Анҷумани ҲНИТ аз номзадии Бобоназарова ҳимоят кард

Анҷумани 10-уми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади пешниҳодии Иттиҳодияҳои нерӯҳои ислоҳотхоҳи ин кишвар барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро пуштибонӣ кард.
Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи сешанбеи 17 сентябр дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд, бештари вакилон бо пешниҳоди номзадии ӯ барои ширкат дар интихоботи розӣ шуданд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бва ҳангоми муъаррифии номзадии Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки ин ҳуқуқдони саршиноси кишвар бо Саид Абдулло Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ дӯстӣ дошта ва ба ҳангоми вуруди намояндагони Иттиҳоди мухолифон ба сохторҳои давлатӣ бар асоси саҳмияи 30 дарсадӣ оқои Нурӣ ба хонуми Бобоназарова мақоми муъовини Додситони куллро пешниҳод карда, аммо ӯ напазируфта буд.
Аз сӯйи дигар, хонуми Бобоназарова ҳамеша ба ҳайси фаъъоли ҳуқуқи башар аз арзишҳои исломӣ ҳимоят кардааст.
Ҳарчанд бархе аз вакилон ё ба истилоҳ ширкаткунандагони анҷуман "гурӯҳи консерватив ё муҳофазакорон" пешниҳоди зан ба мақоми раиси ҷумҳуриро хилофи анъаноти исломӣ арзёбӣ карданд.
Назар Бураков, вакил аз ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, номзади зан бори сангини масъулияти раёсати ҷумҳуриро кашида наметавонад ва аз ин лиҳоз пешниҳод кард, ки дар ин анҷуман аз номзадии Акбари Тӯраҷонзода, чеҳраи саршиноси маҳзабию сиёсӣ ё Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ба симати раиси ҷумҳурӣ ҳимоят шавад.
Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш номзадии Зурафо Раҳмонӣ, як тан аз масъулони ҲНИТ ва Маҳмудҷон Қосимов, узви гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Аммо онҳо расман аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ худдорӣ карда ва аз ҳозирон даъват карданд, ки аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ кунанд.
Бад ин тартиб, хонуми Бобоназарова бо аксари кулли оро ба унвони номзади ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ интихоб шуд.
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) рӯзи сешанбеи 10 сентябр, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси кишварро ба унвони номзад ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муъаррифӣ карда буд ва гуфта шуд, ки ин тасмими ИНИТ бояд дар анҷуманҳои аҳзоби узви ИНИТ тасвиб шавад.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос 65 сол дошта, дар даврони Иттиҳоди Шӯравии пешин раёсати донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Хонуми Бобоназарова аз мубтакирони таъсиси Ҳизби демукроти кишвар дар авоили даҳаи 1990 буда ва пас аз ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ дар муддати як моҳ зиндонӣ буд.
Феълан, хонуми Бобоназарова раёсати созмони ғайридавлатии “Перстектива+”-ро ба ӯҳда дошта ва аз фаъъолони дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Зимнан, дар Анҷумани ҲНИТ Раҳматилло Зойиров ва Шокироҷон Ҳакимов, раис ва муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи кории Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи ин кишвар ширкат надоштанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар оғози кори анҷуман гуфт, ки оқои Зойиров дар роҳ буда ва пас аз чанд лаҳза ба ҳамоиш ҳозир хоҳад шуд.
Вале баъдан гуфт, ки Раҳматилло Зойиров тавассути паёмак ё SMS хабар додааст, ки ба далели беморӣ наметавонад дар Анҷумани ҲНИТ ширкат кунад.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз вакилон гуфтанд, ки пуштибонӣ нашудани номзадии Раҳматилло Зойиров ба мақоми раиси ҷумҳурӣ аз сӯйи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ ӯ ва мақомоти Ҳизби сусиёл-демукротро озурда сохта ва мумкин аст, дар Анҷумани ҲСДТ дар рӯзи 21 сентябри соли ҷорӣ номзади ин ҳизб пешниҳод шавад.
