Парвандаи Саидов: Аксҳое ки фазои маҷозии тоҷикиро ба шур андохт

Рӯзи панҷшанбе, 15 –уми август силсилаи аксҳое, ки гуфта шуда дар он духтаре мунъакис шуда, ки худро қурбонии таҷовуз аз суйи Зайд Саидов, собиқ вазири саноеъ ва бозаргони қудратманди мавриди беэътимодии мақомот медонад, фазои маҷозии Тоҷикистонро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ доғ кард.
Корбаре бо номи Тоҳир Мавло дар сойти Фейсбук, шабакаи иҷтимоъӣ дар интернет, силсилаи аксҳоеро аз зане мунташир карда, ки зоҳиран ба сурати махфӣ дар наздикии сохтмони боздоштгоҳи шаҳри Душанбе гирифта шудаанд.
Мунташиркунандаи аксҳо навишта, ки ин ҳамон занест, ки ба Ожонси мубориза бо фасод шикоят карда, ки Зайд Саидов, вазири собиқи саноеъи кишвар дар соли 2008 ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Ҳарчанд ҳуввияти ин шокӣ аз суи мақомот ифшо намешавад.
Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 18-уми июл эълом карда буд, ки, "шаҳрванди ноболиғе ба ин ожонс аз таҷовуз ба номусаш аз ҷониби Зайд Саидов дар соли 2008" шикоят бурд, аммо то ҳоло ҳуввияти ин духтар ошкор нашудааст.
Ин ожонс бар асоси ин шикоят алайҳи оқои Саидов се иттиҳоми ҷадиди "таҷовуз ба номус", "иртиботи ҷинсӣ бо ноболиғ" ва "маҷбур кардани зан барои сиқти ҷанин" ворид кард. То он замон иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Саидов, бо ришвахорӣ, сӯйиистифода аз мақоми хидматӣ, азхуд кардани амволи давлатӣ ва чандзанӣ маҳдуд мешуд.
Зайд Саидов дар моҳи май, як моҳ пас аз эъломи омодагиаш барои таъсиси ҳизбе сиёсӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ба ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуда буд.
Мунтақидони давлат ин қазияро таъқиби рақибони сиёсии давлат мехонанд ва намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва фаъъолони сиёсӣ пас аз боздошти оқои Саидов эътилоферо барои ҳимоят аз ӯ таъсис доданд.
Иттиҳом алайҳи Зайд Саидов дар бораи таҷовуз ба номуси духтаре ноболиғ хашми мухталифонро ба дунбол дошт, зеро онҳо мегӯянд ин қазия тӯҳмате беш нест.
Интишори аксҳое, ки гӯё тасвири занест, ки худро қурбонии таҷовуз ба номус аз суи Зайд Саидов мехонад низ ин баҳсҳоро дар фазои маҷозӣ дубора шиддат бахшид.
Ин аксҳо як рӯз пас аз нахустин мулоқоти Зайд Саидов бо ин шокӣ дар ҳузури вакилони мудофеъ дар СИЗО, ё боздоштгоҳи шаҳри Душанбе дар интернет интишор ёфт. Вакилони мудофеъи оқои Саидов пас аз ин мулоқот, ки дар рӯзи 14-уми август сурат гирифт ба хабарнигорон гуфтанд, ки Зайд Саидов гуфт фарди шокиро намешиносад. Дар ҳоле, ки гузориш шуда он зан дар чеҳраи Зайд Саидов таҷовузгарашро "шинохтааст".
Дар аксҳое, ки дар Фейсбук интишор шуданд, ду зан бо пушиши суннатӣ дар ҳоли берун баромадан аз сохтмони боздоштгоҳ дида мешаванд ва гуфта мешавад, яке аз онҳо "қурбонии таҷовуз" ва дигаре вакили мудофеъаш будааст.
Мазмуни тавзеҳоте, ки зери ин аксҳо дар шабакаи иҷтимоъӣ интишор ёфтаанд, хеле бадур аз ибрози эҳсосоти ҳамдарадӣ - чизе, ки маъмулан интизор меравад ба зане таҷовузшуда иброз шавад, будааст.
Аксари корбарон дар зери ин аксҳо тардиди худро дар мавриди синну сол ва ростқавлии шокӣ иброз дошта ва бархе дигар ин зан ва вакили мудофеъашро таҳқир кардаанд.
Бо ин вуҷуд ҳанӯз дақиқ нест, зане, ки дар ин аксҳо нишон дода шуда воқеъан занест, ки алайҳи Зайд Саидов шикоят бурдааст.
Бархе аз расонаҳои маҳаллӣ гузориш кардаанд, ки ҳарчанд вакилони мудофеъи оқои Саидов аксҳоро то ҳоло надидаанд ва шокии парвандаро дар онҳо шиносоӣ накардаанд, аммо тасвири ироакардаи онҳо аз пушиши либоси шокии мавриди назар дар рӯзи мулоқоташ бо Зайд Саидов дар боздоштгоҳ дар рӯзи 14-уми август, ба ончи дар аксҳои мунташиршуда дида мешавад, шабеҳ будааст.
