Вукалои мудофеъи Саидов: "Бозрас мадраки тақаллубии "Ди-эн-эй"-ро истифода карда"

Вукалои мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири қудратманд ва сиёсатмадори тозаиқдоми тоҷик, ки дар боздошт аст, бозраси парвандаи ҷиноии муваккилашонро ба тақаллубкории мадорики озмоиши "Ди-эн-эй"-и оқои Саидов муттаҳам кардаанд.
Онҳо мегӯянд, ки бозрас бахши натиҷаи санади озмоиши "Ди-эн-эй"-и оқои Саидовро тағйир дода ва ба додгоҳ ироа кардаст ва вукалои мудофеъи оқои Саидов гуфтаанд, ки аз ин тақаллубкории бозрас ба Додситони кулли Тоҷикистон шикоят мебаранд.
Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов, рӯзи сешанбеи 19 ноябр дар нишасти хабарӣ гуфт, ки озмоиши "Ди-эн-эй"-и муваккилаш дар ширкати мавсум ба "БиоПапа"-и Русия анҷом шудаст.
Оқои Табаров мегӯяд: "Ман чанде қабл барои мушаххас кардани ҳуввияти фарде, ки хуни вай барои озмоиш ба ин ширкат интиқол ёфта буд, ба шаҳри Маскав рафтам. Масъулони ин ширкат мӯйи муваккиламро, ки ман бо худ бурда будам, ташхис карданд ва бо озмоиши қаблӣ муқоиса карданд ва гуфтанд, ки дарвоқеъ хуни оқои Саидов ва хуни кӯдаки хонуми шокӣ ташхис шудааст."
Оқои Табаров гуфт, ки масъулони ин ширкат санади воқеъии ташхисшударо ба ӯ пешкаш кардаанд ва натиҷаи он ҳокӣ аз он аст, ки эҳтимоли падар будани оқои Саидов ба фарзанди хонуме, ки иддаъо дорад писараш фарзанди вай аст, сифрро (0) нишон медиҳад. Ва ӯ падари фарзанди ин хонум будани муваккилашро рад кард.
Вукалои мудофеъи оқои Саидов ҳамзамон нусхаи ин санадро дар ихтиёри хабарнигорон гузоштаанд ва гуфтаанд, ки имрӯз дар идомаи муҳокимаи додгоҳӣ ин санадро ба қозии парванда ба увнони мадрак пешкаш карданд.
Ҳамчунин онҳо навореро ба хабарнигорон пешкаш карданд, ки ки дар он кормандони масъули ширкати "Био Папа"-и Русия бо нишон додани санади воқеъии озмоиш, падар будани Зайд Саидовро барои кӯдаке, ки хуни вай низ ба онҳо барои ташхис ироа шудааст, ғайриимкон мехонанд.
Фахриддин Зокиров, вакили дигари оқои Саидов гуфт, ки ахиран мақомоти интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла масъулони додситонии кулли ин кишвар дархостҳои онҳоро бепосух мемонанд, вале ӯ мегӯяд, ки имкон дорад, онҳо дар оянда яке аз масъулони ширкати "БиоПапа"-и Русия, ки озмоиши "Ди-эн-эй"-и оқои Саидовро анҷом дода ба унвони шоҳид ба додгоҳ даъват кунанд.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи севвуми Зайд Саидов дар ин нишасти хабарӣ бо ишора ба тақаллубкории масъулон дар мадорик дар робита ба яке аз иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилаш, гуфт, вай мутъмаин аст, ки тамоми иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Саидов бепоя ҳастанд.
Рӯзи сешанбеи 19 ноябр, баъд аз вақфаи тӯлонӣ, додгоҳ дубора муҳокимаи парвандаи оқои Саидовро оғоз кард. Дар авохири моҳи гузашта Зайд Саидов, ва вукалои ӯ ба нишони эътироз алайҳи нақзи қонуни расидагӣ ба ҷароими ин кишвар толори додгоҳро тарк карда буданд.
Он замон вукалои мудофеъи ӯ аз қозии парванда дархости озмоиши мустақиллонаи "Ди-эн-эй"-и оқои Саидовро карда буданд, то робитаи падару фарзандии ӯ бо хонуме, ки иддаъо дорад писараш фарзанди оқои Саидов аст, муъайян шавад.
Аммо Шавкат Абдулхайров, қозии парванда, ин дархости онҳоро рад кард ва аз ин рӯ вукалои мудофеъ яке аз онҳоро барои мушаххас кардани воқеъият ба Русия эъзом карданд.
Зайд Саидов дар моҳи майи соли ҷорӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт ва равонаи боздошгоҳи муваққатӣ шуда буд. Дар моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ӯро пушти дарҳои баста оғоз кард.
Мақомоти интизомӣ алайҳи оқои Саидов ҳашт иттиҳом, аз ҷумла дар заминаи ришваситонӣ, чандҳамсарӣ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуб, таҷовуз ба номус, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ, водор кардан ба сақти ҷанин ва аххозӣ ё тамаъҷуӣ ворид карданд.
Аммо таҳлилгарон боздошти оқои Саидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва мегӯянд сабаби аслии боздошти вай ба эъломи тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" рабт доштааст.
Дар ҳамин ҳол вукалои мудофеъи Зайд Саидов гуфтанд, ки Дилшод Раҳимов, шоҳиди онҳо, ки дирӯз аз сӯйи кормандони интизомӣ дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шудааст, озод шуд.
