Назарот: Ҳукми 26 соли зиндон барои Зайд Саидов ва умеди бознигарӣ дар он

Иддае аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва чеҳраҳои саршинос дар Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди маҳкумияти Зайд Саидов, тоҷир ва сиёатмадорро ба 26 сол зиндон ноодилона ва нишонаи олии интиқомгирӣ дар ин кишвар унвон карданд.
Бархе аз афроди огоҳ аз сиёсати иқтисодӣ мегӯянд, ки қазияи Зайд Саидов ва маҳкумияти вай ба солҳои тӯлонии зиндон бисёре аз афроди дороро аз сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мегурезонад.
Бархеҳо мегӯянд, ки ангезаи аслии иттиҳомоти ворида алайҳи ин тоҷир мусодираи амволи вай буда ва ҳамчунин эъломи ин ҳукм мустақилияти фаъъолияти системи қазоӣ дар Тоҷикистонро низ зери суол бурдааст.
Аммо иддае дигаре аз соҳибназарон ба фаъъолияти мунсифонаи додгоҳҳо бовар доранд ва мегӯянд, ки ҳукми Додгоҳи олӣ дар қиболи Зайд Саидов мараллаи ниҳоӣ набуда ва шояд додгоҳҳои истинофӣ ба ин ҳукм таҷдиди назар кунанд.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонии саршинос
Вақте ки хабари ин ҳукмро дирӯз шунидам воқеъан шокӣ шудам. Ман медонистам, ки ҳатман бародар Зайд Саидовро маҳбус мекунанд ва моликияташро мегиранд, то ба ин маъно, ки ҳам барои худаш ва ҳам барои дигарон ибрат шавад. Вале гумон надоштам, ки то ин қадар беадолатӣ ва то ин қадар зулм мекунанд.
Воқеъан ин нишонаи адолат набуд, балки нишонаи олии интиқомгирӣ шуд. Бубинед, ки қазияи Ходорковский, ки бо Валадимр Путин мухолиф буд, суҳбат аз милиёрдҳо мешуд, вале ба 12 сол зиндон маҳкум шуд, аммо ин ҷо 26 сол, ки не. Аммо ин бандаи бечора ба ягон ҳизби сиёсӣ кумак намекард, замоне ки вазир буд. Аз ҷумла бо мо салом намекард, ба хотири он ки ҳукуматдорон аз ӯ наранҷанд.
Шояд ба ҷуз аз кумакҳои инсонӣ ба бархе аз афроди камбизоъат ва нодор фаъъолияти дигаре надошт. Чунин ҷазо додан воқеъан ҳам аз рӯйи, чи гӯям, дар чорчӯби ягон инсоф намеғунҷад. Воқеъан барои ман ин як шок аст, ба ҷуз аз дуъо, Худо ҳифзаш кунаду сабраш диҳад, бародар Зайдро. Дигар ман ҳеҷ умедворие надорам, ки худи ҳукуматдорон ба ӯ инсоф мекунанд ва ё раҳме мекунанд, бовар надорам.
Асал ягон сармоядори хусусӣ дар иқтисоди Тоҷикистон то ин замон сармоя нагузоштааст, хусусан тоҷикони сармоядоре, ки хориҷ аз доираи калонҳо (давлатдорон) бошанд. Фақат Зайд Саидов дар миёни онҳо аз ҳама зиёдтар сармоя дошт. Вале дигарон саъй мекарданд, ки сармояашонро баранд ба берун аз Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои арабӣ мебурданд ва аз он ҷо дар чорчӯби ширкатҳои муштараки русӣ ва ё иморотӣ ташкил мекарданд, зеро бовар надоштанд.
Зеро мардум ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон эътимод надоштанд. Баъд аз ин воқеъа аслан эътимод аз миён меравад. Ман гумон мекунам, ки бачаҳои пулдори водии Қаротегин ё Ҳисор дигар ҷуръат кунанд, ки ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд?
Усмон Солеҳ, масъули бахши иртибот бо ҷомеъаи Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон
Бубинед, ки ҳукме, ки зинаи поёнии додгоҳ баровардааст, ниҳоӣ нест, ман фикр мекунам, ки муроҷеъа ба зиндаи болоии додгоҳ низ хоҳад шуд. Хуб дар он ҷо боз ин масъала аз нав ин парвандаро мебинанд ва шояд қазияро баррасӣ мекунанд.
Акнун то ҷое, ки дар ин зинаи поёнӣ ин қазияро диданд ҳамин натиҷаро, яъне ҳукмро бароварданд. Ба фикрам ин ҳукм бознигарӣ хоҳад шуд ва шояд тағйирот дар ин ҳукм ворид шавад Ин акнун салоҳияти худи додгоҳи болоӣ мешавад.
