Муйсафеде яҳудӣ дар ҷустуҷӯйи хонаи аздастрафтааш дар Душанбе

  • 23 Июл, 2013
Иляухаим Устониёзов
Image caption Ин муйсафеди 90-сола, ки ҳоло дар канисаи яҳудиён дар Душанбе ба сар мебарад, тайи ҳашт соли ахир даргири қазияи додгоҳӣ барои баргардондани манзилаш дар ин шаҳр аст

Бо гузашти 16 сол аз поёни ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон асароти он дар бархе аз хонаводаҳое, ки молу мулки худро дар он замон аз даст додаанд, ҳамчунон бармалост.

Илё Устониёзов, шаҳрванди Исроил, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро ҳамроҳ бо ҳамсараш тарк карда ва муқими Исроил шуд, яке аз онҳост.

Ин муйсафеди 90-сола, ки ҳоло дар канисаи яҳудиён дар Душанбе ба сар мебарад, тайи ҳашт соли ахир даргири қазияе додгоҳӣ барои баргардондани манзилаш дар ин шаҳр аст.

Ба иддаъои оқои Устониёзов, ҳоло манзили ӯ ба як фурӯшгоҳи билети ҳавопаймоҳо дар хиёбони Айнии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, табдил шудааст.

Дар зарфи ҳашт соли ахир шикояти оқои Устониёзов дар сутуҳи мухталиф, аз додгоҳи ноҳиявӣ то ба додгоҳи олӣ баррасӣ шуда, аммо ӯ то ҳол натавонистааст манзилашро бозпас бигирад.

Ҳафтаи ҷорӣ ӯ ба унвони Вазири кишвари Тоҷикистон номае ирсол карда ва дар он аз "қонуншиканӣ ва чашмпӯшии мақомоти интизомӣ" дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи ӯ шикоят кардааст.

Бино ба ривояти оқои Устониёзов, ӯ қабл аз тарки Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба номи ҳамсояаш Вагиф Сатторов, ваколатномае дода буд, то вай хонаашро фурӯхта ва пулашро ба ӯ ирсол кунад.

Аммо ба иддаъои оқои Устониёзов, ҳамсояаш хонаро фурӯхта, вале маблағи онро ба ӯ нафиристодааст. Оқои Сатторов ба навбаи худ ин иддаъоро рад мекунад.

Дар номаи оқои Устониёзов ба вазири кишвари Тоҷикистон омадааст, ки ҳамаи далоил дар бораи дурӯғгӯйӣ ва тақаллубкории ин шаҳрвандро доштааст, аммо мақомот парвандае ҷиноӣ алайҳи ӯ боз намекунанд.

Дар ин нома мехонем: "Мақомоти зидахл ҳатто пас аз дарёфти далоили бечуну чаро алайҳи шаҳрванд Сатторов парвандаи ҷиноӣ боз намекунанд."

Оқои Устониёзов мегӯяд дар ин муддат манзилаш борҳо харида ва фурӯхта шуда ва Сурайё Ятимова, духтари Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, яке аз соҳибони муваққатии ин манзил дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе будааст.

Оқои Устониёзов дар ин бора мегӯяд: "Пас аз он ки дар нашрияи "Дайджест" дар соли 2011 дар бораи ин қазия матлаб чоп шуд, Ятимов духтарашро даъват карда ва гуфтааст, ки хонаро бифурӯшад. Ӯ хонаро 60 ҳазор дулор фурӯхтааст."

Оқои Устониёзов дар бораи хоҳиши бозгашташ ба Тоҷикистон чунин мегӯяд: "Замоне, ки мо Тоҷикистонро тарк кардем, дар кӯчаҳои шаҳр мурдаҳо хобида буданд. Ҳоло ҳазор бор шукр, сулҳ ва оромӣ аст, аммо дар Исроил вазъият хуб нест. Барои ҳамин, ман мехоҳам хонаамро баргардонам ва дар Тоҷикистон зиндагӣ кунам."

Оқои Устониёзов танҳо фарде нест, ки қазияи додгоҳии марбут ба моликияти манзилаш солҳои сол тӯл мекашад.

Дар даҳаи 1990 ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон кишвар ва манозили худро тарк карда ва бахши азиме аз онҳо пас аз солҳои тӯлонӣ ба ватан бозгаштанд ва хонаҳои худро тасарруфшуда тавассути афроди ношинос дарёфтанд.

Мақомоти додгоҳӣ мегӯянд дар даҳ соли ахир ҳазорҳо шикоят дар мавриди чунин қазияҳоро баррасӣ ва ҳал кардаанд, аммо на ҳамаи соҳибони пешинаи манозили таркшуда санадҳои лозим барои баргардондани хонаҳояшонро дар даст доранд.

Аммо Илё Устониёзов аз миёни ин афрод нест. Ӯ мегӯяд, ки ҳамаи асноди лозим барои исботи иддаъоҳояшро ӯ бо худ дорад ва танҳо чизе, ки барои "ҳалли одилонаи" қазияаш ниёз дорад, "фаъъолияти шаффоф ва бидуни ғарази" мақомҳои интизомӣ будааст.

Матолиби муртабит