ҲНИТ Кумитаи родию ва телевизиюнро ба додгоҳ кашид

  • 19 Сентябр, 2013
ҲНИТ
Image caption Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи ташаккулҳои сиёсии даргир бо давлати Тоҷикистон дар солҳои ҷанги дохилӣ буд, соли 1997 бо давлат тавофуқи сулҳро имзо кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар номаи шикоятиаш ба додгоҳ хостори узрхоҳии Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон барои таблиғоти "алайҳи наҳзатӣ" шудааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти ҲНИТ ин шикоят рӯзи панҷшанбеи 19 сентябр ба додгоҳи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ гуфт, то ба ҳол дар шабакаҳои телевизиюнҳои давлатии "Шабакаи аввал", "Сафина" ва "Ҷаҳоннамо" барномаҳои "сиёҳкунандаи фаъъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ" идома доштааст.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, масъулони Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба ҷониби ҲНИТ имкон намедиҳанд, ки аз тариқи телевизиюн ба иддаъоҳо ва интиқодҳо алайҳи Ҳизби наҳзат посух дода шавад.

Ӯ гуфт, ин амали мақомоти кумита ба моддаҳои 26 ва 28-и Сарқонун ё Қонуни асосии Тоҷикистон муғойират дорад. Дар моддаҳои 26 ва 28 озодии ҳар фард дар муносибат ба дин, ширкати озод дар маросим, расму оинҳои динӣ, ташкили аҳзоби сиёсии рӯҳияи демукротӣ, динӣ ё ғайримазҳабӣ дошта ва пайвастани шаҳрвандон ба аҳзобу созмонҳои мухталиф замонат дода шудааст.

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар номаи шикоятии худ ба додгоҳ навиштаанд, ҳамчунин, Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон муфоди Қонуни асосӣ, қавонини "Аҳзоби сиёсӣ" ва "Матбуъот ва дигар воситаҳои ахбори омма" риоят накардааст.

Аз ҷумла, дар моддаи 30-и Қонуни асосӣ омадааст: "Бар ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоъӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст."

Аз ин лиҳоз, мақомоти ҲНИТ аз додгоҳ хостаанд, то шабакаҳои телевизиюни давлатӣ ба пахши барномаҳои "зиддинаҳзатӣ" хотима дода ва афроди дар ин амал дастдошта расман аз Ҳизби наҳзати исломӣ узрхоҳӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон дар бораи номаи шикоятии ҲНИТ ба додгоҳи Исмоъили Сомонӣ ибрози беиттилоъӣ карда, аммо гуфтанд, ки дар ҷаласоти додгоҳ ба иддаъоҳои мақомоти Ҳизби наҳзат посух хоҳанд гуфт.

Зимнан, дар авоили моҳи гузашта Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, бо ирсоли номае аз Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизони Тоҷикистон тақозо карда буд, то барои пахши раддияи ин ҳизб ба таблиғоти алайҳи ҲНИТ шароит фароҳам орад.

Вале мақомоти Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ин дархостро рад карда буд.

Дар пайи дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳониёни кишвар дар рӯзи 4 июли соли ҷорӣ дар шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон барномаҳо алайҳи Ҳизби наҳзат пахш шуда ва дар онҳо аз фаъъолияти ҲНИТ интиқод ва ин ҳизб барои Тоҷикистон нолозим унвон шудааст.

Матолиби муртабит