Додгоҳи Суғд ҳукми мароҷеъи поёнӣ алайҳи Исмоиловро таъйид кард

  • 3 Январ, 2014
Исмоилов
Image caption Ҳукми додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ алайҳи оқои Исмоилов аз сӯи раёсати додгоҳи вилояти Суғд таъйид шуд

Раёсати додгоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, ҳукми ин додгоҳ алайҳи Маҳмадюсуф Исмоъилов, рузноманигоре, ки тобистони гузашта ба иттиҳоми ахозӣ ё тамаъҷӯӣ боздошт ва барои 11 сол ба зиндон шуда буд, таъйид кардааст.

Садриддин Саидов, вакили мудофеъи оқои Исмоилов, дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Дар авохири моҳи декабри соли 2013 қарори (мусаввабаи) суди (додгоҳи) вилояти Суғд дар мавриди бетағйир боқӣ мондани қарори суди сайёри ноҳияи Мастчоҳро ман дарёфт кардам."

Вай афзуд: "Бо он асосҳое, ки дар зинаи касатсионӣ (истинофӣ ) далелҳои дар ин қазия пешниҳод намудаи мо ба инобат гирифта нашуданд, ҳамчунин дар зинаи назоратӣ низ ин далелҳо нодида гирифта шуданд, ҳукми содиршудаи ноҳияи Мастчоҳ бетайғир монд."

Оқои Саидов мегӯяд агар муваккили ӯ нисбати шокӣ таҳдид карда бошад, ки иттилоъе, ки шаъну шараф ва номуси ӯро паст мезанад, дар даст дорад ва дар сурати надодани ришва ин иттилоъро дар дастраси умум қарор хоҳад дод, аз ҷониби додгоҳ ба таври комил баррасӣ нашудааст.

Ба андешаи оқои Саидов: "На дар парвандаи ҷиноятӣ, на дар муҳокима ба таври комил баррасӣ ва таҳқиқ ва муъайян нашудааст, ки дар кадом асос муваккили ман Исмоъилов аз Холматов Шодибой, ки дар яке аз ҳолатҳои қазияи додгоҳӣ ҳамчун ҷабрдида омадааст, тамаъҷӯӣ кардааст ва дақиқан чи сирру асрори ӯро медонист ва дар ҳолати ифшои он номус ва ё шаъну эътибори ӯ хадшадор мешуд, гуфта нашуд."

Вакили мудофеъи оқои Исмоъилов мегӯяд, ки ӯ дар мавриди ин қазия ба додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд.

Муҳаммадюсуф Исмоъилов, хабарнигори мустақил аз ноҳияи Ашт, аз таърихи 25 июни соли гузашта ба иттиҳоми таҳдид ва тамаъҷӯӣ аз сӯйи кормандони пулиси ин ноҳия боздошт шуд.

Вайро 28 октябри ин сол додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ дар тамаъҷӯӣ муҷрим шинохта ва ба муддати 11 сол ба зиндон маҳкум кард. Ойои Исмоъилов ҳамчунин муваззаф шуд, ки панҷ ҳазор сомонӣ ба шокии парванда ғаромат бипардозад.

Ҳамчунин, тибқи мусаввабаи додгоҳ, пас аз анҷоми давраи маҳкумияташ оқои Исмоъилов боз барои се соли дигар аз ҳаққи фаъъолияти рӯзноманигорӣ маҳрум шуд.

Пас аз эъломи ҳукми додгоҳ дар пойизи соли гузашта созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва мқудофеъони ҳуқуқи башар, аз ҷумла Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ) ин ҳукмро маҳкум карда ва хостори озодии сареъи ӯ шуда буданд.

Оқои Исмоъилов дар соли 2010 низ ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт шуда ва ҳудуди як сол дар боздошт ба сар бурд. Он замон бештари иттиҳомоти додситонӣ алайҳи ӯ собит нашуд ва гуфта мешуд, ки ӯ ба хотири чопи матолиби интиқодӣ дар бораи мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон боздошт шудааст.

Матолиби муртабит