Зайд Саидов дар таҷовузи духтари 12 сола муттаҳам шуд

  • 25 Сентябр, 2013
Зайд Саидов
Image caption Зайд Саидов аз чор моҳ бад инсӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад

Вукалои мудофеъи Зайд Саидов мегӯянд, ки кормандони интизомии Тоҷикистон алайҳи муваккилашон як иттиҳоми ҷадид, аз ҷумла “маҳрумияти ғайриқонунии фард аз озодӣ”-ро ворид карданд.

Ҳамчунин оқои Саидов, тоҷири саршиноси боздоштшуда дар таҷовуз ба номуси як духтари 12 солаи рус муттаҳам дониста шудааст.

Шӯҳрати Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи оқои Зайд Саидов, рӯзи чаҳоршанбеи 25 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки муваккилаш тамоми иттиҳомоти ворида алайҳи худро рад кардааст.

Оқои Қудратов афзуд: “Рӯзи сешанбеи 24 сентябр оқои Саидовро ба бинои Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон интиқол дода ва дар ҳузури вакилои мудофеъи ӯ таҳти бозпурсӣ қарор доданд. Дар ҷараёни бозпурсӣ як духтари 14 солаи руср бо ӯ рӯбарӯ шуд, ки гӯиё оқои Саидов ӯро ду соли қабл таҷовуз карда бошад.”

Оқои Қудратов мегӯяд, ки ҳамакнун муваккилаш бо се банди моддаи 131-и қонуни ҷазои Тоҷикистон яъне, маҳрумияти ғайриқонунии фард аз озодӣ муттаҳам мешавад.

Ҳарчанд вакилони мудофеъи оқои Саидов мегӯянд, ки вай тамоми иттиҳомоти ворида алайҳи худро рад кардааст. Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо, Зуҳал Раҳимов, бозраси ин парванда ҷараёни бозпурсиро анҷом додааст.

Аммо Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки чанд рӯзи қабл иддае аз шоҳидон парванда, аз ҷумлаи кормандони оқои Саидов аз оқои Раҳимов ба Додситонии куллии Тоҷикистон барои ворид кардани фишор ба онҳо ба ҳангоми додани шавоҳид шикоят бурдаанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи хабари ахир, соъати 12:00 вақти маҳалии рӯзи чаҳоршанбеи 25 сентябр бозпурсӣ ва рӯбарӯ кунии оқои Саидов бо фарди ба гуфтаи кормандони интизомӣ "ҷабрдида" дар маҳаллаи мавсум ба "Микроройони 46", яке аз бахшҳои ожонси мубориза бо фасод, бидуни ширкати вукалои мудофеъи вай сурат мегирад.

Тавре, ки яке аз вукалои мудофеъи оқои Саидов ба Би-би-сӣ гуфт, кормандони ин ниҳод барои ворид шудани Шӯҳрат Қудратов ба макони бозпурсии оқои Саидов мавонеъ эҷод карда ва дар натиҷа вукало мудофеъи вай ба унвони эътироз аз ширкат дар бозпурсӣ худдорӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Шавкат Абдулхайров, қозии парвандаи Зайд Саидов, вазири саноъеи қаблии Тоҷикистон, ки аз чор моҳ бадин сӯ дар боздошгоҳи муваққатии кумитаи амнияти миллӣ ба сар мебарад, дар муҳокимаи додгоҳӣ аброи се рӯз таътил эълом кардааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон, баъд аз чор моҳи расидагӣ ба парвандаи Зайд Саидов, муҳокимаи ӯро дар бинои боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ аз ду ҳафтаи қабл пушти дарҳои баста оғоз кард.

Ҳамакнун дар идомаи муҳокимаи додгоҳӣ оқои Саидов бо изофаи моддаи 131(маҳрумияти ғайриқонунӣ аз озодӣ) муҳокима хоҳад шуд.

Қаблан ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи оқои Саидов ҳашт иттиҳомро, аз ҷумла моддаҳои 319 ва 170-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне ришваситонӣ ва чандҳамсарӣ, ҳамчунин моддаҳои 314 (сӯиистифода аз мақом), 247 (тақаллуб), 138 (таҷовуз ба номус), 141 (алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ), 124 (водор кардан ба сиқти ҷанин) ва 250 (ахозӣ ё тамаъҷуӣ)-и воридк арданд.

Аммо оқои Саидов тамоми иттиҳомоти ворида алайҳи худро радд карда ва онҳоро тӯҳмат хондааст. Дар муҳокимаҳои додгоҳии сиррии оқои Саидов ба ҷуз аз се всакили мудофеъи ӯ бародар ва писараш ширкат доранд.

Соҳибназарон бар ин назаранд, ки сабаби аслии боздошти Зайд Саидов, тоҷири маъруф ва вазири пешини саноеъ, ба эъломи тасмимаш барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" рабт дорад.

Оқои Саидов дар авосити моҳи майи соли ҷорӣ ба ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва чандзанӣ боздошт шуд.

Дар ҷараёни чор моҳи боздошти оқои Саидов раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон қазияи ӯро "сиёсӣ" хонда ва тақозои озодии вайро карда будаанд.

Ҳамчунин бархе аз созмонҳои бонуфуси байналмилалӣ бо пахши баёнияҳое аз давлати тоҷикистон дархост карданд, ки ба қазияи Зайд Саидов расидагии мунсифона шавад.

Матолиби муртабит