Додгоҳ иддаъои ҲНИТ алайҳи телевизиюнҳои давлатиро рад кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) алайҳи Кумитаи давлатии родию ва телевизиюни ин кишварро рад кардааст.
Тибқи мусаввабаи додгоҳ, ки ин қазияро баррасӣ кардааст, барномаҳои “зиддинаҳзатӣ” ба ибтикор ва бо сармояи ҳукуматҳои маҳаллӣ таҳия шудаанд ва кормандони шабакаҳои телевизиюнии “Шабакаи аввал”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” дар ин амал дасте надоранд.
Бо ишора ба ин амр додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонӣ даъвои ҲНИТ, ки аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат маҳсуб мешавад, алайҳи кормандони шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистонро қатъ кардааст.
Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ қасд доранд шикояти худро ба марҷаъи қазоии болотаре бибаранд.
Ин ҳизб дар шикоятномаи худ ба додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонӣ дар моҳи гузашта хостори узрхоҳии Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон барои пахши барномаҳое шуда буд, ки фаъъолони ин ҳизб "таблиғоти зиддинаҳзатӣ" хондаанд.
Дар ин нома таъкид шуда буд, ки Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон муфодди Қонуни асосӣ, қавонин дар бораи аҳзоби сиёсӣ ва расонаҳоро зери по кардааст.
Аз ҷумла, ҲНИТ ба моддаи 30-и Қонуни асосии Тоҷикистон ишора карда буд, ки дар он омадааст: "Бар ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифода аз васоили иттилоърасонӣ замонат дода мешавад."
Ин моддаи қонун меафзояд: "Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоъӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст."
Бо такя бар ин асли Қонуни асосӣ, ҲНИТ аз додгоҳ хоста буд, шабакаҳои телевизиюни давлатиро водор кунад, ки ба пахши барномаҳои “зиддинаҳзатӣ” хотима диҳанд ва афроди масъул барои пахши ин барномаҳо расман аз Ҳизби наҳзати исломӣ узрхоҳӣ кунанд.
Пас аз дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, бо рӯҳониён, ки рӯзи 4 июли соли ҷорӣ баргузор шуд, шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон ба пахши барномаҳое пардохтанд, ки дар онҳо аз фаъъолияти ҲНИТ интиқод мешуд.
Аз ҷумла, телевизиюнҳои давлатӣ тайи чанд барнома сокинони бисёре аз шаҳру навоҳии Тоҷикистонро нишон доданд, ки мегуфтанд "ислом ба ҳизб ниёз надорад" ва хостори таътилии ҲНИТ шуда буданд.
Фаъъолони ҲНИТ, ки аз рақибони аслии ҳизби ҳокими халқи демукрот дар арсаи сиёсии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, пахши ин барномаҳоро дар остонаи рақобатҳо барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иқдоме суфоришӣ ва муғризона хонданд, ки ҳадаф аз он беобрӯ сохтани ин ҳизби мухолиф аст.
