Ҳусайнӣ: 'Баста шудани дафтари ҲНИТ дар Хуҷанд ҷанбаи сиёсӣ дорад'

  • 24 Январ, 2014
ҲусайнӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ҳусайнӣ гуфт, ки дафтари ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд ба далоили сиёсӣ баста шудааст

Як фаъъоли Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, мегӯяд, ки дафтари вилоятии ин ҳизб дар шаҳри Хуҷанд ба далоили сиёсӣ баста шудааст.

Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ҲНИТ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, ки худ ба ҳангоми баста шудани ин дафтар дар шаҳри Хуҷанд буд, субҳи рӯзи ҷумъаи 24 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки масъулони ниҳодҳои зирабти давлатӣ ба манзури монеъ шудан аз нишасти хабарии ӯ ба ин иқдом даст задаанд.

Тибқи хабарҳои торнамои ҳизби наҳзати исломӣ, дар назар буд баъд аз зуҳри панҷшанбеи 23 январ Саидумар Ҳусайнӣ дар бораи қазияи фавти нобаҳангоми Умедҷон Тоҷиев, узви фаъъоли ин ҳизб дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, бо хабарнигорону фаъъолони созмонҳои ҳуқуқи башар суҳбат кунад.

Умедҷон Тоҷиев рӯзи якшанбеи 19 январ дар бемористони вобаста ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд даргузашт.

Масъулони ҲНИТ иддаъо доранд, ки Умедҷон Тоҷиев бар асари шиканҷаи кормандони ниҳодҳои интизомӣ ҷон бохта ва аз Додситонии кулли Тоҷикистон хостаанд, ки барои таҳқиқи сабабҳои марги ӯ кумисиюни вижаи босалоҳияте бо ширкати намояндагони ҲНИТ ва вукалои мудофеъи оқои Тоҷиев таъсис диҳад.

Оқои Ҳусайнӣ гуфт, ки ҳарчанд ба далели тангии фурсат ва ҳамоҳанг нашудани ин нишаст бо мақомоти давлатӣ ин нишаст аз ҷониби масъулони ҲНИТ лағв шуд, аммо намояндагони ниҳодҳои оташнишонӣ, идораи беҳдорӣ ва Кумитеи дин ба дафтари вилоятии ҳизби наҳзати исломӣ рафта ва ба баҳонаи вуҷуди навоқис дар масоили эмании оташнишонӣ дафтарро бастаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди оташнишонӣ вуҷуди болуни гози моеъ ва сақфи плостикии биноро аз манобеъи хатарзо барои оташсӯзӣ унвон карда ва билофосила дафтари ҲНИТ-ро бастааст.

Бархе аз мунтақидон мегӯянд, ки бастани дафтари маҳаллии ҲНИТ дар Хуҷанд амре "суфоришӣ" аст, вагарна чаро се ниҳоди давлатӣ дар як вақт ва ба таври муштарак меоянду дафтари ин ҳизбро мебанданд?

Аз ҷумла, Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруф, дар сафҳаи худ дар Фейсбук зимни интиқод аз ин иқдом навишт, ки бастани дафтари ҲНИТ бахше аз "барономаи давлатии антинаҳзат" мебошад ва бо ин кор мақомоти зирабт "фаъолияти давлату ҳукуматро ба хандахариш гузоштанд."

Вай меафзояд: "Имрӯз ба дафтари кории бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд дессантҳои ҳукуматӣ ҳуҷум оварда, бо як бешармии хосса муҳри худро гузошта, имзои мубораки худро низ фаромуш накарданд, ва аз он баръало дида мешавад, ки барои бархе аз чиновникҳо соли 2013 тоза оғоз шудааст."

"Ҳамчунин аз муҳру мактуб дида мешавад, ки яке аз гурӯҳзои дессантҳо муассисаи тобеъи вазорати тандурустӣ мебошад. Магар ҳизби сиёсӣ ошпазу пешхидмати тарабхона мебошанд, ки фаъолияти ҳизбро маркази эпидимологии санитарӣ (беҳдорӣ) манъ кунад?"

Ба эътиқоди хонуми Воҳидова, ҳадаф аз ин кор ҷилавгирӣ аз нишасти хабарии ҲНИТ дар бораи марги Умедҷон Тоҷиев дар асари шиканҷа аст, зеро мақомот намехоҳанд, ки мардум дар бораи ҳақиқати марги ин узви фаъъоли ҳизби наҳзати исломӣ хабардор шаванд.

Дар ҳамин ҳол, масъули идораи оташнишонӣ ба Саидумар Ҳусайнӣ гуфтааст, ки дар сурати ислоҳи навоқис ба фаъъолияти ин дафтар иҷоза дода хоҳад шуд.

Гуфта мешавад дар моҳи майи соли гузашта низ ниҳодҳои оташнишонӣ ва беҳдории вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, ба далоили мушобеҳ дафтари вилоятии Ҳизби наҳзати исломиро дар шаҳри Хуҷанд баста ва пас аз муддате ин дафтар дубора фаъъол шуда буд.

Матолиби муртабит