ҲНИТ: Пайвандони Тоҷиев ҳанӯз иҷозаи аёдати ӯро наёфтаанд

  • 5 Ноябр, 2013
Раҳмонӣ
Image caption Хонуми Раҳмонӣ гуфт, ки то ҳол модару пайвандон имкони дидор бо Умедҷон Тоҷиевро надоштаанд

То ҳол модар ва пайвандони дигари Умедҷон Тоҷиев, як узви фаъъоли Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар шаҳри Исфара, ки дар бахши эҳёгарии бемористон бистарист, иҷозаи аёдати ӯро наёфтаанд.

Зурафо Раҳмонӣ, як тан аз масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар ҳайъати ин ҳизб барои баррасии ин қазия ба шаҳри Исфара рафтааст, рӯзи сешанбеи 5 ноябр дар суҳбати телефунӣ бо Би-би-сӣ хабарҳои мабнӣ бар дидори оқои Тоҷиев бо модару бародарашро рад кард.

Хонуми Раҳмонӣ гуфт, бозрасон ваъда кардаанд, ки имрӯз ба модари оқои Тоҷиев иҷозаи дидор бо писарашро хоҳанд дод. Ба гуфтаи ӯ, вазъи саломатии оқои Тоҷиев беҳбуд ёфта ва ӯ ба ҳуш омадааст. Рӯзи гузашта вакили мудофеъе, ки аз ҷониби бозрасон таъйин шуда, муваккили худро аёдат кардааст.

Умедҷон Тоҷиев шаби шанбеи 2 ноябр аз табақаи сеюми боздоштгоҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба зер уфтода ва шадидан ҷароҳат бардошта буд. Дар иттилоъияе дар сойти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин ҳодиса навъе талош барои фирор аз боздоштгоҳ унвон шудааст.

Аммо Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони саршинос ва вакили мудофеъи Умедҷон Тоҷиев, мегӯяд, ки мумкин аст таҳти фишору шиканҷаи кормандони пулис ва боз шудани парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми “таъсиси созмони ҷиноӣ” оқои Тоҷиев водор ба худкушӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, хонуми Воҳидова хабар дод, ки ба далели пеш омадани мушкилоти ҳуқуқӣ аз имрӯз аз ваколати Умедҷон Тоҷиев даст кашидааст.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан вай аз Зуҳур Иброҳимов, ки аз пайвандони оқои Тоҷиев маҳсуб шуда ва ба иттиҳоми “таъсиси созмони ҷиноӣ” боздошт шудааст, дифоъ мекард, вале пас аз шавоҳиди зидду нақизи оқоён Иброҳимов ва Тоҷиев дар мавриди ин қазия маҷбур шудааст аз ваколати оқои Тоҷиев даст кашад.

Пайвандони Умедҷон Тоҷиев вакили мудофеъи пешниҳодии бозрасонро напазируфта, барои ҳимояти ҳуқуқӣ аз фарзанди худ як вакили мудофеъи дигарро киро кардаанд.

Аз сӯйи дигар, Файзинисо Воҳидова хабари Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мабнӣ бар шавоҳиди ироашуда аз сӯйи Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиев дар бораи қаблан даст доштани оқои Тоҷиев дар “таъсиси созмони ҷиноӣ”-ро дурӯғин арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи хонуми Воҳидова, ин се нафар бо ҳам хешу табор буда ва дар соли 2007 бо Зайналобиддин Иброҳимов, ки аз пайвандони онҳо буда ва дар ҷустуҷӯйи ҷиноӣ қарор дошт, дидор кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дидор бо пайвандони худ ҷурм маҳсуб намешавад ва аз ин лиҳоз, бар асоси ин шавоҳид боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Умедҷон Тоҷиев заминаи ҳуқуқӣ надорад.

Бино ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Умедҷон Тоҷиеви 34-сола, сокини рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, рӯзи панҷшанбеи 30 октябр ба иттиҳоми тахаллуфоти идорӣ (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ), яъне, “итоъат накардан ба амри корманди пулис” боздошт шуда ва додгоҳи шаҳри Исфара ӯро ба муддати 10 рӯз ба ҳабси идорӣ маҳкум кардааст.

Тибқи иттилоъи сойти вазорати кишвар, Умедҷон Тоҷиев "бо ҳадафи фирор" аз ошёнаи сеюми шӯъбаи 1-и ин вазоратхона дар шаҳри Исфара худро ба поён андохта ва дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардошта, барои ёрии пизишкӣ расондан аз тарафи кормандони пулис ба беморхона бурда шудааст.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, боздошти Умедҷон Тоҷиев, узви фаъъоли худ дар ноҳияи Исфараро, қазияе сиёсӣ унвон кардааст.

Рӯзи сешанбеи 5 ноябр Шӯрои сиёсии ин ҳизб зимни як баёния аз мақомоти ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон тақозо кардааст, то ин қазияро “одилона таҳқиқу тафтиш” кунад.

Ҳамчунин, ҲНИТ аз Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хостааст, аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва беадолатиҳо дар рафти бозрасӣ ҷилавгирӣ кунад.

Матолиби муртабит