Бозпурсии як мақоми ҲНИТ дар идораи пулис

  • 10 Феврал, 2014
ҲНИТImage copyrightBBC World Service
Image caption Як мақоми ҲНИТ дар идораи пулис мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст

Сайдмурод Назиров, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе даъват шуда ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.

Оқои Назиров, ки рӯзи душанбеи 10 феврал, бо Би-би-сӣ сӯҳбат мекард, гуфт, Мирзошариф Муслимов, корманди ин ниҳод аз ӯ дар бораи таҳсилоташ дар Эрон, аз ҷумла, имкони омӯзиши низомӣ дар ин кишвар суол кардааст.

Ӯ гуфт, ки дар соли 1995 ба хотири омӯзиш дар мадориси мазҳабӣ ба Эрон рафта, аммо натавонистааст ба ин мадорис шомил шавад ва пас аз 4 моҳ аз ин кишвар ба Афғонистон, ба урдугоҳ ё кампи фарориёни тоҷик баргаштааст.

Сайдмурод Назиров, сокини рустои Навободи ноҳияи Ваҳдат, воқеъ дар ҳумаи шаҳри Душанбе, аз соли 1992 узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда ва ҳоло узвияти Раёсати олии ҲНИТ-ро касб кардааст.

Оқои Назиров гуфт, ки дар замони нооромиҳо дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 дар суфуфи нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони пешин дар набардҳо алайҳи нерӯҳои давлати Тоҷикистон ширкат накардааст.

Вале бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҲНИТ дар соли 1992 ғайриқонунӣ эълом шуда ва фаъъолияташ дар Тоҷикистон мутаваққиф гардид, ӯ дар соли 1997 ба феҳристи афроди ин ҳизб барои афви умум шомил шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Сайдмурод Назиров, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, бозпурсии ӯ дар Идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи шаҳри Душанбе поён наёфта ва бозҷӯи ин ниҳод гуфтааст, ки дар сурати зарурӣ ӯ ба ин идора дубора даъват хоҳад шуд.

Масъулони дафтари матбуъоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар мавриди даъват ва бозҷӯйии ин мақоми ҲНИТ дар Идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи шаҳри Душанбе ибрози беиттилоъӣ карданд.

Зимнан, ду рӯзе қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни як баёния ҳодисаи узви ҲНИТ эълом шудани як марди “зинокор”-ро маҳкум кард.

Шаби 7 феврали соли ҷорӣ дар барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизиюни давлатии “Аввал” ва “Сафина” Маҳмадулло Холов, сокини маҳаллаи Гузари Эшони шаҳри Исфара, дар шимоли Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ба номуси ду духтарандари худ таҷовуз кардааст, узви Ҳизби наҳзати исломӣ аз соли 1991 муъаррифӣ шуд.

Дар баёнияи ҲНИТ омадааст: “Ниҳодҳои қудратӣ борҳо кӯшиш ба харҷ додаанд, то якчунин афроди палиду касифро ҳамчун узви ҲНИТ муъаррифӣ намуда, тариқи расонаҳои давлатӣ ба намоиш гузоранд ва ба ин васила мехоҳанд ҲНИТ-ро бадном сохта, ба ҳайсияту обрӯи он латма ворид намоянд.”

Масъулони ҲНИТ дар баёнияи ахири худ ин гуна иддаъоҳои бепояи “мақомоти ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ, ниҳодҳои интизомию амниятӣ”-ро ба моддаҳои 14, 27, 28 ва 29-и Қонуни асосӣ ва моддаҳои 10 ва 15-и Қонуни “Аҳзоби сиёсӣ”-и Тоҷикистон муғойир арзёбӣ кардаанд.

Зимнан, дар соли гузашта дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон шабакаҳои телевизиюни давлатии ин кишвар силсилаи гузоришҳои интиқодиро алайҳи ҲНИТ ё ба истилоҳ “антинаҳзатӣ”-ро пахш карда буд.

Матолиби муртабит