'Писари Зайд Саидов саҳомдори корхонаи “Тоҷиказот” аст'

  • 24 Июл, 2013

Шаҳрдори шаҳри Сарбанд, дар ҷануби Тоҷикистон, мегӯяд, ки панҷ дар сад аз саҳоми "Тоҷиказот", корхонаи муштараки Тоҷикистону Қибрис, ба яке аз писарони Зайд Сайдов, тоҷири зиндонӣ ва вазири собиқи саноеъ мутаъаллиқ аст.

Қарахон Чиллаев, шаҳрдори Сарбанд, рӯзи 24 июл ба хабарнигорон гуфт, ки Хуршед Саидов, писари Зайд Саидов, шарики тиҷории корхонаи муфлисшудаи "Тоҷиказот" аст.

Корхонаи "Тоҷиказот" соли 2010 аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ варшикаста элом шуд, аммо аз саҳомдоронаш ном бурда намешуд. Баъд аз боздошти Зайд Саидов ҳамакнун эълом шуда, ки Хуршед Саидов дар ин корхонаи муфлисшуда саҳомдор аст.

Ба гуфтаи бархе аз мунтақидони давлат, мақомот бо ифшои номи Хуршед Саидов ва саҳм доштани ӯ дар корхонаи "Тоҷиказот", ки ҳоло варшикаста шудааст, мехоҳанд Зайд Сайдовро бадном ва ба тасарруфи амволи ин корхона мутаҳам созанд.

Аз соли 2010 корхонаи "Тоҷиказот" баъд аз варшикаста шудан 1700 кормандашро мураххас кард ва даҳҳо мошини хидматияшро барои бозгардондани бидеҳияш ба фурӯш расонд.

Дар рӯзҳои аввали эъломи варшикастагии "Тоҷиказот" шаҳрдори Сарбанд гуфта буд, ки омили аслии қатъи фаъъолияти ин корхона набуди гози ворида аз Узбакистон аст.