ҲНИТ ниҳодҳои интизомиро дар марги Умедҷон Тоҷиев масъул хонд
Image copyrightBBC World ServiceШӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон кормандони ниҳодҳои интизомии ин кишварро аз омилони марги Умедҷон Тоҷиев, узви фаъъолияи ин ҳизб дар ноҳияи Исфара арзёбӣ кардааст.
Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки баъд аз зӯҳри душанбеи 20 январ интишор гардид, омадааст: “Ҳарчанд вакилони мудофеъ ва пайвандон аз хуб набудани вазъи саломатии Умедҷон Тоҷиев ба мақомоти интизомӣ чандин нома фиристода, пешниҳоди интиқоли ӯ ба бемористонро карда буданд, аммо ин пешниҳод пазируфта нашуд. Метавон ба ин натиҷа расид, ки масъулияти марги Тоҷиев пурра ба дӯши мақомоти интизомӣ мебошад.”
Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри якшанбеи 19 январ, дар бемористони боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даргузашт.
ҲНИТ илати марги оқои Тоҷиевро “ба истифодаи аз меъёр зиёди нерӯи барқ ва асари он ба кори дил" марбут хондааст.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ ин амали мақомоти ниҳодҳои интизомиро маҳкум карда, аз Додситонии кулли Тоҷикистон тақозо кардааст, “дар бораи таҳқиқи сабабҳои марги Умедҷон Тоҷиев як кумисиюни босалоҳият бо ширкати намояндагони ҲНИТ ва вукалои дифои Тоҷиев таъсис дода, қазияро ҷиддан баррасӣ намояд ва омилони марги ӯро муҷозот кунад.”
Зимнан, Умедҷон Тоҷиеви 34-сола 30 октябри соли гузашта ба иттиҳоми "итоъат накардан ба амри корманди пулис" боздошт шуда ва додгоҳи шаҳри Исфара ӯро ба муддати 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карда буд.
Аммо Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр дар бораи талоши нофарҷом барои фарор аз ошёнаи сеюми боздоштгоҳ тавассути панҷара ва шадидан захмӣ шудани ӯ хабар дод.
Аммо мақомоти ҲНИТ аз қавли вукалои мудофеъ гуфта буданд, ба хотири эътироф кардани “иттиҳоми ворида” мукарраран мавриди лату кӯб қарор гирифтан оқои Тоҷиев маҷбур шудааст, худро аз ошёни сеюми идораи умури дохилаи ноҳияи Исфара парт кунад. Ба гуфтаи шоҳидон ва вукалои мудофеъ осори лату кӯб ва шиканҷа дар бадани ӯ мушоҳид шудааст.
Манобеъи ин вазорат гуфта буданд, додситони шаҳри Исфара пас аз се рӯзи боздошт бар асоси нишондоди маҳбусон Иброҳимов ва Шодиев барои оқои Тоҷиев ба иттиҳоми "таъсиси созмони ҷинойӣ" парванда боз кардааст.
Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошти Умедҷон Тоҷиев, узви фаъъоли ин ҳизб дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғдро қазияи сиёсӣ унвон карда ва онро идомаи фишори ниҳодҳои давлатӣ болои аъзои ҲНИТ дар остонаи интихоботи расати ҷумҳурӣ талақӣ карда буданд.
Созмони байналмилалии Авфи Байналмилал (Amnesty International) низ дар моҳи ноябри соли гузашта зимни як баёния аз вазъи нигаҳдории Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломӣ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.
Дар ин баёния аз қавли пайвандони Умедҷон Тоҷиев таъкид шуда буд, ки ин узви ҲНИТ дар боздоштгоҳ мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтааст. Гуфта шудааст, ки ӯ дар заминаи дастрасӣ ба вакили мудофеъаш ва дарёфти кумаки беҳдоштӣ бо маҳдудиятҳо рӯбарӯ будааст.