Номзадии "зани сарлуч" ва арзишҳои исломӣ
Абдуманнони Шералӣ, узви ҲНИТ дар ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистон гуфт, бештари аъзои ин ҳизб дар манотиқи рустоӣ аз номзадии ба истилоҳи ӯ "зани сарлуч" ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ нахоҳанд кард.
Вай ба унвони мисол аз номаи 30 тан аъзои ҲНИТ, ки дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳрҳои Нижний Тагил ва Перми Русия қарор доранд, ёдовар шуд ва гуфт, ҳизби наҳзат бояд номзади мардро ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунад. Дар ғайри ин сурат онҳо дар интихобот аз номзади пешниҳодии ҲНИТ пуштибонӣ нахоҳанд кард.
Ойниҳол Бобоназарова дар посух ба иддаъои "зани сарлуч" гуфт : "Чаро вақти ба масҷид роҳ надодани ҷавонон ё поймол кардани ҳуқуқи духтарон барои пӯшиши сатр муфтиён ё имом-хатибҳо овоз баланд накарданд? Ҳамин "зани сарлуч" овоз баланд кард."
Акбари Тӯраҷонзода, чеҳраи саршиноси мазҳабию сиёсии Тоҷикистон гуфт, дар ҳоле ки кишварҳои исломие чун Покистон, Бангладеш, Индонезӣ ё Туркия занҳо дар мақомҳои раҳбари давлат ё ҳукумат фаъъолият кардаанд, дар Тоҷикистон, ки низомаш дунявӣ ё ғайримаҳзабӣ аст, чаро зан раиси ҷумҳур нашавад?
Ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, танҳо дар хилофати исломӣ, ки дар он халифа худ ҳоким, сарвазир, қозӣ ва ҳам раҳбари динӣ буда ва куллияи мақом дар дасти як нафар мутамаркиз шудааст, зан ҳаққи раҳбарии чунин кишварро надорад.
Дар ҳамин ҳол, хонуми Бобоназарова дар мавриди иддаъоҳо, ки гӯё дар Тоҷикистон шахсияти ношинохта аст, гуфт, дар ҳоле ки зоҳир шудани чеҳраҳои шахсиятҳо ё намояндагони аҳзоби мухолиф дар шабакаи телевизиюнҳои давлатӣ мамнӯъ аст, чи гуна сокинони Тоҷикистон метавонанд ин афродро шиносанд.,
Ӯ гуфт, дар сурати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан дар кобинаи худ ба Муҳиддин Кабирӣ ё Акбари Тӯраҷонзода мақоме намедиҳад. Зеро ин афрод аз номзадии ӯ на ба хотири касби мақоме балки ба хотири пиёда сохтани идеяҳои худ ҳимоят кардаанд.
Муҳиддин Кабирӣ низ ба навбаи худ таъкид кард, дар сурати пирӯзии номзади пешниҳодии Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мақомоти аҳзоби наҳзати исломӣ ва сусиёл-демукрот даъвои курсии вазоратхонаҳо нахоҳанд кард. То ин номзад битавонад аз тариқи ҷалби кодрҳои технократ барномаҳои худро пиёда созад ва кишварро аз низоми худкома ба низоми мардумсолорӣ табдил кунад.
Зимнан, рӯзи сешанбеи 17 сентябр, анҷуманҳои аҳзоби кишоварзӣ ва демукроти Тоҷикистон баргузор шуда, Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демукрот ва Толиббек Бухориев, муъовини раиси Фарҳангистони кишварии ин кишвар номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Соҳибназарон мегӯянд бархе аз аҳзоб ва шахсиятҳое, ки аз лиҳози сиёсӣ камшинохта ҳастанд ва номзадии онҳо барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст, бо ризояти мақомот барои сохтани фазо барои номзади мавриди ҳукумат ин иқдомро анҷом додаанд.