Ба ақидаи ман парвандаи Зайд Саидов набояд суфоришӣ бошад, зеро он далелҳое, ки пешниҳод шуд ва дар тӯли ҳафт моҳ баррасӣ шуд, ман фикр мекунам, ки суфоришӣ нест ва ҳатман заминае дорад. Чунки муъомилоти молӣ ва пулӣ дар ҳаҷми бисёр зиёд аст ва доду гирифти зиёд, хариду фурӯши моликият, ки ҳаст ин ҷо ҳатман баъзе камбудиҳо ва нуқсонҳои молиявӣ ҳаст. Баъзеҳо ин қазияро ба интихобот ва таъсиси ҳизби "Тоҷикистони навин" нисбат медиҳанд, ба фикри ман, ин нодуруст аст, зеро ин ҳизб то он замон аз тарафи давлат расман сабт нашуда буд ва ки медонад, ки то куҷо сабт мешуд ва то куҷо муваффақият пайдо мекард ё не? Инро вақт нишон медод, хуб ба ҳар сурат дар мавриде, ки инро ба мурофеъа кашиданд ва баррасии қазоӣ карданд, ин ҳизб монд. Дар мавриди даст задани Зайд Саидов ман ростӣ ки чизе гуфта наметавонам.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сусиюл-декуроти Тоҷикистон
Қабл аз ҳама ҳукми дирӯзи додгоҳ боз як бори дигар собит кард, ки дар Тоҷикистон тавассути системи қазоӣ, бавижа Додгоҳи олӣ ғоратгарии ғайриқонунӣ анҷом меёбад. Ангезаҳои аслии боз кардани парвандаҳо алайҳи Зайд Саидов, мусодираи амволи вай буд. Зеро оқои Саидов, танҳо тоҷире дар Тоҷикистон буд, ки дар заминаи иқтисодӣ бо ҳавзаҳои иқтисодие, ки дар назороати давлат аст рақобатпазир буд. Ва дар сурати эҳтимоли иттиҳоди мухолифон ва пешниҳоди Зайд Саидов ба унвони номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ё пайвастани вай ба мухолифон, вай метавонист пойгоҳи молии мухолифон шавад.
Вале ин ба ақидаи масъулони давлатӣ буд ва онҳо аз бими он дар баҳори соли равон ба таври шитобзада иттиҳомот алайҳи вайро сохта ва ӯро боздошт карданд. Дар аввал оқои Саидов танҳо бо як модда ришваситонӣ, аз низомхон Ҷӯравев муттаҳам шуд, вале дар ҷараёни муҳокима ин модда ба назар гирифта нашуд. Ин маънии онро дорад, ки ин иттиҳом шитобзада буд ва заминае надошт.
Қозӣ низ барои мусодираи амвол амдан Саидовро ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон кард ва бо ин амр комилан бори дигар собит сохт, ки додгоҳ дар Тоҷикистон мустақил набуда ва иродаҳои сиёсии онҳенро, ки дар муфлис шудани Зайд Саидов ва мусодираи амволи ӯ алоқаманд буданд, иҷро мекунад.
Афзун бар ин додгоҳ аз қабл натиҷаи тарҳрезишудаи ин муҳокимаро медонист, ки бо кумаки додгоҳ онҳо (суфоришгарон) панҷаҳои худро ба моликияти Саидов мегузоранд. Ҳарчанд расман он "мусодираи амвол ба суди давлат" ном дорад, вале дар асл ин дороиҳо бо маблағи ночизе ба афрод ва соҳибкорон ба фурӯш гузошта мешавад.
Вале масъалаи аслӣ давлат бо ҳар роҳе аз эҳтимоли пайвастани Зайд Саидов бо мухолифон ҷилавгирӣ карданд.
Маҳммадалӣ Ҳайит, муъовини раиси ҲНИТ
Ҳукми додгоҳ дар қиболи бародар Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони ботаҷриба, ки дар нумуъ ва рушди кишвар ҷонбозиҳо кардаст, ноодилона ва золимона аст.
Зайд Саидов тамоми сармояи худро ба Тоҷикистон овард, то ин кишварро тавсеъа диҳад. Ва аз он ки додгоҳҳои кишвар, ки имрӯз мустақил нестанд, шикоят дорам. Ва масъулони ҳизб аз он ки раҳбарияти кишвар, ки дар Тоҷикистон дар ҳарф ҷомеъаи демукротӣ бунёд карданианд, вале дар амал, ҳокимият ва бахусус шохаи додгоҳӣ, масъулони бозрасӣ ва додситони кулли Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигар мустақил нестанд ва бо дастури нафарҳое аз мақомоти болоӣ фаъъолият доранд, нигарон ҳастем.
Зайд Саидов яке аз шахсиятҳои мъруф ва машҳур аст ва дар замони фаъъолияташ ба унвони вазири саноеъ дар миёни мардум машҳур буд ва мақомоти давлатӣ низ аз ӯ қадрдонӣ мекарданд. Баъд аз рафтанаш аз симати вазирӣ ҳам дар ободонии шаҳри Душанбе ва кишвар саҳм гузоштааст. Вай дасти сахо дошт ва барои мардуми камбизоъат дасти кумак дароз мекард. Ва ин ки бо далелҳо ва туҳматҳои бофтаву сохта ӯро равонаи зиндон карданд ва ҳукми ноодилона нисбат ба Зайдулло Саидов раво диданд, ман ин амалро шадидан маҳкум мекунам. Зайд Саидов, ки дар хонаводаи рӯҳонӣ тарбият ёфтааст, ҳеҷ гоҳ даст ба таҷоввузи номус нахоҳад зад ва ин тӯҳмате беш нест.
Аз раҳбарияти кишвар ба унвони як шаҳрванди оддӣ тақозо мекунам, ки ба ин қазия дахолат кунанд ва дар оянда дар мавриди сафед (табраа) ва озод кардани Зайд Саидов иқдом кунанд.
