Вукалои Саидов ба нишони эътироз ҷаласаи додгоҳро тарк карданд

Вакилони мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири боздоштшуда дар Тоҷикистон, ба нишони эътироз алайҳи нақзи қонуни расидагӣ ба ҷароими ин кишвар толори додгоҳро тарк кардаанд.
Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов, рӯзи чаҳоршанбеи 23 октябр ба Би-би-сӣ гуфт чанд дархосте, ки тайи ду рӯзи ахир онҳо ба қозии додгоҳ ироа дода буданд, нодида гирифта шудааст.
Оқои Табаров мегӯяд, ки Зайд Саидов дар ҷаласаи имрӯзи додгоҳӣ суханронӣ карда ва бо ишора ба ин ки Шавкат Абдулхайров, қозии парванда, ба парвандаи ӯ мунсифона расидагӣ намекунад, ба нишони эътироз аз қозӣ хостааст, ки иҷоза диҳад ӯро аз толор берун кунанд.
Оқои Таборов ба нақл аз оқои Саидов гуфт: “Муваккили ман гуфт, дигар дар ин муҳокима, ки ба як намоишгоҳи ҳунарӣ (спектакл) табдил шудааст, ширкат намекунад. Вай аз мо низ хост, ки дигар дар идомаи муҳокимаи парванда ширкат накунем.”
Ба гуфтаи вакилони мудофеъи Зайд Саидов, онҳо дирӯз аз қозии парванда хостори озмоиши мустақиллонаи “Ди-эн-эй”-и оқои Саидоврок арда буданд, то робитаи падару фарзандии ӯ бо хонуме, ки иддаъо дорад писараш фарзанди оқои Саидов аст, муъайян шавад.
Вакилои оқои Саидов мегӯянд онҳо натоиҷи озмоиши қаблӣ, ки масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо мавориди зиёди нақзи қонун ва бидуни ҳузури вукалои мудофеъ дар як ширкати хусусӣ дар Маскав анҷом додаанд, эътимод надоранд.
Онҳо хостаанд, ки ин озмоиш дар яке аз кишварҳои урупоӣ ва бе таври бетарафона анҷом шавад.
Аммо оқои Табаров афзуд: "Имрӯз қозии парванда Шавкат Абдулхайров ин дархости мо ва ҳамчунин тақозои дигари мо мабнӣ ба нобоварӣ ба ҳайъати додгоҳро рад кард.”
Вай афзуд, ки дар аксари маворид қозии парванда дархостҳои вукалои мудофеъро барои муъайян кардани воқеъият рад мекунад.
Оқои Табаров гуфт: “Ман гумон мекунам, ки муҳокимаи муваккили мо бо мавориди зиёди нақзи қонуни расидагӣ ба ҷароими Тоҷикистон доир мешавад ва қозӣ нисбат ба ӯ рафтори муғризона мекунад."
Дар натиҷа, вакилони мудофеъи оқои Саидов идомаи ширкат дар муҳокимаи додгоҳӣ худдорӣ мекунанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз чаҳор моҳи расидагӣ ба парвандаи Зайд Саидов муҳокимаи ӯро дар бинои боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар авоили моҳи сентябр пушти дарҳои баста оғоз карда буд.
Дар оғоз ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи оқои Саидов ҳашт иттиҳом, аз ҷумла ришваситонӣ ва чандҳамсарӣ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуб, таҷовуз ба номус, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ, водор кардан ба сиқти ҷанин ва ахозӣ ё тамаъҷӯиро ворид карда буданд.
Ҳудуди як моҳ қабл дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳии Зайд Саидов иттиҳоми "маҳрум сохтани ғайриқонунӣ аз озодӣ" ба ин феҳрист изофа шуд. Аммо оқои Саидов ва се вакили мудофеъи ӯ тамоми иттиҳомоти ворида алайҳи ӯро рад мекунанд ва онҳоро туҳмат мехонанд.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сабаби аслии боздошти Зайд Саидов, тоҷири маъруф ва вазири пешини саноеъ, ба эъломи тасмимаш барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" рабт дорад.
Дар ҷараёни чаҳор моҳи боздошти оқои Саидов раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон қазияи ӯро "сиёсӣ" хонда ва тақозои озодии вайро кардаанд.
Ҳамчунин бархе аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо пахши баёнияҳое аз давлати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ба қазияи Зайд Саидов расидагии мунсифона шавад.
