Ду фаъъоли тарафдори Зайд Саидов боздошт шуданд

Пулиси ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе Мавҷуда Соҳибназарова ва Маҳмудҷон Қосимов, ду тан аз фаъъолони сиёсии тарафдори Зайд Саидовро, боздошт кардааст.
Хонуми Соҳибназарова, ки аз мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистон нав" аст, пештар дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки пулис ӯро ба баҳам задани назми умумӣ муттаҳам кардааст.
Дақоиқе баъд, телефуни ӯ хомуш шуд. Маҳмудҷон Қосимов, муъовини гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", низ субҳи имрӯз ба идораи пулиси ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе эҳзор ва боздошт шудааст.
Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъи Зайд Саидов, ба Би-би-сӣ гуфт, ки маъмурони пулис ин ду фаъъоли сиёсии тарфдори Зайд Саидовро ба "майдаавбошӣ" ё "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" муттаҳам карда ва барои гирифтани дастури боздошт ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурдаанд.
Шуҳрат Қудратов, вакили дигари Зайд Сааидов, гуфт, ки маъмурони пулис ҳамроҳи оқои Қосимов алайҳи се нафари дигар ҳам ба иттиҳоми "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" парвандаи идорӣ боз кардаанд ва ин афрод ҳам дар додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонӣ қарор доранд.
Хонуми Соҳибназарова ва оқои Қосимов аз тарафдорони Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва таҳти боздошт, ба шумор меоянд, ки рӯзи гузашта дар таҷаммуъи тарафдорони оқои Саидов дар беруни сохтмони боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Беш аз 50 нафар аз пайвандон ва тарафдорони оқои Саидов барои ҳимоят аз ӯ дар назди сохтмони боздоштгоҳи амниятӣ, ҷойе, ки ҷаласаи додгоҳ пушти дарҳои баста доир шуд, таҷаммуъ карданд. Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки пулис бо таҷаммуъкунандагон бадрафторӣ кардааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон оқои Саидовро барои 26 сол ба зиндон ба изофаи мусодираи дороиҳояш маҳкум кард. Аммо ин амр ба вокунишҳои тунде дар шабакаҳои иҷтимоъӣ доман задааст. Бисёре аз шахсиятҳои бонуфуз ва шинохташудаи Тоҷикистон ин ҳукмро маҳкум кардаанд.
Дар ҷараёни таҷаммуъи тарафдорони оқои Саидов пулис Абдураҳим Шукуров, филмбардори хабаргузории "Озодагон"-ро, ки аз муътаризон филмбардорӣ мекард, боздошт кард. Дертар манобеъи пулис гуфтанд, ки ӯ ба иттиҳоми "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" ба ҳафт рӯз ҳабс маҳкум шудааст.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки маъмурони пулис ҳангоми боздошти оқои Абдушукуров ӯро бо лагад задаанд. Хабаргузории "Озодагон" дишаб хабар дод, ки ин филмбардораш дар идораи пулис мавриди озору шиканҷа қарор гирифта ва осори шиканҷаи пулис дар сурати ӯ басароҳат дида мешуд.
