Зайд Саидов худро аз ҳама гуна иттиҳомот мубарро хонд

  • 11 Декабр, 2013
Зайд Саидов
Image caption Оқои Саидов гуфт, ки гувоҳӣ гирифтан аз атбоъи хориҷӣ дар “қазияи додгоҳии сохтагӣ” алайҳи ӯ ба обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ латма мезанад

Зайд Саидов, тоҷири боздоштшуда ва вазири саноеъи пешини Тоҷикистон, дар сухани охири худ дар додгоҳ гуфтааст, ки гувоҳӣ гирифтан аз атбоъи хориҷӣ дар “қазияи додгоҳии сохтагӣ” алайҳи ӯ ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ латма мезанад.

Тавре ки Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов гуфт, муваккилаш рӯзи чаҳоршанбеи 11 декабр ин ҳарфҳоро дар ҷаласаи додгоҳ зимни суханронии қабл аз эъломи ҳукм гуфтааст.

Оқои Қудратов ҳамчунин ба Би-би-сӣ гуфт, ки муваккилаш ҳамаи иттиҳомоти ворида алайҳи худро сохтагӣ хонда ва афзудааст, ки ӯ ба ватанаш хиёнат накарда ва назди мардуми Тоҷикистон пок аст.

Вай афзуд: “Зайд Саидов гуфт парвандаи ҷиноие, ки мақомоти интизомӣ алайҳи ӯ боз карданд, туҳмат ва сохтагӣ буда ва ӯ дар иртикоби ҳеҷ ҷурме даст надорад. Вай гуфт, ки ин қазия сирф сиёсӣ буда ва кашида шудани шаҳрвандони бархе аз кишварҳои хориҷӣ ба унвони шоҳид ба ин парванда ва водоштани онҳо ба додани гувоҳии бардурӯғ ба обрӯи Тоҷикистон латма ворид мекунад.”

Оқои Қудратов гуфт, ки муваккилаш дар беш аз ду соъату 30 дақиқаи суханронии худ бисёре аз ҷанбаҳои қазияро рӯшан кард, ки бегоуноҳии ӯро собит мекунад. Оқои Заидов ҳамчунин аз қозии додгоҳ хост, ки ба қазияи ӯ ба таври мунсифона расидагӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта додситони парвандаи ҷиноии Зайд Саидов дар муҳокимаи додгоҳӣ ҳукми 28 сол зиндон бо мусодираи амволро барои оқои Саидов аз қозӣ дархост карда буд.

Маъмурони давлатии Тоҷикистон Зайд Саидовро дар моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт карданд. Моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи ӯро пушти дарҳои баста дар сохтмони боздоштгоҳ оғоз кард.

Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи оқои Саидов ҳашт иттиҳом, аз ҷумла ришваситонӣ, чандҳамсарӣ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуб, таҷовуз ба номус, робитаи ҷинсӣ бо фарде ноболиғ, водор кардани ӯ ба сиқти ҷанин ва ахозӣ ё тамаъҷӯиро матраҳ кардааст.

Матолиби муртабит