Номаи фарҳангиён ба Раҳмон барои муҳокимаи одилонаи Зайд Саидов

Қазияи Зайд Саидов маҳбубияти ӯро дар миёни мардум коҳиш надода, балки муносибати хайрхоҳонаи рӯзафзуни одамон ба тақдираш ҳарчи бештар мушоҳида мешавад.
Ин матлаб дар номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз сӯйи чаҳор нафар аз фарҳангиён матраҳ шудааст. Зери ин нома шоъирон Гулрухсори Сафӣ, Муъмин Қаноъат ва донишмандон Маҳмадшо Илолов ва Мӯсо Диноршоев имзо кардаанд.
Дар матни ин нома, ки рӯзи сешанбеи 17 декабр мунташир шуд, нахуст аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раҳбари Тоҷикистон тавсиф ва сипас аз қазияи Зайд Саидов изҳори нигаронӣ шудааст:
“Зайд Саидов миёни мардум воқеан ҳам маъруфияту маҳбубиятеро соҳиб гаштааст, маҳбубиятеро, ки дар ҷомеъа танҳо бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ метавон дарёфт намуд. Саҳме дорад назаррас дар раҳоии мардум аз вартаи ҷанг. Шахсест муваффақ дар ҷоддаҳои мухталифи фаъъолият, бағоят хоксор, ғамшарики одамон, маърифатпарвар, дорои нангу номуси миллӣ, ҳиммату саховаташ ибратомӯз."
Дар ин нома ҳамчунин хитоб ба оқои Раҳмон омадааст: "Фаъолияти давлативу ҷамъиятиаш ифодаи садоқат ба сиёсати эҷодкоронаи Шумост ва бо пайравӣ аз ин сиёсат ба хотири ободии кишвару беҳбудии мардум корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст."
Дар идома, фарҳангиён аз саҳми Зайд Саидов дар бунёди муҷтамаъи “Душанбе-плаза” ёдовар шуда ва ҳамчунон зикр кардаанд, ки ин соҳибкори (тоҷири) маъруф чанд духтарро аз навоҳии кӯҳистонӣ ба Душанбе барои таҳсил даъват кардаву маболиғи заруриро барои онҳо таъмин мекард.
Муаллифон навиштаанд: “Зайд Саидов дар қатори аввалин нафарони баномуси миллат буд, ки аҳолии аз сел зарардидаи Кӯлобро бо манзили иқомат таъмин кардаанд, тариқи хариди саҳмия ҷонибдориашонро аз иқдоми бағоят муҳимми тақдирсози Шумо бобати бунёди нерӯгоҳи "Роғун" собит намудаанд. Нафарест, ки дар татбиқи (иҷрои) сиёсати давлатии дастгирии мактабу маъориф, мусоъидат барои таҳсил ба сокинони кӯҳистон ва табақаҳои осебпазири мардум пешсаф буд."
Боздошти Зайд Саидов баъд аз эъломи тасмимаш ба таъсиси ҳизби сиёсии ҷадиде бо номи “Тоҷикистони нав” сурат гирифта ва мақомот ӯро ба иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла ришваситонӣ, таҷовуз ба номус ва чандзанӣ мутаҳҳам кардаанд.
Фарҳангиёни тоҷик дар номаи худ ба иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Саидов ишораи сареҳе накардаанд, аммо навиштаанд, ки хислатҳои ҳамидаи ӯ, ҳиммату саховат ва созандагиву ободкорияш далели ин аст, ки "ин гуна афрод наметавонанд ба кирдори нангине даст зананд, ки мақомот муттаҳамаш кардаанд."
Дар номаи фарҳангиёни тоҷик омадааст: “Итминон дорем ташаббуси (ибтикори) таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" низ идомаи ҳамон мантиқ аст. Яъне ҳадафаш тақвияти кӯшишу талошҳост ба хотири пайравиву дастгирии сиёсати Шумо тавассути фаъъолияти сиёсии дастаҷамъонаи нафарҳое, ки малакаву маҳорати хуби тахассусӣ доранд."
Дар ин нома аз вазъи саломатии Зайд Саидов ибрози нигаронӣ шудааст. Муаллифони нома навиштаанд, ки оқои Саидов иллати ҷисмонии модарзоде дорад ва вазъи саломатияш низ чандон хуб нест. Фарҳангиён афзудаанд, ки азобу азияту маҳрумиятҳое, ки "қариб ҳафт моҳ нисбаташ раво дидаанд", барои саломатиаш хатару оқибати ногувори бебозгашт дорад.
Дар поён, фарҳангиён аз раисҷумҳур хостори расидагии одилона ба қазияи додгоҳии Зайд Саидов шудаанд: “Итминон дорем ҷуз дахолати мустақими Шумо ба қазия илоҷи дигаре дар таъмини риъояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест. Мутмаиннем, шахсияти Зайд Саидов сазовори чунин таваҷҷуҳ аст."
"Барои тақвияти хулоса метавонем бигӯем, ки ҳама гуна иддаъо, таънаву маломат, шубҳаву гумон унвонии ин фард, ки ба санҷишу тафтиш вобастагие доранд, маҳбубияти ӯро миёни мардум коҳиш надодаанд, гузашта аз ин, муносибати хайрхоҳонаи рӯзафзуни одамон ба тақдираш ҳарчи бештар мушоҳида мешавад."
Дар номаи фарҳангиён ба раисҷумҳури Тоҷикистон омадааст, ки дар сурати расидагии ғайримунсифона ба қазияи Зайд Саидов, ин қазия "чун рамзи бедодгарӣ" муъаррифӣ хоҳад шуд.
Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва вазири пешини саноеъи Тоҷикистон, дар моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи ӯро пушти дарҳои баста дар сохтмони боздоштгоҳ оғоз кард.
Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи оқои Саидов ҳашт иттиҳом, аз ҷумла ришваситонӣ, чандҳамсарӣ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуб, таҷовуз ба номус, робитаи ҷинсӣ бо фарде ноболиғ, водор кардани ӯ ба сиқти ҷанин ва ахозӣ ё тамаъҷӯиро матраҳ кардаанд.
Зайд Саидов дар суханронии ниҳоии худ дар ҷаласаи додгоҳӣ бештари ин иттиҳомотро бепоя донист. Вай афзуд, ки гувоҳӣ гирифтан аз атбоъи хориҷӣ дар “қазияи додгоҳии сохтагӣ” алайҳи ӯ ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ латма мезанад.
Додситонӣ аз додгоҳ хостааст, ки Зайд Саидовро ба 28 соли зиндон маҳкум кунад. Аммо замони эъломи ҳукми додгоҳ ҳанӯз мушаххас нашудааст.
