Дархости вукалои Саидов барои озмоиши Ди-эн-эй бепосух мондааст

Вукалои мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ ва раҳбари гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" аз гурӯҳи бозрасон ба дархости худ дар мавриди озмоиши Ди-эн-эйи (асиди деуксирибунуклеин) посухе дарёфт накардаанд.
Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъ, гуфт, ки рӯзи 6 августи соли ҷорӣ аз гурӯҳи бозрасони қазияи Зайд Саидов дархост шуда буд, то барои мушаххас кардани падарии кӯдаке, ки гуфта мешавад ба оқои Саидов мутаъаллиқ аст, озмоиши Ди-эн-эй анҷом шавад.
Зимнан, зане муддаъӣ буд, ки аз сӯйи Зайд Саидов мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта ва ҳамакнун аз ӯ фарзанде дорад.
Оқои Табаров гуфт, ки тибқи қавонини Тоҷикистон гурӯҳи бозрасон муваззаф аст дар муддати 10 рӯз ба ин дархост посух бидиҳад, аммо то ба ҳол ин кор анҷом нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Маҳмудҷон Қосимов, узви гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" рӯзи сешанбеи 27 август ба Би-би-сӣ гуфт: "Ба Додситонии кул ирсол шудани парвандаи Зайд Саидов маънии рад шудани ин дархостро дорад."
Оқои Қосимов гуфт, ки озмоиши Ди-эн-эй бояд дар ҷараёни бозрасӣ анҷом шуда ва аз натоиҷи он ба унвони далел дар ҷаласаи додгоҳ истифода мешуд.
Ба гуфтаи ӯ, имкон дошт дар сурати озмоиши Ди-эн-эй даст надоштани Зайд Саидов дар таҷовузи духтари ноболиғ собит шуда ва сохта будани иттиҳомоти ворида алайҳи ӯ ошкор гардад.
Гуфта мешавад, шояд ба ҳамин далел тақозои вукалои мудофеъи Зайд Саидов барои озмоиши Ди-эн-эйи кӯдаки зане, ки оқои Саидов ба таҷовузи ӯ муттаҳам шудааст, бароварда нашудааст.
Зимнан, рӯзи сешанбеи 27 август дар 100-умин рӯзи боздошти Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва раҳбари гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" дар боми бинои мавсум ба "Пойтахт" дар шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз 50 тан аз фаъъолони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон маросиме баргузор шуд.
Ширкаткунандагони ин ҳамоиш бори дигар ба сиёсӣ будани боздошти Зайд Саидов таъкид карда ва ҳамчун рамзи озодии ӯ 100 адад кабӯтари сафедро аз қафас озод карданд.
Ҳамчунин, акси бузурге аз Зайд Саидов тавассути пуфакҳо ё бодкунакҳои сафед ба ҳаво партоб шуд.
Қазияи Зайд Саидов, тоҷири маъруф бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон аз замони эъломи тасмимаш барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" дар 6 апрели соли ҷорӣ оғоз шудааст.
Дар рӯзи 19 майи соли ҷорӣ ба ҳангоми бозгашт аз шаҳри Пориси Фаронса Зайд Саидов дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва чандзанӣ боздошт шуд.
Вале оқои Саидов ин иттиҳомотро бепоя хонда ва гуфта буд, ки ба хотири собит кардани бегуноҳии худ аз Фаронса ба ватан баргаштааст.
Раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, қазияи боздошти Зайд Саидовро "сиёсӣ" хонда ва ин иттифоқро ба тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди сиёсӣ марбут донистаанд.
