Раиси Шӯрои адлия: “алайҳи 5 қозӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”

  • 13 Январ, 2014
Зафар Азизов
Image caption Зафар Азизов аз умрбод кардани мӯҳлати фаъъолияти қуззоти Тоҷикистон изҳори назар кард

Дар соли гузашта дар Тоҷикистон 4 нафар қозии додгоҳҳо аз симматҳои худ барканор шуда ва 46 нафари дигар ба кори дигар гузаронида шудаанд.

Ин арқомро Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 13 январ дар як нишасти матбӯъотӣ дар Душанбе эълом кард.

Вай ҳамзамон хабар дод, ки дар соли гузашта барои бори нахуст дар чанд соли ахир алайҳи 5 нафар қозӣ ба иттиҳоми фасод парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, ин қуззот дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, навоҳии Ваҳдат, Бобоҷон Ғафуров ва Нуробод ифои вазифа мекарданд.

Оқои Азизов ҳамчунин хабар дод, ки дар соли 2013 46 нафар қозии додгоҳҳо ба симмати дигар гузоронида шуда ва 30 нафар барои бори нахуст ба иҷрои вазифаи қозӣ истихдом шудаанд.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Азизов, қуззоти кишвар пайваста ба давраҳои бозомӯзӣ ҷалб мешаванд ва Шӯрои назоратии қуззот дар қиболи 25 нафар қозӣ ба натиҷа расидааст, ки онҳо аз ӯҳдаи салоҳияти худ намебароянд ва ба 11 нафар қозӣ муҷозоти интизомӣ таъйин кардааст.

Ба гуфтаи вай, ҳоло давлати Тоҷикистон ислоҳот дар заминаи фаъъолияти қузоти кишварро баррасӣ мекунад ва пешниҳодҳое вуҷуд доранд, ки замони фаъъолияти қуззоти Тоҷикистон умрбод пешбинӣ шавад. Ҳоло атбоъи кишвар ҳаққ доранд танҳо то 75-солагӣ дар ин симмат хидмат кунанд.

Ин масъули Шӯрои адлияи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки дар соли гузашта дар додгоҳҳои кишвар 752 парвандаи фасодкорӣ муҳокима шудааст, ки дар муқоъиса бо як соли пеш 200 парванда бештар будааст.

Ба гуфтаи вай, маъмулан дар Тоҷикистон ҷароими вобаста ба сарпечӣ аз пардохти молиёт, сӯйистифода аз мақоми хидматӣ ва иҷро накардани таъаҳҳудоти қарордодӣ мушоҳида шудаанд.

Ҳамзамон Зафар Азизов зимни ироъаи арқоми оморӣ гуфт, ки дар соли 2013 додгоҳҳои Тоҷикистон зимни муҳокимаи 7 парванда алайҳи 12 нафар ҳукми табраъа ё ба истилоҳ “сафед” содир кардаанд, ки дар муқоъиса бо соли қаблӣ ду нафар камтар будааст.

Бо ин вуҷуд, оқои Азизов изҳор дошт, ки қуззоти Тоҷикистон дар фаъъолияти худ озод ҳастанд ва мавориди “ҳукмҳои суфоришӣ ё ба истилоҳ сиёсӣ” вуҷуд надоранд.

Зафар Азизов ин матлабро дар посух ба суолоти хабарнигорон дар робита ба ҳукми додгоҳ алайҳи Зайд Саидов, вазири пешини саноъеи Тоҷикистон матраҳ кард ва гуфт, ки агар вукалоъи мудофеъи оқои Саидов “аз ин ҳукм розӣ набошанд” ба додгоҳи истинофӣ муроҷиъат кунанд.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки ба ҳамкорӣ бо расонаҳои гурӯҳӣ алоқаманд аст, вале натавонист бигӯяд, ки чаро наворбардори хабаргузории “Озодагон” зимни адои фаъъолияти хидматии худ дар толори додгоҳ ҳабс ва муҷозот шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон тӯли солҳои ахир расонаҳо дар бораи адами мустақилият дар фаъъолияти қуззот ва ҳукмҳои “беадолатона”-и додгоҳҳо матолиби зиёде мунташир мекунанд.

Шояд ба ин далел аст, ки Президент Раҳмон дар як соли ахир дар бораи зарурати ислоҳоти ҷиддӣ дар ин бахши ҳаёти ҷомеъаи Тоҷикистон изҳори назар мекунад.

Матолиби муртабит