Наҳзати Исломӣ ҳукми додгоҳ алайҳи Зайд Саидовро 'золимона' хонд

  • 26 Декабр, 2013
Зайд Саидов
Image caption Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳукми додгоҳ алайҳи Зайд Саидовро 'ноъодилона ва золимона' хондааст

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи давлати ин кишвар, ҳукми Додгоҳи олӣ алайҳи Зайд Саидов, тоҷири саршиносро, 'ноъодилона ва золимона' хонд.

Тибқи баёнияе, ки ин ҳизб рӯзи панҷшанбеи 26 декабр интишор дод, аъзои шӯрои сиёсии ҳизб боздошти Абдурраҳим Шукуров, филмбардори хабаргузории "Озодагон"-ро низ шадидан маҳкум кардаанд.

Аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳукми додгоҳро, ки рӯзи гузашта дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар пушти дарҳои баста эълом шуд, ва озору шиканҷаи филмбардори хабаргузории "Озодагон" аз сӯйи пулисро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандӣ хондаанд.

Ҳамчунин ҲНИТ аз давлат хостааст, ки таъаҳҳудоти худ дар мавриди таъмини ҳуқуқи башар ва риъояти меъёрҳои ҷомеъаи демукротикро назди ҷомеъаи байналмилалӣ иҷро кунанд.

Шӯрои сиёсии ҳизб аз созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон хостааст, ки нисбат ба қазияи Зайд Саидов, тоҷири муҳкумшуда, бетараф набошанд.

Дар баёния омадааст: "Пӯшида нест, ки бо ошкор шудани маснӯъӣ ва сохта будани далелҳо ва иттиҳомот, (алайҳи Зайд Саидов) хусусияти сиёсӣ доштани парвандаи мазкур барои ҳамагон маълум шуд."

Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари ин ҳизб, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ алайҳи оқои Саидов, аз тоҷирони ботаҷруба, ки барои рушду нумӯъи кишвар ҷонбозиҳо кардааст, ноъодилона ва золимона аст.

Оқои Ҳайит гуфт: "Бародар Зайд Саидов тамоми сармояи худро ба Тоҷикистон овард, то ин кишварро тавсеъа диҳад. Ва аз ин ки додгоҳҳои кишвар имрӯз мустақил нестанд, шикоят дорам."

Вай афзуд: "Мо, масъулони ҳизб аз ин ки раҳбарияти кишвар дар Тоҷикистон дар ҳарф ҷомеъаи демукротик бунёд карданианд, вале дар амал, ҳокимият ва бахусус шохаи додгоҳӣ, масъулони бозрасӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигар мустақил нестанд ва бо дастури нафарҳое аз мақомоти болоӣ фаъъолият доранд, нигарон ҳастем.”

Image caption Оқои Ҳайит гуфт, ки додгоҳҳои Тоҷикистон мустақил нестанд ва суфориши мақомоти болоиро иҷро мекунанд

Ҳамчунин Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз Додгоҳи олӣ ва давлати Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти умури дохилӣ, қотеъона тақозо кардааст, ки барои таъмини ҳокимияти қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон "аз эҷоди тарсу хавф худдорӣ намоянд."

Дар баёнияи ин ҳизб омада: "Даъвату боз кардани ҳамагуна парвандаҳои ҷиноӣ ва идорӣ нисбат ба афроди фаъъоли ҷомеъа ва рӯзноманигорон на танҳо вазъи дохилии кишварро ноором месозад, балки дар эътибор ва ҳайсияти кишвар дар сатҳи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад."

ҲНИТ дар ҳоле ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон алайҳи оқои Саидовро маҳкум мекунад, ки имрӯз вукалои мудофеъи ин тоҷир дар як нишасти матбӯъотӣ гуфтанд, ки баъд аз қонунӣ шудани ҳукми додгоҳ ҷузъиёти бештаре дар бораи навоқиси раванди муҳокимаро дар ихтиёри хабарнигорон мегузоранд.

Ҳамчунин, онҳо мегӯянд, ки парвандаи оқои Саидов суфоришӣ буд ва вукалои мудофеъ ҳувияти афроди суфоришгари боздошт ва зиндонӣ кардани ин тоҷирро низ ба хабарнигорон ифшо мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр Зайд Саидов, тоҷир ва вазири саноеъи пешинро, ки мубтакири таъсиси ҳизбе бо номи “Тоҷикистони нав” дар тобистони гузашта буд, барои 26 сол ба зиндон, ба иловаи мусодираи амволаш, маҳкум кард.

Матолиби муртабит