Зайд Саидов ба ворид кардани хисороти сангин ба буҷет муттаҳам шуд

Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ниҳоди сохтмонии мутаъаллиқ ба хонаводаи Зайд Саидов навоқиси ҷиддиеро ошкор кардааст.
Дар баёнияи ин ожонс, ки шаби сешанбеи 23 июл мунташир шуд, ба ширкати "Тоҷ-Сохтмон Байналмилал" ишора шудааст, ки Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, муассиси он маҳсуб мешавад.
Дар ин баёния омадааст, ки дар ҷараёни бозрасии фаъъолияти ин ширкат дар солҳои 2009-2013 рӯшан шуда, ки ширкати "Тоҷ-Сохтмон Байналмилал" аз тариқи тақаллуби асноди муҳосиботӣ, напардохтани молиёт, гарон нишон додани қимати маводди сохтмонӣ ва соири аъмоли ғайриқонунӣ ба буҷети давлати Тоҷикистон ба миқдори 38 милюн сомонӣ хисорот ворид кардааст.
Аз ҷумла, Ожонси зидди фасод иддаъо мекунад, ки ба ҳангоми бунёди бинои "Душанбе Плаза" ин ширкат ба ивази фарши чӯбии поркет маводди сохтмонии арзони ламинатро истифода карда ва ба ин васила 11,9 милюн сомониро ба сирқат бурдааст.
Зимнан, ширкати "Тоҷ-Сохтмон Байналмилал" бо сармояи буҷети шаҳри Душанбе дар 17 майдони сохтмонӣ ба миқдори 369,7 милюн сомонӣ корҳои сохтмониро анҷом додааст.
Ҳафтаи гузашта Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва раҳбари гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав"-ро ба даст доштан дар таҷовузи духтаре 14-сола муттаҳам карда буд.
Дар баёнияи ин ожонс таъкид шуда буд, ки аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 оқои Саидов "бо таҳдиду зӯроварӣ мунтазам алоқаи ҷинсиашро бо ин ноболиғ идома додааст" ва дар ин муддат ин духтари ноболиғ се маротиба ҳомила ё бордор шуда, аммо иҷборан исқоти ҳамл шудааст.
Дар иртибот ба ин ҳодиса Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов ба иттиҳоми "таҷовуз ба номуси духтари баръало ноболиғ", "алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст" ва "ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ боз карда ва корҳои бозрасӣ дар ин замина шурӯъ шудааст.
Аммо Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъи Зайд Саидов, иброз дошт, ки муваккилаш ин иттиҳомотро рад карда ва гуфтааст, ки ин духтари ноболиғро намешиносад ва бо ӯ ҳеч иртиботе надоштааст.
Зайд Саидов рӯзи 19 майи соли ҷорӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ба ҳангоми бозгашт аз Фаронса ба иттиҳоми ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва чандзанӣ боздошт шуд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки мушкилоти Зайд Саидов, тоҷири саршинос, бо давлати Тоҷикистон аз эъломи тасмимаш барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" дар 6 апрел маншаъ мегирад.
Масъулони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар боздошти Зайд Саидовро иқдоме "сиёсӣ" ва навъе талош барои саркӯби мухолифони Президент Раҳмон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябри оянда унвон кардаанд.
