Вукалои мудофеъи Зайд Саидов иттиҳомоти Ожонси зиддифасодро рад карданд

Вукалои мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, иттиҳомоти ахири Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи муваккилашонро рад карданд.
Рӯзи гузашта Фаттоҳ Саидов, раиси ин ожонс, Зайд Саидовро ба тасарруфи 15 корхонаи давлатӣ муттаҳам кард ва афзуд, ки оқои Саидов ба ин кор замони вазири саноеъ буданаш даст задааст.
Аммо Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, вукалои мудофеъи Зайд Саидов, рӯзи сешанбеи 30 июл дар як нишасти матбӯъотӣ бо ишора ба далоиле ин иттиҳомотро рад карданд.
Оқои Зокиров ҳамчунин гуфт, ки иттиҳоми таҷовуз ба номус, ки ахиран алайҳи муваккили вай ворид шуда, дурӯғи маҳз буда ва мақомот мехоҳанд бо ин иттиҳом Зайд Саидовро рӯҳан "шикаст" диҳанд.
Ҳамчунин вай афзуд: "Масъулони ожонс модари духтареро, ки гӯё Зайд Саидов ба номуси ӯ таҷовуз карда, бо оқои Саидов рӯбарӯ карданд, аммо вай гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ин занро надида ва афзун бар ин, дар шаҳраки Люберси ҳумаи Маскав ҳеҷ гоҳ набудааст."
Оқои Зокиров мегӯяд, ки яке дигар аз аҳдофи масъулони давлатӣ аз ворид кардани иттиҳоми "таҷовуз ба номус" алайҳи муваккилаш муҳокимаи ин парванда дар пушти дарҳои баста аст. Ба гуфаи вай, тибқи қонун маъмулан парвандаҳои марбут ба таҷовуз ба номус бо хоҳиши қурбониҳои ин ҷурм пушти дарҳои баста муҳокима мешаванд.
Бо ин вуҷуд, Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзе қабл дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод гуфт, ки таҳқиқоти беш аз думоҳаи парвандаи ҷиноии Зайд Саидов собит кардааст, ки ӯ 15 корхонаи давлатиро ба таври ғайриқонунӣ аз худ кардааст.
Оқои Саидов ҳамчунин феҳристи корхонаҳои санъатиеро, ки Зайд Саидов ба аз худ кардани онҳо муттаҳам мешавад, дар ихтиёри хабарнигорон гузошт. Дар ин феҳрист корхонаҳои "Абрешим", "Тоҷикатлас", "Тоҷик-азот" ва корхонаи кӯчаки мавсум ба "Лаъл" аз ҷумлаи муассисоте ҳастанд, ки ба бовари ожонси мубориза бо фасод, Зайд Саидов онҳоро дар тӯли солҳои 1999 то 2006, яъне замоне ки раҳбарии вазорати саноеъро бар уҳда дошт, "ба таври ғайриқонунӣ аз худ кардааст".
Аммо Фахриддин Зокиров мегӯяд, ки танҳо саҳоми ночизи бархе аз ин корхонаҳо ба пайвандони оқои Саидов таъаллуқ доштаанд.
Ӯ мегӯяд: "Барои мисол, панҷ дар сади саҳоми корхонаи "Абрешим" ба Саидовҳо мутаъаллиқ аст. Зеро замоне ки Зайд Саидов сармоягузорони хориҷиро мехост мутақоъид кунад, ки барои зинда кардани ин корхонаҳо сармоягузорӣ кунанд, аввалин тақозои онҳо додани замонат буд. Дар бештари маворид сармоягузорони хориҷӣ ба оқои Саидов пешниҳод мекарданд, ки бо харидории бахше аз саҳоми корхонаҳо имконпазир будани тарҳро нишон диҳад."
Ҳамчунин, ба гуфтаи вукалои мудофеъи Зайд Саидов, бархе аз корхонаҳо, аз ҷумла корхонаи "Табаррук", ки масъулони ожонс онҳоро давлатӣ хондаанд, дар солҳои баъдӣ таъсис ёфта ва ҳеҷ рабте ба давлат надоштаанд.
Исҳоқ Табаров мегӯяд, ки феълан Зайд Саидов тибқи моддаҳои 319 ва 170-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба ришваситонӣ ва чандҳамсарӣ муттаҳам шудааст.
Оқои Табаров ҳамчунин гуфт, ки бар асоси моддаҳои 314 (сӯиистифода аз мақом), 247 (тақаллуб), 138 (таҷовуз ба номус), 141 (алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ), 124 (водор кардан ба сиқти ҷанин) ва 161 (баромадан аз ҳадди салоҳият) алайҳи муваккилаш таҳқиқот идома доштааст.
Вукалои мудофеъи Зайд Саидов мегӯянд, ки масъулони давлатӣ ба онҳо банудрат иҷозаи дидор бо муваккилашонро медиҳанд ва бори ахир онҳо оқои Саидовро ҳафтаи гузашта дида буданд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, вазъи саломати Зайд Саидов хуб набуда ва ӯ ба таври ҳамешагӣ ба муроқибати пизишкон ниёз доштааст.
Давлат иттиҳомот алайҳи Зайд Сайидовро дар моҳи майи соли ҷорӣ, баъд аз он ки ӯ эълом кард, ҳизби ҷадидеро ба номи "Тоҷикистони нав" таъсис медиҳад, эълом кард.
Оқои Саидов 19 майи соли ҷорӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз сӯйи кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт ва баъд аз панҷ рӯз ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интиқол ёфт ва то ҳол дар ин ҷо ба сар мебарад.
Ҳафтаи гузашта Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баёнияе пахш кард ва дар он аз сиррӣ будани парвандаи ӯ ибрози нигаронӣ кард.
Ҳамчунин, дар ин баёния ин кумита иброз доштааст: "Кумитаи СММ дар бораи раҳбарони мухолифе, ки дар Тоҷикистон бо ангезаҳои сиёсӣ ва ба хотири ҷилавгирӣ аз ширкати онҳо дар интихоботи оянда озору азият шудаанд, гузоришҳое дарёфт кардааст."
Боздошт ва зиндонӣ шудани Зайд Саидов вокунишҳои мухталиферо дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон дар пай дошт ва бисёре аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ аз ин иқдоми мақомоти давлатӣ шадидан интиқод кардаанд.
