномаҳои қаллобиро рад кард."
Ба эътиқоди коршиносон, дар бештари маворид дар системи қазоии Тоҷикистон пас аз боздошти фарди мазнун иттиҳомоти мухталиф дар қиболи ӯ ворид мешавад.
Ин коршионосн ба унвони мисол аз боздошти Умаралӣ Қувватов, раҳбари гурӯҳи мухолифони давлати Тоҷикистон мавсум ба "Гурӯҳи 24" дар шаҳри Дубай дар моҳи декабри соли гузашта ёдовар шудаанд, ки танҳо дар пайи боздошти ӯ аз ҷониби пулиси Амороти Муттаҳидаи Араб Додситони кулли Тоҷикистон ба ӯ иттиҳомоте эълом кард.
Зимнан, Зайд Саидов, вазири пешини саноеъ ва соҳибкори маъруф ва раҳбари гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" дар рӯзи 19 майи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ба ҳангоми бозгашт аз Фаронса ба иттиҳоми ришвахорӣ, сӯйиистифода аз мақоми хидматӣ ва чандҳамсарӣ боздошт шуда буд.
Аммо оқои Саидов ин иттиҳомотро рад карда ва гуфта буд, ки ба хотири собит кардани бегуноҳии худ аз шаҳри Порис ба Душанбе баргаштааст.
Мушкилоти қазоии Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик бо ниҳодҳои давлати Тоҷикистон пас аз эъломи тасмим барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" дар 6 апрели соли ҷорӣ шуд. Дар собиқ мақомоти баландпояи Тоҷикистон созандагӣ ва муваффақиятҳои ӯро сутудаанд.
Раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, қазияи боздошти Зайд Саидовро "сиёсӣ" хонда ва ин иттифоқро ба тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди сиёсӣ марбут хондааст.
Оқои Сайидов низ гуфтааст далели таҳти пайгарди қазоӣ қарор гирифтани ӯ сиёсӣ аст.
Дар номаи Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов ба Созмони Милали Муттаҳид, Идораи ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо, созмонҳои "Human rights watch", "Freedom House" ва созмонҳои дигари дифоъ аз ҳуқуқи башар ва сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе ба мавориди фаровони нақзи ҳуқуқи Зайд Саидов аз замони боздошт ва нигаҳдории ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон таъкид шудааст.
Дар ин нома аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, то дар чорчӯби тааҳҳудоти Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба қазияи Зайд Саидов таваҷҷӯҳ кунанд, то ин парванда бар пояи қонунҳои ин кишвар ва мунсифона бозрасӣ шавад.
Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов дар моҳи ҷорӣ ба манзури дифоъ аз ҳуқуқҳои оқои Саидов аз ҷумлаи рӯшанфикрон ва фаъъолони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ таъсис шудааст, ки чеҳраҳои саршиносе чун Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруф, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони саршинос ва Барзу Абдураззоқов, коргардони муваффақ дар ин ниҳод узвият доранд.
