Панҷ тарафдори Зайд Саидов ҷарима шуданд

  • 26 Декабр, 2013
Мавҷуда Соҳибназарова
Image caption Хонуми Соҳибназарова рӯзноманигори собиқадор ва аз мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" аст

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе панҷ тан аз тарафдорони Зайд Саидов, тоҷири саршиносро, ба иттиҳоми "муқовимат бо кормандони пулис" ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима кард.

Мавҷуда Соҳибназарова ва Маҳмудҷон Қосимов, ду тан аз фаъъолони сиёсӣ ва аз мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", ба ҳамроҳии се тан аз пайвандони Зайд Саидов, субҳи рӯзи панҷшанбе аз сӯйи маъмурони пулиси ноҳияи Сомонӣ эҳзор ва боздошт шуда буданд.

Хонуми Соҳибназарова лаҳазоте баъд аз озодияш дар тамосе телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки додгоҳ ӯ ва чаҳор нафари дигарро бар асоси моддаи 479-и Қонуни идории Тоҷикистон ба иттиҳоми "муқовимат бо кормандони пулис" ҷарима ва раҳо кардааст.

Пештар гузориш шуда буд, ки маъмурони пулис хостори ҳабси онон барои ду ҳафта шуда буданд. Хонуми Соҳибназарова гуфт, ки дар идораи пулис бархе аз маъмурон нисбат ба ӯ бадрафторӣ кардаанд.

Вай аз ҷумла гуфт, ки яке аз маъмурони пулиси ноҳияи Исмоъили Сомонӣ нисбат ба ӯ ва ҳамаи хабарнигорон алфози тавҳиномез ба кор бурда ва зердастонаш гуфтааст, ки "барен, ӯра 15 рӯз ҳабс кунен."

Аммо Самад Давлатов, раиси ин идораи пулис, нисбат ба хонуми Соҳибназарова бо эҳтиром бархӯрд карда ва аз ӯ барои бадгуфтории маъмури дигари пулис пӯзиш хостааст.

Мавҷуда Соҳибназарова ва Маҳмудҷон Қосимов аз тарафдорони Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва таҳти боздошт, ба шумор меоянд, ки рӯзи гузашта дар таҷаммуъи тарафдорони оқои Саидов дар беруни сохтмони боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Беш аз 50 нафар аз пайвандон ва тарафдорони оқои Саидов барои ҳимоят аз ӯ дар назди сохтмони боздоштгоҳи амниятӣ, ҷойе, ки ҷаласаи додгоҳ пушти дарҳои баста доир шуд, таҷаммуъ карданд. Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки пулис бо таҷаммуъкунандагон бадрафторӣ кардааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон оқои Саидовро барои 26 сол ба зиндон ба изофаи мусодираи дороиҳояш маҳкум кард. Аммо ин амр ба вокунишҳои тунде дар шабакаҳои иҷтимоъӣ доман задааст. Бисёре аз шахсиятҳои бонуфуз ва шинохташудаи Тоҷикистон ин ҳукмро маҳкум кардаанд.

Дар ҷараёни таҷаммуъи тарафдорони оқои Саидов пулис Абдураҳим Шукуров, филмбардори хабаргузории "Озодагон"-ро, ки аз муътаризон филмбардорӣ мекард, боздошт кард. Дертар манобеъи пулис гуфтанд, ки ӯ ба иттиҳоми "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" ба ҳафт рӯз ҳабс маҳкум шудааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки маъмурони пулис ҳангоми боздошти оқои Абдушукуров ӯро бо лагад задаанд. Хабаргузории "Озодагон" дишаб хабар дод, ки ин филмбардораш дар идораи пулис мавриди озору шиканҷа қарор гирифта ва осори шиканҷаи пулис дар сурати ӯ басароҳат дида мешуд.

Матолиби муртабит