Ожонси зидди фасод вукалои Зайд Саидовро ба туҳмат муттаҳам кард

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо интишори як баёния вукалои мудофеъи Зайд Саидовро ба туҳмат муттаҳам кардааст.
Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, вукалои мудофеъи Зайд Саидов, рӯзи 30 июл дар як нишасти хабарӣ иттилоъи Ожонси мубориза бо фасод дар мавриди тасарруфи 15 корхонаи давлатӣ аз ҷониби оқои Саидовро "бепоя ва ҷалъӣ" хонда буданд.
Аммо Ожонси зидди фасод ин иддаъои вукалои мудофеъи оқои Саидовро "беасос ва иғвоангез" арзёбӣ кардааст. Дар баёнияи ин ожонс, ки шаби панҷшанбеи 1 август дар сойти интернетии ин ниҳод мунташир шуд, омада, ки тасарруфи 15 корхонаи давлатӣ ҷониби оқои Саидов дар ҷараёни бозрасии парвандаи ӯ собит шудааст.
Дар баёния феҳристи ин корхонаҳо пешниҳод шудааст, ки ба номи пайвандони оқои Саидов ва ширкатҳои хориҷӣ дар манотиқи офшурӣ сабт шудаанд. Хисороти ворида аз ончи "тасарруфи" ин корхонаҳо номида мешавад, 62 милюн сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Дар баёния омадааст: "Ҳангоми суҳбат дар Агентии (Ожонси) назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсия (фасод) бо ҳимоячиён (вакилон) Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, онҳо иштибоҳи худро дарк намуда, ваъда доданд, ки минбаъд танҳо аз далелҳои муътамад истифода хоҳанд кард."
Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров ҳануз дар мавриди ин баёния ибрози назаре накардаанд.
Ҳамчунин, Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми "таҷовуз ба номус" ишора карда ва навиштааст: "Ҳимоячиён (вукалои мудофеъ) дар ин маврид худро ба нофаҳмӣ андохтаанд."
Фахриддин Зокиров, вакили мудофеъи Зайд Саидов, дар нишасти хабарӣ дар ин замина гуфта буд, ки иттиҳоми таҷовуз ба номус, ки ахиран алайҳи муваккили вай ворид шуда, "дурӯғи маҳз" буда ва мақомот мехоҳанд бо ин иттиҳом Зайд Саидовро рӯҳан "шикаст" диҳанд.
Оқои Зокиров таъкид дошт, ки то ҳол он духтари ноболиғ, ки гуфта мешавад аз сӯйи оқои Саидов мавриди таҷовуз қарор гирифтааст, пайдо ва бо муваккили ӯ рӯбарӯ нашудааст.
Аммо дар баёнияи ожонс омадааст, ки тибқи Қонуни мурофиъавии (расидагӣ ба ҷароими) Тоҷикистон, "дар сурати муъайян гардидани он, ки рӯбарӯкунӣ метавонад ба шоҳид ё ҷабрдида таъсир расонида, ба онҳо зарар расонад ва ё онҳоро тарсонад, дар ин ҳолат рӯбарӯкунӣ истисно карда мешавад."
Ба гуфтаи вукалои мудофеъ, феълан Зайд Саидов тибқи моддаҳои 319 ва 170-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба ришваситонӣ, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ вачандҳамсарӣ муттаҳам шудааст.
Ҳамчунин, бар асоси моддаҳои 314 (сӯиистифода аз мақом), 247 (тақаллуб), 138 (таҷовуз ба номус), 141 (алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ), 124 (водор кардан ба сиқти ҷанин) ва 161 (баромадан аз ҳадди салоҳият) алайҳи оқои Саидов таҳқиқот идома дорад.
Зайд Саидов, вазири пешини саноеъ ва тоҷири саршинос, ки ахиран аз тасмимаш ба таъсиси ҳизби ҷадиде бо номи "Тоҷикистони нав" хабар дод, рӯзи 19 майи соли ҷорӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, пас аз бозгашт аз Фаронса боздошт шуд.
Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мегӯянд, ки боздошти оқои Саидов дорои ангезаҳои сиёсӣ буда ва бо эъломи тасмимаш дар бораи таъсиси як ҳизби ҷадиди мухолифи давлат муртабит аст.
