Шикояти вакили мудофеъи Исмоъилов ба Додгоҳи олӣ

  • 16 Январ, 2014
ИсмоъиловImage copyrightBBC World Service
Image caption Вакили мудофеъи оқои Исмоъилов ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдааст

Садриддин Саидов, вакили мудофеъи Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори мустақил аз ноҳияи Ашт, аз ҳукми додгоҳи вилояти Суғд ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдааст.

Дар ин бора Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ) хабар дод.

Рӯзи 28 октябри соли гузашта додгоҳи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд оқои Исмоъиловро ба иттиҳоми “тамаъҷӯйӣ” ва “тақаллуб бо истифода аз мақоми хидматӣ” ба муддати 11 сол равонаи зиндон карда буд.

Ҳамчунин, бар асоси ҳукми ин додгоҳ Маҳмадюсуф Исмоъилов ба маблағи 5000 сомонӣ ҷарима ва дар муддати панҷ сол пас аз раҳоӣ аз зиндон аз ҳаққи фаъъолияти хабарнигорӣ маҳрум шуд.

Аммо Садириддин Саидов, вакили мудофеъи Маҳмадюсуф Исмоъилов иброз дошт, ки муваккилаш ба далоили сиёсӣ, яъне, барои фаъъолияти хабарнигорӣ ва чопи матолиби интиқодӣ, дар бораи мақомоти ҳукумати ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, боздошт ва зиндонӣ шудааст.

Ӯ ба унвони мисол аз матолиби “Ура! Президент ба Ашт меояд” ва “Ашт Африка мешавад” ёдовар шуд, ки оқои Исмоъилов қабл аз боздошташ дар нашрияҳои “ИмрӯзNews” ва “Нигоҳ” мунташир ва дар онҳо аз вазъи харобии роҳҳои иртиботӣ ва муассисаҳои иҷтимоъии ноҳияи Ашт интиқод карда буд.

Пас аз эъломи ҳукми додгоҳ дар пойизи соли гузашта созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва мудофеъони ҳуқуқи башар, аз ҷумла Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитеи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ) ин ҳукмро маҳкум карда ва хостори озодии сареъи ӯ шуда буданд.

Дар авоили моҳи ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд шикояти вакили мудофеъи оқои Исмоъилов аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Мастчоҳро баррасӣ карда ва ин ҳукми додгоҳро таъйид кард.

Рӯзи 14 октябри соли 2011 низ додгоҳи шаҳри Табошари вилояти Суғд Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори 53-солаи нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ”-ро ба иттиҳоми туҳмат, таҳқир, тамаъҷӯйӣ ва маҳалгаройӣ ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ба муддати 3 сол аз ҳаққи фаъъолияти хабарнигорӣ маҳрум кард.

Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ”, он замон ин иддаъоро рад карда ва гуфта буд, ки ин хабарнигор барои чопи силсилае аз матолиби интиқодӣ дар бораи фаъъолияти раиси ноҳия, додситони пешин ва дигар мақомҳои давлатии ноҳияи Ашт боздошт ва муҳокима шудааст.

Матолиби муртабит