ҲНИТ интихоботро "ғайришаффоф ва ғайридемукротик" хонд

Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурии 6-уми ноябрро "ғайришаффоф ва ғайридемукротик" хонд.
Дар ҷаласаи ин шӯро, ки ҷузъиёти он рӯзи панҷшанбеи 14-уми ноябр дар сойти "nahzat.tj" мунташир шуд, таъкид шуда: "Бо дарки он, ки мақомот дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва динӣ муваффақ набудаанд ва беэътимодии интихобкунандагонро эҳсос намуда, ҳукумат баргузории як интихоботи нисбатан озодро ба нафъи худ намедонист."
ҲНИТ гуфтааст, мақомот ба ин далел бо роҳандозии иқдомоти ғайриқонунӣ заминаро аз қабл барои баргузории интихоботи бидуни рақиб ва ғайришаффоф фароҳам сохтааст.
"Эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи фаъъолияти ҳизб ва чеҳраҳои мухолифи давлат, фишору таъқиби шахсиятҳои гуногунандеш, мавонеъи мухталиф барои сабти номи номзади ягонаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ва аз корзори интихоботӣ дар канор мондани беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик" аз ҷумлаи чунини иқдомоти давлати Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.
Аз ин лиҳоз, Шӯрои сиёсии ҲНИТ интихоботи раёсати ҷумҳуриро ғайридемукротик, ношаффоф ва бидуни рақиби воқеъӣ хонда ва арқоми эъломшударо дур аз воқеъият талақӣ кардааст.
Аммо Шӯрои сиёсии ҲНИТ нагуфтааст, ки натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳуриро эътироф нахоҳад кард.
Ҳамзамон, ҳизби наҳзат пешниҳод кардааст, дар давлати ҷадид кодрҳои ҷавону технократ ҷалб шавад, салоҳияти нахуствазир бештар шавад, фишору таъқиби намояндагони аҳзоби мухолифу чеҳраҳои сиёсӣ қатъ гардад ва фазои муносиб барои интихоботи озоду шаффофи порлумонӣ дар соли 2015 фароҳам шавад.
Бо ин ки ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баёнияаш аз интихоботи 6-уми ноябр интиқод мекунад, аммо дар муқоиса бо арзёбии натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз сӯйи сусиёл-демукротҳо, ки бо ҳизби наҳзат номзади муштарак ба ин интихоботро пешниҳод карда буданд, тунд ба назар намерасад.
Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ, се рӯзе қабл зимни як баёния машруъияти натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳуриро зери суол бурда ва гуфта буд, ки аз натоиҷи ин интихобот ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд.
Ба эътиқоди оқои Зойиров, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 6 ноябри соли ҷорӣ ҳудуди 33 дарсади раъйдиҳандагон ширкат карда ва аз ин лиҳоз, ин интихобот "баргузоршуда" маҳсуб намешавад.
Ин дар ҳолест, ки Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) рӯзи чоршанбеи 13 ноябр, ба ҳангоми эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар, мушорикати раъйдиҳандагон дар ин интихоботро 90,1 дарсад арзёбӣ кард.
Бар асоси натоиҷи ниҳоӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо касби 84,23 дарсади раъйи мардум дар миёни 5 рақиб пирӯз шудааст.
Интизор меравад, маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳурии мунтахаби Тоҷикистон рӯзи шанбеи 16 ноябр дар ҷаласаи муштаркаи маҷолиси улёю суфлои порлумон анҷом шуда, сипас, дар майдони марказии шаҳри Душанбе режаи низомӣ ё паради Артиши миллӣ баргузор шавад.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии феълӣ аз маросими солҳои қаблӣ тафовут дошта, ин тадбир хоксорона, бидуни даъвати ҳайъатҳои хориҷӣ ва пазиройии мутантан баргузор хоҳад шуд.
