Боздошти бародарзодаи Зайд Саидов дар фурӯдгоҳи Душанбе

  • 18 Ноябр, 2013
Зайд Саидов
Image caption Дилшод Саидов замоне боздошт шуд, ки барои додани шавоҳид дар додгоҳи бародарзодааш Зайд Саидов, худро аз Теҳрон ба Душанбе расонд

Шӯҳрати Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, соҳибкор ва сиёсатмадори боздоштӣ рӯзи душанбеи 18 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд Саидов субҳи рӯзи душанбе дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ки оқои Раҳимов яке аз тоҷиронест, ки ширакати вай дар масъалаи доду гирифти корхонаи баҳсбарангези "Тоҷикатлас" матраҳ будааст.

Оқои Қудратов гуфт, ки Дилшод Раҳимов аз сӯйи вукалои мудофеъи оқои Саидов барои додани шавоҳид аз Эрон даъват шуда буд, аммо кормандони интизомӣ ӯро боздошт кардаанд.

Вай мегӯяд, ки оқои Раҳимов то ҳол (замоне ки гузориш таҳия мешуд) дар бинои кормандони пулиси роҳу таробарӣ қарор дорад. Қарор аст, муҳокимаи додгоҳии Зайд Саидов, ки се моҳ боз идома дорад, фардо дар бинои боздоштгоҳи муваққатӣ пушти дарҳои баста идома ёбад.

Муҳокимаи додгоҳӣ рӯзи 23 октябр ба сабаби эътирози оқои Саидов ва вукалои ӯ аз он чи онҳо "беадолатии додгоҳӣ" ном бурданд, қатъ шуда буд.

Зайд Саидов дар моҳи майи соли ҷорӣ низ дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт ва равонаи боздошгоҳи муваққатӣ шуда буд. Дар моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ӯро пушти дарҳои баста оғоз кард.

Мақомоти интизомӣ алайҳи оқои Саидов ҳашт иттиҳом, аз ҷумла дар заминаи ришваситонӣ, чандҳамсарӣ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуб, таҷовуз ба номус, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ, водор кардан ба сақти ҷанин ва аххозӣ ё тамаъҷуӣ ворид карданд.

Аммо таҳлилгарон боздошти оқои Саидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва мегӯянд сабаби аслии боздошти вай ба эъломи тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" рабт доштааст.

Матолиби муртабит