Вукалои Саидов: Телевизиюни давлатӣ асли бароатро зери по мекунад

  • 1 Октябр, 2013
Вукалои мудофеъи Саидов
Image caption Дар ҳоле ки парвандаҳои оқои Саидов муҳри "сиррӣ" доранд, телевизиюнҳои давлатӣ ҷузъиёти ин парвандаҳоро ифшо кардаанд

Вукалои мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири боздоштшуда, нисбат ба пахши иттилоъоте дар бораи парвандаҳои муваккилашон дар телевизюни давлатӣ эътироз карданд.

Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоле ки парвандаҳои ҷиноии оқои Саидов муҳри "сиррӣ" дорад, ду шабакаи телевизюнии давлатӣ барномаеро аз ҷараёни ин таҳқиқот пахш кардаанд, ки муғоир бо қонун аст.

Дар нишасти хабарӣ перомуни ин амалкард, ки рӯзи сешанбеи 1 октябр доир шуд, Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов гуфт, ки аз додгоҳ тақозои муҳокимаи муваккилашро тибқи ду парвандаи эъломшуда алайҳи вай кардааст.

Ҳамчунин, вакилони мудофеъи Зайд Саидов мегӯянд, ки дар садади бурдани шикоят ба додситонии кул аз амалкарди ахири кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар қиболи муваккилашон ва намоиши барномаи телевизиюние ҳастанд, ки дар он асли бароат нақз ва оқои Саидов муҷрим эълом шудааст.

Асли бароат (презумпция невиновности) ба муқаррароте гуфта мешавад, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон ва мавозини ҳуқуқи башари байналмилалӣ зикр шуда ва тибқи он, ҳеч фардеро то замоне ки додгоҳе мунсифона ва одилона дар мавриди ӯ ҳукме содир накунад, наметавон "муҷрим" ё "ҷинояткор" хонд.

Парвандаҳои ҷиноии Зайд Саидов расман муҳри сиррӣ дорад ва ҷонибҳои ширкаткунанда бо ироаи номаҳо қавл додаанд, ки ҷараёни бозрасӣ ба парвандаҳоро махфӣ нигаҳ доранд.

Оқои Зокиров дар ин бора мегӯяд: "Дар мавриди парвандаи дувуме, ки алайҳи муваккили мо Додситонии кулии Тоҷикистон оғоз кардааст, аз мо забонхат гирифта шуд, ки дар мавриди ҷузъиёти он ба касе ва расонае иттилоъ надиҳем. Аммо дирӯз тавассути ду шабакаи телевизиюни давлатӣ тамоми ҷузъиёти бозпурсии Зайд Саидов ва рӯбарӯкунии вай бо духтаре, ки худро ҷабрдида медонад, нишон дода шуд."

Вай афзуд, ки тибқи моддаи 361-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон, ки барои бидуни иҷоза фош кардани сирри бозрасӣ то ду сол зиндонро дар назар гирифтааст, вукалои мудофеъи оқои Саидов бо касе дар ин маврид суҳбат накардаанд.

Ҳамчунин оқои Зокиров гуфт, ки дар ҷараёни барнома ва аз суҳбатҳои хабарнигори телевизиюн чунин бармеомад, ки муваккили онҳо гӯё аз сӯйи додгоҳ муҷрим шинохта шудааст.

Ба гуфтаи Иссоқ Табаров, яке дигар аз вукалои мудофеъи оқои Саидов, онҳо дар садади бурдани шикоят дар ин бора ба Додситонии кулли Тоҷикистон ҳастанд.

Парвандаҳои нотамом

Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз чаҳор моҳи расидагӣ ба парвандаи Зайд Саидов муҳокимаи ӯро дар бинои боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ се ҳафта қабл пушти дарҳои баста оғоз кард.

Image caption Зайд Саидов авосити моҳи майи соли ҷорӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шуд

Дар чорчӯби ин парванда оқои Саидов бо ҳашт иттиҳом, аз ҷумла бар асоси моддаҳои 319 ва 170-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне ришваситонӣ ва чандҳамсарӣ, ҳамчунин бар асоси моддаҳои 314 (сӯиистифода аз мақом), 247 (тақаллуб), 138 (таҷовуз ба номус), 141 (алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ), 124 (водор кардан ба сиқти ҷанин) ва 250 (ахозӣ ё тамаъҷӯйӣ) муҳокима мешуд.

Ҳафтаи гузашта Додситонии куллии Тоҷикистон алайҳи оқои Саидов боз як парванда боз кард ва таҳқиқи он бар асоси се банди моддаи 131(маҳрум сохтани ғайриқонунӣ аз озодӣ) шурӯъ шуд. Вукалои мудофеъи оқои Саидов аз он нигаронанд, ки масъулони зидахл метавонанд иттиҳомоти дигареро низ алайҳи муваккилашон ворид кунанд.

Дирӯз ду шабакаи телевизиюнии давлатӣ қисматҳое аз бозпурсии оқои Саидов, яъне рӯбарӯсозии вай бо як "ҷабрдидаи" ноболиғро ба намоиш гузоштанд.

Бори нахуст нест, ки расонаҳои давлатӣ афродеро, ки муҳокимаҳои додгоҳии онҳо идома дорад, қабл аз анҷоми муҳокима муҷрим эълом мекунанд. Ба гуфтаи коршиносон, дар бештари маворид ин шабакаҳо афроди норозӣ ва мухолифи давлатро дар чунин вазъияте қарор медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи иддае аз ҳуқуқдонҳо дар Тоҷикистон, телевизюнҳо ва родиюҳои давлатӣ бештар барои таблиғи раисҷумҳур фаъъолият мекунанд.

Ассадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи давлатии родию ва телевизюни Тоҷикистон, низ дар нишасти матбӯъотии ахири худ дар авоили тобистон иқрор кард, ки "рисолати аслии ин кумита тарғиби сиёсати давлати кунунии Тоҷикистон аст."

Аз сӯйи дигар, коршиносон бо ишора ба ин ки маблағи аслӣ барои фаъъолияти ин ширкатҳо аз молиёти мардум фароҳам мешавад, мегӯянд, ки ин шабакаҳо бояд ниёзи сокинон ба ахбор ва иттилоъоти саҳеҳ ва бетарафонаро бароварда созанд.

Матолиби муртабит