Даъват аз вакили мудофеъи бритониёӣ барои ҳимояти Зайд Саидов

  • 23 Сентябр, 2013
Зайд Саидов
Image caption Зайд Саидов аз авохири баҳор дар боздоштгоҳ ба сар мебарад

Вукалои мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири боздоштшуда дар Тоҷикистон мегӯянд, ки имкон дорад, яке аз вукалои мудофеъи саршиноси Бритониё дар идомаи муҳокимаи додгоҳӣ аз мавқеъи муваккилашон дифоъ кунад.

Шӯҳрат Қодиров, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов, баъд аз анҷоми мурофеъаи додгоҳӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъаи 19 сентябр дар чараёни муҳокима ба қозии парванда дар ин бора додхост ироа шуд.

Шӯҳрат Қудратов дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ин додхост омадааст, ки Надя Ҳедмет, яке аз вукалои мудофеъи бритониёӣ дар муҳокима ширкат хоҳад кард.

Оқои Қудратов афзуд: “Ширкати Надя Ҳедментро дар идомаи муҳокимаи додгоҳӣ бо дархсоти иддае аз пайвандони оқои Саидов сурат мегирад. Ин вакили мудофеъ ҳоло дар Тоҷикистон ба сар мебарад.”

Ҳануз маълум нест, ки Шавкат Абдулхайров, қозии парвандаи Зайд Саидов, ки аз чор моҳ бадин сӯ дар боздошгоҳи муваққатии кумитаи амнияти миллӣ ба сар мебарад, ба ин дархости вукалои мудофеъи ӯ чӣ посух хоҳад дод.

Аммо Фахриддин Зокиров, вакили мудофеъи дигари оқои Саидов мегӯяд, ки онҳо бо хонуми Ҳедмет, ки ба хотири ширкат дар як ҳамоиш ба Тоҷикистон омадааст, суҳбат карданд ва хонум Ҳедмет ба онҳо гуфтааст, агар ширкати ӯ дар муҳокима муғойир ба қонуни Тоҷикистон набуда ва бар зарари Зайд Саидов набошад, ӯ омода аст, ки дар муҳокима ба унвони вакили мудофеъ ширкат кунад.

Бисёре аз ҳуқуқдонҳо баъид медонанд, ки қозии парвандаи Зайд Сидов, ки коршиносон боздошти ӯро сиёсӣ унвон кардаанд, иҷоза диҳад ки як вакили мудофеъ аз хориҷи кишвар дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ аз ӯ дифоъ кунад.

Аз сӯйи дигар ба гуфтаи намояндагони ин вакили мудофеъи бритониёӣ, Надя Ҳедмет, намояндаи Иттиҳодияи байналмилалии ҳуқуқдонҳо, ки манқари он дар Бритониё аст ба Душанбе барои ширкат дар як нишасте, ки ба қонун ва дифоъ бахшида шудааст ба Тоҷикистон омадааст. Ва онҳо имкони ширкати вай дар додгоҳ барои дифоъ аз Зайд Саидовро такзиб кардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон, панҷшанбеи ҳафтаи гузашта, баъд аз ҳудуди чор моҳи расидагӣ ба парвандаи Зайд Саидов, муҳокимаи ӯро дар бинои боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ оғоз кард.

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи оқои Саидов ҳашт иттиҳомро, аз ҷумла моддаҳои 319 ва 170-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне ришваситонӣ ва чандҳамсарӣ, ҳамчунин моддаҳои 314 (сӯиистифода аз мақом), 247 (тақаллуб), 138 (таҷовуз ба номус), 141 (алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ), 124 (водор кардан ба сиқти ҷанин) ва 250 (ахозӣ ё тамаъҷуӣ)-и воридк арданд.

Ба гуфтаи вакилони мудофеъи оқои Саидов ӯ дар нахустин рӯзи муҳокимаи додгоҳӣ тамоми иттиҳомоти ворида алайҳи худро радд карда ва онҳоро тӯҳмат хонд.

Дар муҳокимаи додгоҳии сиррии оқои Саидов ба ҷуз аз се всакили мудофеъ бародар ва писараш ширкат доранд.

Соҳибназарон бар ин назаранд, ки сабаби аслии боздошти Зайд Саидов, тоҷири маъруф ва вазири пешини саноеъ, ба эъломи тасмимаш барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" рабт дорад.

Дар авосити моҳи майи соли ҷорӣ оқои Саидов ба ҳангоми бозгашт аз шаҳри Пориси Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва чандзанӣ боздошт шуд.

Дар ҷараёни чор моҳи боздошти оқои Саидов раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон қазияи ӯро "сиёсӣ" хонда ва тақозои озодии вайро карда будаанд.

Матолиби муртабит