ҲНИТ гузоришҳои телевизиюни Тоҷикистонро бепоя хонд
Image copyrightBBC World ServiceҲизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, гузоришҳои шабакаҳои телевизиюни давлатии ин кишвар мабнӣ ба узви ҲНИТ будани як “зинокор”-ро такзиб кардааст.
Дар баёнияи ҲНИТ таъкид шудааст, Маҳмадулло Холов, сокини маҳаллаи Гузари Эшони шаҳри Исфара, дар шимоли Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ба номуси ду духтарандари худ таҷовуз кардааст, ҳеч гоҳе узви ин ҳизб набудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизиюни давлатии “Аввал” ва “Сафина” оқои Холов узви Ҳизби наҳзати исломӣ аз соли 1991 муъаррифӣ шуд.
Дар баёнияи ҲНИТ омадааст: “Ниҳодҳои қудратӣ борҳо кӯшиш ба харҷ додаанд, то якчунин афроди палиду касифро ҳамчун узви ҲНИТ муъаррифӣ намуда, тариқи расонаҳои давлатӣ ба намоиш гузоранд ва ба ин васила мехоҳанд ҲНИТ-ро бадном сохта, ба ҳайсияту обрӯи он латма ворид намоянд.”
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломиии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 10 феврал ба Би-би-сӣ гуфт, дар ҷараёни ҳаводиси водии Рашт дар тобистони соли 2010 низ мақомоти ниҳодҳои амнияту интизомии ин кишвар 56 нафар узви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро аъзои ҲНИТ хонда буданд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, бахусус, шаҳри Исфара дар шимоли Тоҷикистон, ниҳодҳои қудратии ин кишвар афродеро, ки ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрав боздошт шуда буданд, ба Ҳизби наҳзати исломӣ нисбат додаанд.
Ӯ гуфт, ҲНИТ бо ироаъи асноду далоили маҳкам ин гуна иддаъои мақомоти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистонро рад карда буд.
Масъулони ҲНИТ дар баёнияи ахири худ ин гуна иддаъоҳои “мақомоти ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ, ниҳодҳои интизомию амниятӣ”-ро ба моддаҳои 14, 27, 28 ва 29-и Қонуни асосӣ ва моддаҳои 10 ва 15-и Қонуни “Аҳзоби сиёсӣ”-и Тоҷикистон муғойир арзёбӣ кардаанд.
ҲНИТ ин гуна “иқдоми ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти иҷроия ва интизомӣ”-ро қотеъона маҳкум карда ва аз давлати Тоҷикистон хостори риояти қавонину асноди меъёрию ҳуқуқии ин кишвар шудааст.
