Додгоҳи Суғд дархости истинофи Маҳмадюсуф Исмоъиловро рад кард

  • 27 Ноябр, 2013
Исмоъилов
Image caption Оқои Исмоъилов ба "тамаъҷӯйӣ ва қаллобӣ" муттаҳам шудааст

Додгоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, рӯзи чаҳошанбеи 27 ноябр дархости истинофи Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори мустақил, нисбат ба ҳукми додгоҳи ноҳияи Мастчоҳро баррасӣ ва рад кардааст.

Садриддин Саидов, вакили мудофеъи Маҳмадюсуф Исмоъилов, ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз дарёфти мусаввабаи додгоҳи вилояти Суғд ба раёсати ин додгоҳ, ки марҷаъе болотар аст, шикоят хоҳад бурд.

Авохири моҳи октябри соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ, дар шимоли Тоҷикистон, оқои Исмоъиловро ба иттиҳоми “тамаъҷӯйӣ ва қаллобӣ” ба муддати 11 сол равонаи зиндон карда буд.

Ҳамчунин, бар асоси ҳукми додгоҳ Маҳмадюсуф Исмоъилов ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд ва ба муддати 5 сол пас аз озод шудан аз зиндон аз ҳаққи фаъъолияти хабарнигорӣ низ маҳрум гардид.

Бино ба гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, рӯзи 24 июни соли ҷорӣ Санавбар Аҳадова, як сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, аз Маҳмадюсуф Исмоъилов ба пулис шикоят бурдааст.

Хонуми Аҳадова дар шикоятномаи худ гуфтааст, ки оқои Исмоъилов бо таҳдиди ифшо сохтани иттилоъоти бадномкунанда аз ӯ 100 дулори омрикоӣ ҳаққуссуқут ё ахозӣ хоста ва ба ҳангоми таслими пул Маҳмадюсуф Исмоъилов аз ҷониби пулис боздошт шудааст.

Аммо оқои Саидов гуфт, ки муваккилаш ба далоили сиёсӣ, яъне, барои фаъъолияти хабарнигорӣ ва чопи матолиби интиқодӣ дар бораи мақомоти ҳукумати ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, боздошт ва зиндонӣ шудааст.

Ӯ ба унвони мисол аз матолиби “Ура! Президент ба Ашт меояд” ва “Ашт Африка мешавад”-и оқои Исмоъилов ёдовар шуд, ки қабл аз боздошташ дар нашрияҳои “ИмрӯзNews” ва “Нигоҳ” мунташир шуд ва дар онҳо аз вазъи харобии роҳҳои иртиботӣ ва муассисаҳои иҷтимоъии ноҳияи Ашт интиқод шуда буд.

Зимнан, Маҳмадюсуф Исмоъилов соли 2010 низ ба иттиҳоми “туҳмат, таҳқир, барангехтани низоъи миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ ва тамаъҷӯйӣ” боздошт шуда ва муддати 11 моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурда буд.

Созмонҳои хориҷию дохилии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон , назири Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, ин қазияро сиёсӣ хонда ва хостори озодии оқои Исмоъилов шуда буданд.

Бино ба гузориши ин созмонҳо, Маҳмадюсуф Исмоъилов барои чопи матолиби интиқодӣ дар бораи мавориди фасод, сӯиистифода аз мақом ва сирқати маболиғи давлатӣ аз ҷониби мақомоти ҳукумат ва ниҳодҳои интизомии ноҳияи Ашти вилояти Суғд боздошт шудааст.

Бо ин вуҷуд, додгоҳи шаҳри Табошари вилояти Суғд моҳи октябри соли 2011 оқои Исмоъиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ва барои се сол аз фаъъолияти рӯзноманигорӣ маҳрум карда буд.

Додгоҳи истинофии вилояти Суғд ҳукми додгоҳи Табошарро бидуни тағйир гузошт, вале бар асоси Қонуни афв, ки ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон тасвиб шуд, оқои Исмоъилов аз пардохти ҷарима ва маҳрумият аз ҳаққи фаъъолияти хабарнигорӣ барои се сол муъоф шуда буд.

Матолиби муртабит