ҲНИТ ду ниҳоди давлатиро ба додгоҳ кашид

  • 21 Феврал, 2014
ҲНИТImage copyrightBBC World Service
Image caption ҲНИТ ду ниҳоди давлати Тоҷикистонро ба додгоҳ кашид

Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, Кумитаҳои амният ва телевизиюну родюи ин кишварро ба додгоҳ кашидааст.

Дар номаи шикоятии ҲНИТ ба додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе, ки матни он дар сойти расмии ин ҳизб мунташир шуд, шабакаҳои телевизиюни давлатии “Шабакаи аввал” ва “Сафина” дар нақзи ҳуқуқу озодиҳои аъзои ҲНИТ муттаҳам шудаанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз додгоҳ хостааст, то “Кумитаи амният, ҳамҷавобгарон Маҳмадулло Холов, Кумитаи телевизиюн ва родию ӯҳдадор карда шаванд, ки ташвиқоту тарғиботи фаъъолияти зиддиҳизбӣ нисбат ба ҲНИТ оғоз ва давом додаашон қатъ ва раддия оид ба он пахш шавад, ки Маҳмадулло Холов ҳеч вақт узви ҲНИТ набуд.”

Зимнан, шоми 7 феврали соли ҷорӣ шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон навореро пахш карда буданд, ки дар он аз таҷовузи Маҳмадулло Холов, табибе дар шаҳри Исфара, дар шимоли ин кишвар, ба номуси ду духтарандараш хабар дода шуда ва ин фард узви Ҳизби наҳзати исломӣ унвон шуда буд.

Мақомоти ҲНИТ, билофосила, ин иттилоъро рад карда ва пахши чунин наворҳо дар шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистонро “идомаи амалиёти зиддинаҳзатии ниҳодҳои давлати ин кишвар” арзёбӣ карда буданд.

Зимнан, дар моҳи сентябри соли гузашта низ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кумитаи родию ва телевизиюни ин кишварро ба додгоҳ кашида ва хостори узрхоҳии ин ниҳод барои таблиғоти “алайҳи наҳзатӣ” шуда буд.

Дар номаи шикоятии ҲНИТ ба додгоҳи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе дар 19 сентябри соли гузашта таъкид шуда буд, дар шабакаҳои телевизиюнҳои давлатии “Шабакаи аввал”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” барномаҳои “сиёҳкунандаи фаъъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ” идома дошта, аммо ба ҷониби ҲНИТ имкон дода намешавад, ки аз тариқи телевизиюн ба иддаъоҳо ва интиқодҳо алайҳи Ҳизби наҳзат посух дода шавад.

Аммо дар ҷаласаи додгоҳ ин дархости Ҳизби наҳзати исломӣ пазируфта нашуд ва барномаҳои "зиддинаҳзатӣ" дар шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон то замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 6 ноябри соли гузашта ҳамчунон идома дошт.

Дар авоили моҳи августи соли гузашта Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, бо ирсоли номае аз Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизони Тоҷикистон тақозо карда буд, то барои пахши раддияи ин ҳизб ба таблиғоти алайҳи ҲНИТ шароит фароҳам орад.

Вале мақомоти Кумитаи родию ва телевизибюни Тоҷикистон ин дархостро рад карданд.

Матолиби муртабит