Таҷаммуъи тарафдорони Зайд Саидов дар беруни ҷаласаи додгоҳ

Даҳҳо нафар аз пайвандон ва тарафдорони Зайд Саидов, тоҷири боздоштшуда, дар беруни боздоштгоҳи шумораи яки шаҳри Душанбе таҷаммуъ кардаанд.
Ин афрод, ки шумори онҳо тақрибан 50 нафар баровард шудааст, мегӯянд, ки мунтазири ҳукми додгоҳ барои оқои Саидов ҳастанд ва дар сурате ки ҳукми мунсифонае содир нашвад, даст ба эътироз хоҳанд зад.
Вукалои мудофеъи оқои Саидов қаблан хабар дода буданд, ки қарор аст додгоҳ имрӯз ҳукми худ алайҳи ин тоҷири саршинос ва вазири саноеъи пешинро, ки пас аз эъломи тасмимаш ба таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" боздошт шуд, қироат кунад.
Хабарнигорони зиёде барои бозтоби ин рӯйдод дар наздикии боздоштгоҳи амниятӣ ҷамъ шудаанд, аммо ба гуфтаи онҳо, маъмурон иҷозаи вуруд ба толори муҳокимаро намедиҳанд. Ҷаласоти муҳокимаи оқои Саидов то кунун дар дохили боздоштгоҳ ва пушти дарҳои баста доир шудааст.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки шумори қобили мулоҳизае аз маъмурони амниятӣ ва пулис дар перомуни сохтмони ин боздоштгоҳ қарор доранд ва афроди таҷаммуъкардаро аз наздикии сохтмон меронанд. Як маъмури пулис гуфт, ки мардум ҳаққи таҷаммуъ дар фосилае наздик ба сохтмони боздоштгоҳро надоранд.
Бархе аз хабарнигорон мегӯянд, ки маъмурони пулис бо афроди таҷаммуъкарда рафтори хашин кардаанд. Ба гуфтаи хабарнигорон, маъмурон аз ҷумла Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории "Озодагон"-ро ба иттиҳоми "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" боздошт карда ва бо худ бурдаанд.
Дар миёни тарафдорони Зайд Саидов, ки дар наздикии боздоштгоҳ ҷамъ шудаанд, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва номзади мухолифон ба интихоботи риёсати ҷумҳурии 6 ноябр, Барзу Абдурраззоқов, коргардони маъруфи теотр, ва Ҳоҷимаҳмад Умаров, иқтисоддони маъруф, ҳам ҳузур доранд.
Маҳмудҷон Қосимов, яке аз мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", ба Би-би-сӣ гуфт, ки ӯ ба "ҳокимияти қонун" эътимод дорад ва умедвор аст, ки додгоҳ оқои Саидовро табраа кунад. Дар сурате ки оқои Саидов маҳкум ба зиндон шавад, вукалои ӯ дархости таҷдиди назар хоҳанд кард.
Боздошти Зайд Саидов тобистони гузашта ва дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, баъд аз эъломи тасмимаш ба таъсиси ҳизби сиёсии ҷадиде бо номи “Тоҷикистони нав” сурат гирифт. Мақомот ӯро ба иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла ришваситонӣ, таҷовуз ба номус ва чандзанӣ мутаҳҳам кардаанд.
Зайд Саидов дар моҳи майи соли ҷорӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоме ки аз сафар ба Фаронса бармегашт, боздошт ва равонаи боздошгоҳи муваққатӣ шуд. Дар моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ӯро пушти дарҳои баста оғоз кард.
Мақомоти интизомӣ алайҳи оқои Саидов ҳашт иттиҳом, аз ҷумла ришваситонӣ, чандҳамсарӣ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуб, таҷовуз ба номус, робитаи ҷинсӣ бо фарде ноболиғ, водор кардани ӯ ба сиқти ҷанин ва ахозӣ ё тамаъҷуиро алайҳи ӯ ворид кардаанд.
Намояндаи додситонӣ дар яке аз ҷаласоти ахири додгоҳ аз қозии парвандаи оқои Саидов маҳкумият ба 28 сол зиндонро барои ӯ тақозо карда буд. Мунтақидон судури чунин ҳукмеро ғайримунсифона медонанд.
Аммо таҳлилгарон боздошти оқои Саидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва мегӯянд сабаби аслии боздошти вай ба эъломи тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" рабт доштааст.
