Ирҷоъи тарҳи ҲНИТ барои ислоҳи қонуни интихоботи порлумонӣ ба ҳукумат
Image copyrightBBC World ServiceПорлумони Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) барои ислоҳи Қонуни интихоботи порлумониро барои баррасӣ ба ҳукумат ва кумитеҳои порлумонӣ ирсол кардааст.
Рӯзи 6 январи соли ҷорӣ дар ин замина тарҳи Маҳмадалӣ Ватанов, намояндаи Ҳизби ҳокими халқи демукрот (ҲХДТ) дар Маҷлиси Намояндагон, дар Шӯрои порлумон баррасӣ ва барои натиҷагирӣ ба ҳукумат ва кумитеҳои порлумонӣ пешниҳод шуда буд.
Ба дунболи он рӯзи 10 январи соли ҷорӣ тарҳи олтернативии ҲНИТ аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ, намояндагони ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагон, ҳам порлумон ворид шуд.
Маҳмадалии Ҳаит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, ки тарҳи ҲНИТ бо тарҳи ҳизби ҳоким комилан тафовут дорад, чун ин тарҳ дар чорчӯби тавсияҳои Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо (САҲУ) ва ба хотири ислоҳи воқеъии қонуни интихоботи порлумонӣ таҳия шудааст.
Масалан, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳудуди 1,5 милюн тан аз атбоъи тоҷик барои дарёфти кор дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд, ҲНИТ хостори ҳазфи иборати “...дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 5 соли ахир истиқомат дошта бошад” аз матни қонун шуда ва ин нуктаро муғойир бо Қонуни асосӣ хондааст.
Тибқи қонуни феълӣ, касоне аз ҳаққи номзадӣ ба порлумон бархурдоранд, ки тайи на кам аз панҷ соли ахир дар қаламрави Тоҷикистон иқомат дошта бошанд. Вале мухолифон мегӯянд, ки ин қонун ноқизи ҳуқуқи садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандон аст, ки баночор дар муҳоҷират ба сар мебаранд.
Оқои Ҳаит гуфт, дар ҳоле ки дар тарҳи ҲХДТ ба муфодди марбут ба ширкати нозирон дар марокизи раъйгирии “баста”, назири воҳидҳои низомӣ, таваҷҷуҳе нашуда ва танҳо ба зарурати таъсиси марокизи раъйгирӣ дар хориҷи кишвар таъкид шудааст, ҲНИТ ба ҳузури нозирони аҳзоби сиёсӣ дар марокизи раъйгирӣ дар воҳидҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятии кишвар низ пофишорӣ кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, умдатан дар ин гуна марокиз раъйдиҳӣ бар асоси дастури фармондеҳон ба нафъи номзадҳои ҳизби ҳокими халқи демукрот сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки низомиён ва кормандони интизомию амниятӣ бахши аъзаме аз раъйдиҳандагонро ташкил медиҳанд.
Дар тарҳи ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчунин бар зарурати узвияти намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар кумисиюнҳои ҳавзаӣ ва марокизи райъгирӣ таъкид шуда, аммо ҳизби ҳокими халқи демукрот дар тарҳи пешниҳодии худ аз ин мавзӯъ сарфи назар кардааст.
Ба гуфтаи мухолифони давлат, феълан раис ва аъзои кумисиюнҳо дар ҳавзаҳо ва марказҳои райъгирӣ ғолибан аз ҷумлаи аъзои ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон интихоб мешаванд ва ин амр шаффоф ва озод будани интихоботро зери суол бурдааст.
Яке аз тавсияҳои САҲУ лағвё ҷиддан коҳиш додани гаравпулии интихоботӣ маҳсуб мешавад. Дар тарҳи ҲХДТ гаравпулӣ аз 200 маъоши ҳадди ақал дар қонуни феълӣ то 100 маъоши ҳадди ақал коҳиш дода шуда, вале ҳизби наҳзати исломӣ пешниҳод карда, ки мизони гаравпулӣ бояд баробари 20 маъоши ҳадди ақал бошад,
Дар сурати 100 маъоши ҳадди ақал боқӣ мондани мизони гаравпулӣ барои номзад шудан ба интихоботи порлумонӣ, ки муъодили чаҳор ҳазор сомонӣ аст, бештари номзадҳо аз пардохти оҷиз хоҳанд буд.
Муҳиммтарин нуктаи пешниҳодӣ дар тарҳи ҲХДТ то 45 дарсад афзоиш додани теъдоди умумии номзадҳо аз тариқи феҳристи аҳзоби сиёсӣ будааст. Тибқи қонуни феълӣ 65 дарсад намояндагони порлумон аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 35 дарсад аз феҳристи аҳзоби сиёсӣ ба порлумон интихоб мешаванд.
Дар сурати пазириши ин пешниҳод ҲХДТ метавонад намояндагони бештареро ба порлумон ворид кунад. Дар интихоботи порлумонии соли 2010 танҳо ин ҳизб бо феҳристи комили номзадҳо ба порлумон ворид шуд.
Феълан дар 80 дарсади Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз намояндагони ҳизби халқи демукрот ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, иборат буда, аҳзоби кумунист, наҳзати исломӣ, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дунафарӣ намоянда доранд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон дар эҳтимоли пазируфта шудани тарҳи олтернативи ҳизби наҳзати исломӣ барои ислоҳи Қонуни интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон ибрози тардид мекунанд.
Авоили феврали соли 2012 Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ, намояндагони ин ҳизб дар порлумон, тарҳи ислоҳи қонуни интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод карда буданд, аммо маҷлис аз баррасии он имтиноъ ҷуст.
Дар натиҷа интихоботи риёсати ҷумҳурии 6 ноябри 2013 бар асоси қонуни қаблӣ баргузор шуд, ки мухолифон ва нозирони созмонҳои ғарбӣ онро “ғайришаффоф, ғайриозод ва ғайридемукротик” арзйбӣ карданд.
