Додситон барои Зайд Саидов муҷозоти 28 соли зиндонро тақозо кард

Додситони парвандаи ҷиноии Зайд Саидов, тоҷири боздоштшуда, дар муҳокимаи додгоҳӣ ҳукми 28 сол зиндон бо мусодираи амволро барои оқои Саидов аз қозӣ дархост кардааст.
Ба гуфтаи вакилони мудофеъи оқои Саидов, рӯзи панҷшанбеи 5 декабр Абдусамеъ Додобоев ин дархостро дар ҷаласаи додгоҳ эълом кардааст.
Шуҳрат Қудратов, яке аз вукалои оқои Саидов, ба Би-би-сӣ гуфт, ки вукалои мудофеъ бо ин дархости додситон мухолифанд ва рӯзи душанбеи оянда дар суханрониҳояшон ба ин нукта таъкид хоҳанд кард.
Оқои Қудратов мегӯяд, ки муваккили онҳо иттиҳомоти ворида алайҳи худро сад дарсад рад мекунад. Вай афзуд, ки се нафар аз вукалои мудофеъи вай низ ин дархостро ғайриъодилона медонанд.
Ин дар ҳолест, ки вукалои мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва вазири собиқи саноеъ, ки аз шаш моҳ пеш ба ин сӯ дар боздошт ба сар мебарад, дар авосити моҳи ноябр бозраси парвандаи ҷиноии муваккилашонро ба ҷаъли асноди марбут ба озмоиши "Ди-эн-эй"-и оқои Саидов муттаҳам карда буданд.
Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи севуми Зайд Саидов, бо ишора ба тақаллубкории масъулон дар мадорик дар робита бо яке аз иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилаш, гуфт, вай мутмаин аст, ки тамоми иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Саидов бепоя ҳастанд.
Зайд Саидов дар моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт ва равонаи боздоштгоҳ шуда буд. Дар моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ӯро пушти дарҳои баста оғоз кард.
Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи оқои Саидов ҳашт иттиҳом, аз ҷумла ришваситонӣ, чандҳамсарӣ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуб, таҷовуз ба номус, робитаи ҷинсӣ бо фарде ноболиғ, водор кардан ба сиқти ҷанин ва ахозӣ ё тамаъҷуиро матраҳ кардаанд.
Аммо таҳлилгарон боздошти оқои Саидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва мегӯянд сабаби аслии боздошти вай эъломи тасмимаш барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" аст.
Дар тобистони соли ҷорӣ ба дунболи боздошти оқои Саидов Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид зимни пахши як баёния ин иқдоми мақомоти тоҷикро "боздошти худсарона" хонд.
Дар ин баёния, ки 25 июл дар шаҳри Женев мунташир шуд, таъқиби мухолифон дар Тоҷикистон ва Укройн дорои "ангезаҳои сиёсӣ" арзёбӣ ва маҳкум карда шудааст.
