Созмондиҳандагони флешмоб ба 5 рӯз ҳабси идорӣ маҳкум шуданд

  • 29 Август, 2013
Муҳамадҷон Қосимов
Image caption Оқои Қосимов баъд аз эъломи ҳукми додгоҳ алайҳи худ ба Би-би-сӣ гуфт, ки худро дар иртикоби ҳеҷ ҷурме гунаҳкор намедонад

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе иддае аз мубтакирони таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав"-ро барои панҷ рӯз ба ҳабси идорӣ маҳкум кард.

Темур Ҳафизов, қозии ин додгоҳ, рӯзи панҷшанбеи 29 август Маҳмудҷон Қосимов ва чаҳор фарзанд ва домоди Зайд Саидовро тибқи моддаи 460-и қонуни кайфарии Тоҷикистон дар авбошӣ муҷрим шинохт.

Ҳамчунин Мавҷудаи Соҳибназар, яке дигар аз фаъъолони ин гурӯҳ низ дар авбошӣ муҷрим шинохта шуда ва маҳкум ба пардохти ҳудуди 300 сомонӣ шудааст.

Маҳмудҷон Қосимов баъд аз эъломи ҳукми додгоҳ алайҳи худ ба Би-би-сӣ гуфт, ки худро дар иртикоби ҳеч ҷурме гунаҳкор намедонад.

Вай дар ҳоле ки бо яке аз кормандони амниятӣ аз бинои додгоҳ берун меомад, афзуд: "Ҳоло барои ман ҳукми ҳабси идориро барои панҷ рӯз эълом карданд ва ман намедонам, ки маро куҷо мебаранд."

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, мегӯяд, ки аъзои ҳизби номнависнашудаи "Тоҷикистони нав" ба хотири баргузории флешмоб" (таҷаммуъи онӣ) дар иртибот бо 100-умин рӯзи боздошти оқои Саидов ба додгоҳ фаро хонда шудаанд.

Оқои Табаров афзуд: "Кормандони бахши Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Исмоъили Сомонӣ алайҳи ин гурӯҳ парванда боз кардаанд, ки гӯё дар замони баргузории ин тадобир дар хиёбони наздик ба бинои "Пойтахт" мошинҳои зиёде таҷаммуъ кардаанд ва ин амр мунҷар ба бенизомӣ дар он минтақа шудааст."

Аммо оқои Табаров афзуд, ки наворҳои видиюии бино ва шоҳидони айнӣ, аз ҷумла хабарнигороне, ки аз ин иқдом гузориш ва аксбардорӣ мекарданд, гувоҳи онанд, ки чунин ҳодисае иттифоқ науфтодааст.

Дар ҳамин ҳол, як корманди пулиси ноҳияи Исмоъили Сомонӣ, ки дар бинои додгоҳ ширкат дошт, аз ироаи назар дар мавриди ин қазия худдорӣ кард.

Рӯзи сешанбеи 27 август дар боми сохтмони "Пойтахт" дар яке аз маҳаллоти марказии шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз 50 тан аз фаъъолони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон таҷаммуъе онӣ (флешмоб) доир шуд.

Image caption Ду нафари дигар аз мубтакирон, Мавҷудаи Соҳибназар ва Хайрулло Саидов дар берун аз додгоҳ интизор буданд, ки додгоҳ алайҳи онҳо чи ҳукмеро раво мебинад

Дар ин маросим ширкаткунандагон ба сиёсӣ будани боздошти Зайд Саидов таъкид карданд ва чун рамзи озодии ӯ 100 адад кабӯтари сафедро аз қафас озод ва акси бузурги ӯро тавассути бодкунакҳои сафед ба ҳаво партоб карданд.

Рӯзе қабл ду узви ин гурӯҳ барои созмон додани "флешмоб" бо тақозои озодии Зайд Саидов ба идораи пулиси ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе эҳзор шуда буданд.

Аз сӯйи дигар, вукалои мудофеъи Зайд Саидов аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки парвандаи муваккилашон бидуни ҳеҷ огоҳӣ ба онҳо ба Додгоҳи олии Тоҷикистон барои баррасӣ ироа шудааст.

Масъулони ин додгоҳ гуфтаанд, ки муҳокимаи парвандаи Зайд Саидов пушти дарҳои баста доир хоҳад шуд.

Коршиносон мегӯянд, ки боздошти Зайд Саидов, тоҷири маъруф ва вазири пешини саноеъ, ба эъломи тасмимаш барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" рабт доштааст.

Дар авосити моҳи майи соли ҷорӣ оқои Саидов ба ҳангоми бозгашт аз шаҳри Пориси Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва чандзанӣ боздошт шуд.

Раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон қазияи боздошти Зайд Саидовро "сиёсӣ" хонда ва тақозои озодии ӯро кардаанд.

Матолиби муртабит